Душанбе. 30-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - «Дар То ҷ икистон 24 намояндагии васоити ахбори умуми кишварҳои хори ҷ ӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо ҳудуди 100 нафар рӯзноманигорон машғули коранд», - гуфт дар маросими ифтитоҳи намояндагии оҷонсии иттилоотии эронии «Форс» дар Душанбе роҳбари департаменти иттилооти вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев.

Ба гуфтаи Д.Назриев, қабл аз ифтитоҳи оҷонсии «Форс» дар Тоҷикистон се намояндагии васоити ахбори умумии Эрон фаъолият дошт. «Оҷонсии «Форс» бори нахуст намояндагии худро дар интақаи Осиёи Марказӣ ифтитоҳ мекунад ва ин бозгӯи муносибати неки ҳамкориҳои пурсамари Тоҷикистону Эрон аст», - афзуд Д.Назриев.