Кӯлоб. 4-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - То 4-уми майи соли ҷорӣ дар 5 ноҳияи пахтакори минтақаи Кӯлоб дар майдони 24 ҳазор гектар кишти чигит гузаронида шуд, ки 71 дарсади нақшаи умумиро ташкил медиҳад.

            Чӣ тавре сармутахассиси раёсати кишоварзии минтақа Абдулло Раҷабов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, боронҳои пайдарпай ба деҳқонон имкон намедиҳанд, ки кишти чигитро пурра ба анҷом расонанд ва танҳо дар ноҳияи Фархор ба кишти 87 дарсади майдони кишт муваффақ гардидаанд.

            А.Раҷабов изҳор дошт, бинобар номусоидии обуҳаво лозим меояд, ки дар 344 гектар кишти такрории чигит гузаронида шавад.