Хуҷанд. 27-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Дар шаҳри Хуҷанд баъди таваққуфи сесола корхонаи истеҳсоли шими ҷинси «Сано» дубора ба фаъолият шурӯъ кард.
Тавре сардори шӯъбаи истеҳсолоти корхона Далер Боев дар сӯҳбат ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ба туфайли фармоиши корхонаи «Швейпром»-и Русия муяссар шудааст, ки корхона аз нав ба фаъолият пардозад. «Тибқи ин фармоиш, корхона то ахири сол бо кор таъмин хоҳад буд», - гуфт ӯ.
Ба қавли Д.Боев, феълан дар корхона 50 нафар машғули кор буда, тадриҷан бо ба кор даровардани хатҳои дигари истеҳсолӣ шумори онҳо бештар хоҳад шуд. «То моҳи оянда боз 50 нафари дигар бо ҷойи корӣ таъмин карда мешаванд», - афзуд вай.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста