Душанбе. 28-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - «Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) ба ҳукумат пешниҳод сохт, ки тарзи фаъолияти корхонаро тағйир доданист ва ният дорад, аз истифодаи низоми толлингӣ даст кашад, аммо ҳукумат муқобили он аст», - изҳор дошт дар ҷамъи рӯзноманигорон муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Амонулло Ашӯр.

            Муовини аввали вазир гуфт, дар сурати даст кашидан аз низоми мазкур, ҳаҷми воридоти гилхок коҳиш ёфта, истеҳсоли алюминии аввалия метавонад то 260-300 ҳазор тонна поин равад. «Чун истеҳсоли алюминий 3,8 дарсади ММД ва 38-40 дарсади ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатии кишварро ташкил медиҳад, ҳукумат ин пешниҳодро пазируфта наметавонад», - гуфт ӯ.

            Ба гуфтаи А.Ашӯр, ҳукумат дар андешаи бознигарии тарофаҳои интиқоли гилхок ва ҷалби сармоягузорӣ ба истеҳсоли моддаҳои дар таркиби гилхок мавҷудбуда машғул аст. «Мо дар водиҳои Рашту Ҳисор ва Зарафшон беш аз 100 ҳазор тонна захираҳои гилхок дорем», - бо боварӣ мегӯяд ӯ.

            Амонулло Ашӯр таъкид сохт, ки мебояд сари масъалаи таъмини истеҳсолкунандагони ватанӣ бо ашёи хоми алюминий чораҳои ҷиддӣ андешид, зеро дар кишвар аз маҳсулоти алюминий беш аз 13 корхона истифода мебаранд ва феълан бар асари камбуди ашё корхонаҳои «Регаркабел», Тоҷиккабел», «Чароғ» ва ҳудуди 5 корхона дар вилояти Суғд аз фаъолият бозмондаанд.

            Муовини аввали вазир афзуд, рӯзҳои наздик вазорат ҷиҳати дастгирӣ аз мавқеихуд ба ҳукумати кишвар пешниҳодот ирсол хоҳад дошт.