Аз 24 то 29-ми октябр дар шаҳри Душанбе Ҷашнвораи ҳафтуми байналмилалии театрҳои лӯхтак “Чодари хаёл” баргузор мешавад. Дар он театрҳои касбии лӯхтак аз кишварҳои ИДМ ва лӯхтакбозони кишварҳои дурдаст иштирок мекунанд. Дар ин бора аз Театри давлатии «Лӯхтак»-и Душанбе ба «Азия-Плюс» хабар доданд.
Ҳадафи аслии ин ҷашнвора таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи лӯхтакҳои театрӣ, эҳё ва рушди театри суннатии лӯхтаки тоҷик ва баланд бардоштани тарбияи эстетикии насли наврас мебошад.
Тамошобинон метавонанд намоишномаҳои театрҳои Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Эронро бубинанд. Ғайр аз ин, донишҷӯёни шуъбаи лӯхтаки Институти давлатии маданияти Туркманистон (Ашқобод) бори аввал дар ҷашнвораи “Чодари хаёл” ҳунарнамоӣ мекунанд.
Тоҷикистонро дар ин ҷашнвора театри “Лӯхтак”-и пойтахт, театри лӯхтаки шаҳри Бӯстон ва театри лӯхтаки “Афсона”-и шаҳри Бохтар намояндагӣ мекунанд.
Театри “Лӯхтак” намоишномаи “Маликаи маккор”-ро, ки муаллифи он Ҳотам Салимов ва коргардонаш Зафар Ҷаводов мебошанд, намоиш медиҳад.
Театри “Бӯстон” намоишномаи “Ҳинди тиллоӣ”-ро ба забони русӣ ва театри лӯхтаки ба номи Афсона “Хари маккор”-ро ба забони помирӣ намоиш медиҳанд.
Ёдовар мешавем, бо ибтикори Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва дастгирии ҳукумат аз соли 2007 инҷониб Театри давлатии лӯхтак аллакай 6 ҷашнвораи байналмилалӣ баргузор кардааст.