Дар ноҳияи Приозерски вилояти Ленинград ҷасади як шаҳрванди Тоҷикистон дарёфт шудааст.

Бино ба иттилои хабаргузории Озодагон бо такя ба торнамои 47news, ҷасад аз дохили як селофани полиэтиленӣ аз наздикии рустои Варшко дарёфт шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ташхис нишон додаааст, ки ин шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон аз зарби тир бар сараш ҷон додааст.

Дар куштори ӯ роҳбараш, шаҳрванди Русия, ки ба ҳайси муҳандис кор мекардааст, гумонбар мешавад. Корфармои 53-сола иқрор кардааст, ки аз муҳоҷири марҳум ҳудуди 400 ҳазор рубл маош қарздор будааст ва зимни баҳс ӯро парондаст.

Расонаҳо ному насаби мақтулро ифшо накардаанд, аммо гуфта мешавад, ӯ солҳои 2011-2013 дар сафи қушунҳои дохилии Тоҷикистон хидмат кардааст.