Душанбе. 30-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Нимаи дуввуми дирӯз дар бозор   пули нақд қурби хариду фурӯши доллари ИМА аз 4,25 то 4,15 сомонӣ поин рафт.

Тибқи маълумоти БМТ, поинравии қурби доллар ба оғози амалиёти фурӯши асъори хориҷӣ аз ҷониби БМТ, дигар бонкҳо ва муассисаҳои қарздиҳӣ вобаста аст.

Ба иттилои манбаъ, оғози амалиёт талабот ба асъори хориҷиро коҳиш дода, ба поинравии қурби хариду фурӯши доллари ИМА мусоидат кард.