Душанбе. 5-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Вазорати кишоварзии ҶТ як комиссияи вижае таъсис дод, ки рӯзи 6-уми май баҳри ошкор сохтани таъсири боронҳои пайдарпай ба бахши кишоварзӣ ба минтақаҳои ҷумҳурӣ сафар хоҳад кард.

Сардори шӯъбаи зироати техникӣ ва ғалллакории вазорат Муҳаммадӣ Ормонов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки масъалаи мазкур чанде қабл мавриди муҳокимаи мақомоти раҳбарии вазорат қарор гирифта, чунин хулосабарорӣ шудааст, ки боронҳои шадиди тӯлонӣ ба пӯсидани решаи зироатҳои киштшуда боис шуда метавонанд. «Чунин ташвишҳо ҷой доранд, вале мо дақиқан гуфта наметавонем, ки вазъ дар кадом ҳолат аст, аз ин рӯ, тасмим гирифтем, ки бевосита дар сари замин аз вазъ воқиф гардем», - гуфт ӯ.

М.Ормонов афзуд, обуҳавои номусоид ба кишоварзон имкон намедиҳад, ки киштукорро саривақт анҷом диҳанд.