Душанбе. 2-юми май. ОИ «Азия-Плюс» - Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтитоҳи намояндагии ҶСК «Росселхозбанк» дар шаҳри Душанбе иҷозатнома дод. Рӯзи 27-уми апрели соли ҷорӣ аз ҷониби Раёсати БМТ дар ин хусус қарор қабул карда шуд.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти БМТ, ифтитоҳи намояндагии бонки мазкур баҳри мусоидат ба рушди бахши кишоварзӣ, татбиқи муваффақонаи Барномаи давлатии танзими бозорҳои маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хом ва маводи ғизоӣ барои солҳои 2008-2012 ва густариши фаъолияти байнибонкии муассисаҳои молиявии Тоҷикистону Русия нигаронида шудааст.