Душанбе. 29-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар Тоҷикистон намояндагии нахустини ОИ «Форс»-и Эрон дар хориҷи кишвар ифтитоҳ мегардад. Чанде қабл барои иштирок дар маросими ифтитоҳи намояндагӣ сарвари кулли оҷонсӣ Ризо Муқаддамфар ба шаҳри Душанбе омад.
Намояндаи минтақавии ОИ «Форс» дар минтақаи Осиёи Марказӣ Муҳаммад Сиддиқфар дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, оҷонсӣ пуле хоҳад гардид баҳри муттаҳидсозии кишварҳои дорои решаҳои умумии таърихӣ ва фарҳангии минтақа. Ӯ қайд кард, ки минбаъд оҷонсӣ намояндагиҳои худро дар кишварҳои дигари минтақа, Афғонистон, Покистон ва Ҳиндустон низ боз карданист.
Номбурда гуфт, намояндагии оҷонсии иттилоотӣ дар Тоҷикистон нахустин дар хориҷи кишвар буда, самти асосии фаъолияти он ба ҳамгиройии кишварҳои минтақа дар бахшҳои иттилоотӣ, илмӣ ва иқтисодӣ равона хоҳад гардид.
М.Сиддиқфар бар ин назар аст, ки тавассути тақвияти омилҳое чун зудрасӣ, саҳеҳият, дақиқӣ ва саривақт будани иттилоот оҷонсӣ кӯшишҳои монополия кардани фазои иттилоотӣ дар минтақа ва таҳрифи воқеъият аз ҷониби ВАО-и ғарбиро пешгирӣ хоҳад кард.
Зикр гардид, ки рӯзноманигорони тоҷик низ ба ҳамкорӣ бо оҷонсӣ ҷалб карда хоҳанд шуд.



Муҷтабо Хоманаӣ – писари Алии Хоманаӣ роҳбари нави Эрон интихоб шудааст
Ҳамла ба анборҳои нафту полоишгоҳҳо. Охирин хабарҳо аз Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна
“Азия-Плюс” занону духтарони Душанберо ба Рӯзи модар табрик кард. Иқдоми “Модарони Душанбе” чӣ гуна гузашт?
Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2026
Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
"Moody’s" мавқеи соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро як зина беҳтар арзёбӣ кардааст
Бордорконии "ЭКО" дар Ислом – иҷоза аст ё мамнӯъ? Муфтии Тоҷикистон посух дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста