Нархи гӯшт дар Тоҷикистон бо сабаби гаронии хӯроки чорво ва дастнорас будани заминҳои чарогоҳ барои чорводорон боло меравад.
Ҳамасола бо фарорасии моҳи Рамазон мардум ба масъалаи қиматшавии гӯшт дар бозорҳо таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Соли равон нархи як кило гӯшт то 45-50 сомонӣ боло рафт. Бо 40 сомонӣ акнун метавон гӯшти пастсифатро харидорӣ намуд.
Фурӯшандагон мегӯянд, нархҳо барои он боло мераванд, ки дар моҳи Рамазон талабот ба гӯшт зиёд шуда, он камёфту серхаридор мешавад.
Мутахассисон бошанд, бар ин назаранд, ки ба арзиши гӯшт муносибатҳо миёни соҳибони чарогоҳҳо ва чорводорон таъсир мерасонад.
Шахсоне, ки дар хонаашон чорво парвариш мекунанд, аз он шикоят доранд, ки ба чарогоҳҳо дастрасӣ надошта, барои чаронидани молҳояшон дар чарогоҳҳо моликони он пули калон талаб мекунанд.
Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, ҳамаи заминҳои чарогоҳи Тоҷикистон 3,8 млн. гектарро ташкил дода, беш аз 70%-и қаламрави он дар дасти хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва фермерӣ қарор дорад. Онҳо асосан бо роҳи ба иҷора додани чарогоҳҳо даромад мегиранд.
“Бозори гӯшти Тоҷикистон чандон қобили таваҷҷуҳ нест, зеро ба он маблағгузории зиёд лозим буда, то худкифоягӣ расидани тиҷорат дар чорводорӣ на камтар аз 10 сол вақт зарур аст, лекин агар замини худро надошта бошед, ин соҳа барои сармоягузор ба сурати умум зиёновар хоҳад буд, - чунин мешуморад фермер Турғун Обидов. - Аз ин рӯ, барои моликони чарогоҳҳои қаламравашон бузург аз машғул шудан ба чорводорӣ, иҷора додани он бештар фоидаовартар аст”.
Дар Тоҷикистон ба истеҳсоли гӯшт асосан дар хонаводаҳо машғуланд. Тибқи маълумоти ахири Агентии омор, беш аз 93% чорвои калони шохдор ва 82% чорвои майда дар бахши хусусӣ парваришу нигаҳдорӣ мешавад.
Аз 261 ҳазор тонна гӯшти истеҳсолшуда соли 2018 дар Тоҷикистон 247 ҳазор тоннааш ба ҳиссаи бахши хусусӣ рост меояд.
“Дар шароити ба чарогоҳҳо соҳиб будани якеву чорво дар дасти дигаре, арзиши нигаҳдориву парвариши чорво бамаротиб боло меравад. Гузашта аз ин, соҳибони чарогоҳҳо ҳамасола нархи иҷораи чарогоҳҳоро зиёд мекунанд”, - мегӯяд Обидов.
Ғайр аз ин, ба гуфтаи истеҳсолкунандагони гӯшт, ҳамаи заминҳои барои парвариши хӯроки чорво пешбинишуда низ дар ихтиёри хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва фермерӣ мебошанд.
Онҳо ба чорводорӣ машғул нашуда, аз ин рӯ, хӯроки чорво парвариш намекунанд ва Тоҷикистон онро аз хориҷи кишвар ворид мекунад. Ҳамаи ин ба арзиши аслии гӯшт таъсир мерасонад, чунки нигаҳдориву парвариши чорво дигар фоидаовар нашуда, баръакс зиён мерасад, мегӯянд онҳо.
Аҳолии машғул ба нигаҳдориву парвариши чорво маҷбуранд маҳсулоташонро гарон фурӯшанд, вагарна машғулият ба ин кор даромад нахоҳад овард.
“Давлат бо тадбирҳои маъмурӣ барои дар як сатҳ нигаҳдории нархҳо ба маҳсулоти чорводорӣ талош варзида, лекин аз қонунҳои бозор ҷой гурез нест, - мегӯяд коршинос, зоотехник Абдулло Дӯстматов.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.