Душанбе. 28-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Ҳизби демократи Тоҷикистон барои журналистони тоҷик мукофотҳои «Барои дифоъ аз манфиати миллӣ»-и ба номи Тоҳири Абдуҷаббор, «Барои ҷасорати журналистӣ»- ба номи Аслиддини Соҳибназар, «Барои журналистикаи муосир»-и ба номи Имомназари Холиқназар ва «Барои мавқеъи шаҳрвандӣ»-и ба номи Ҷумъабой Ниёзовро таъсис дод.
Тавре муовини раиси ҳизб Раҳматулло Валиев дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, иқдоми мазкур баҳри воқеъбинона арзёбӣ кардани саҳми шахситяҳои мазкур дар роҳандозии равандҳои демократӣ дар кишвар ва абабдӣ гардонидани хотираи онҳо амалӣ мегардад. «Шартҳои озмун чунинанд, ки аъзои комиссия аз ҳисоби Шӯрои сиёсии ҳизб мустақилона ғолибонро муайян мекунад, яъне журналистонро зарур нест, ки маводи худро пешниҳод намоянд», - гуфт ӯ.
Номбурда аз ифшои ҳаҷми маблағи пулии мукофот худдорӣ карда гуфт, он дар маросоми супурдани мукофотҳо, ки 3-уми май - Рӯзи байнулмилалии озодии сухан баргузор мешавад, маълум хоҳад шуд.



Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 марти соли 2026
Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!
“Инсоф нест, роҳкироро то 200 сомонӣ кардаанд”. Нигаронии сокинон аз гаронии нархи роҳкиро дар арафаи Иди Рамазон
Аз тасдиқи кушта шудани вазири истихбороти Эрон то ҳамлаҳо ба таъсисоти нафтии Қатар, Арабистон ва Иморот
Аз “Хоби сурх”-у “Автобус” то “Муҷассамаи ишқ”. Дар “Тоҷикфилм ТВ” кадом филмҳоро метавон тамошо кард?
Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд
Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон
Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе - Хуҷанд баланд шудааст?
Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 50
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста