Душанбе. 4-уми май - Минбаъд шаҳрвандон имкон доранд, ки дар мошинбозори пойтахт мошинҳои нави сабукрави то як сол истифодагардидаро р ӯ зҳои пан ҷ шанбе ва ҷ умъа савдо намоянд. Чунин тарҳи нави савдои мошинҳо 4 май дар ҷ аласаи мақомоти и ҷ роияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷ ониби Раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев муқарар гардид.

              Р ӯ зи душанбе дар мошинбозори пойтахт р ӯ зи санитар ӣ эълон шуда, шаҳрвандон имкон доранд, ки барои хариду фур ӯ ши мошинҳои боркаш ва механизмҳои сохтмонию роҳсоз ӣ дар р ӯ зи сешанбе ба бозор ташриф оранд. Дар р ӯ зи чоршанбе бошад дар мошинбозори Душанбе танҳо автобусу микроавтобус ва дигар нақлиёти мусофирбар савдо карда мешаванд. Р ӯ зҳои шанбею якшанбе савдои воситаҳои нақлиёти сабукрави аз як сол зиёд истифодагардида ба роҳ монда мешавад.

Ин иқдом ҷ иҳати ба эътидол овардани фаъолияти мошинбозор, ба низом даровардани тартиботи ҷ амъият ӣ , кам кардани анб ӯ ҳи зиёди мошинҳо, таъмини ҳолати санитариву бехатар ӣ , хусусан рафъ сохтани ҳамагуна ҳолатҳое, ки боиси сар задании с ӯ хтор шуда метавонанд, андешида шудааст.

           Дар робита муовини Раиси шаҳри Душанбе А. Шералиев ва сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳр Ф. Саидов вазифадор гардиданд, ки бо ташкили корҳои фаҳмондадиҳ ӣ ҷ иҳати и ҷ рои муқаррароти мазкур тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

         Инчунин, дар ҷ аласа масъалаи интихоби қитъаи замин, корҳои лоиҳакашиву бунёди мошинбозори замонав ӣ дар пойтахт баррас ӣ шуд. Дар ин бора АМИт «Ховар» бо такя ба сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар медиҳад.