Душанбе. 4-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - То 1-уми май нақшаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ ба миқдори 88 дарсад иҷро шуд.
Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» гуфт, нақшаи даъвати баҳорӣ дар ВМКБ ба андозаи – 86, вилояти Хатлон – 94, вилояти Суғд – 87 ва ноҳияҳои тобеи марказ – 75 дарсад ба иҷро расидааст.
Ба гуфтаи ӯ, дар шаҳрҳои Норак, Кӯлоб, Табошар, Конибодом, Панҷакент, Сарбанд ва ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон, Мурғоб, Роштқалъа, Зафаробод, Шаҳристон, Варзоб, Тавилдара, Тоҷикобод, Шӯрообод, Панҷ, Данғара, Балҷувон, Фархор, Ховалинг ва Носири Хисрав нақшаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро шудааст.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста