Мақомоти Русия “рӯйхати шахсони таҳти назорат”-ро ба ВКД ва Вазорати меҳнати Тоҷикистон пешниҳод намуданд. Дар ин рӯйхат номи афроде зикр шудааст, ки дар соҳаи муҳоҷират қонуншиканӣ кардаанд ва мутаносибан, бояд қаламрави Русияро тарк кунанд. Айни замон дар ин рӯйхат ному насаби зиёда аз 120 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон зикр шудааст.

Ба саволҳои маъмулу рӯзмарра дар ин бора посух медиҳем.

Барои чӣ ин рӯйхат тартиб дода шуд?

Аз 5 феврали соли 2025 системаи нави ихроҷ мавриди амал қарор гирифта, шахсонеро, ки дар соҳаи муҳоҷират ба қонуншиканӣ даст задаанд, бозпас ба ватан мефиристанд. Дар бораи низоми нави ихроҷ мо дар ин мавод маълумот дода будем.

Ин рӯйхати таҳияшуда ба мардум барои пешакӣ шинос шудан бо қонуншиканиҳои худ, истифодаи вақт барои ислоҳи онҳо ё ихтиёрӣ тарк кардани қаламрави кишвар имкон медиҳад.

Агар ман ягон қонуншиканӣ содир накарда бошам-чӣ?

Агар шумо дар бахши муҳоҷират қонуншиканӣ содир накарда бошед, пас ҳеҷ ҷойи ташвишу нигаронӣ нест. Аммо ба ҳар ҳол, метавонед рӯйхатро санҷед, шояд номи шумо тасодуфӣ ё хато он ҷо афтода бошад. Дар ин ҳолат он метавонад аз рӯйхат гирифта шавад.

Чӣ хел фаҳмидан мумкин аст, ки оё ман дар рӯйхат ҳастам ё не?

Ҷустуҷӯи ному насаб байни ҳазорон нафар хеле душвор ва тӯлонӣ аст. Аз ин рӯ, барои санҷиши тези номи худ дар “рӯйхати шахсони таҳти назорат”-и ВКД Русия”Азия-Плюс” Telegram-боти қулайи @apnamecheck_bot-ро роҳандозӣ намуд.

Барои имкон пайдо кардан ҷиҳати истифода аз бот ба яке аз Telegram-каналҳои мо: Asia-Plus TJ бо забони тоҷикӣ ё Asia-Plus бо забони русӣ обуна шудан лозим аст.

Баъди обуна ба яке аз каналҳо ба чат бо бот баргашта, санаи таваллуди худро дар шакли рӯз, моҳ ва сол (30.10.1965) ворид намоед. Бот ба таври худкор (автоматӣ) маълумот дар бораи шуморо санҷида, бобати дар рӯйхат будан ё набудани номи шумо хабар медиҳад.

Боз чӣ хел фаҳмидан мумкин аст, ки ман дар рӯйхат ҳастам ё не.

Рӯйхат дар сомонаҳои Вазорати меҳнат, Хадамоти муҳоҷират ва ВКД Тоҷикистон дастрас аст. Дарёфти маълумоти иловагӣ дар сурати тамос гирифтан бо мақомоти мазкур тариқи телефонҳои зерин имконпазир аст:       

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ: 250-32-40, 250-32-09, 250-32-42

Хадамоти муҳоҷират: 225-05-95, 225-05-89, 225-05-77

ВКД: 227-86-31, 221-98-12, 93 876 26 26, 93 922 06 84.

Ман номамро дар рӯйхат ёфтам! Бояд чӣ кор кунам?

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки номашон дар рӯйхат зикр шудааст, дастурамал таҳия намуд. Нақшаи амал тариқи зайл аст:

1. То 5 феврали соли 2025 шумо бояд ба мақомоти муҳоҷирати Русия барои қонунӣ ба қайд гирифтан муроҷиат намоед ё қаламрави кишварро тарк кунед.

2. Агар дар муҳлати зикршуда шумо худро ба қайд нагузоред ё ихтиёрӣ қаламрави Русияро тарк накунед, шуморо ихроҷ мекунанд ё шумо муваққатан ҳуқуқи вуруд ба Русияро аз даст медиҳед.

Сурат: АР/Иван Секретарев

Ман аллакай аз Русия рафтаам, лекин номам ҳоло ҳам дар рӯйхат ҳаст.Чизе намешавад?

Не, агар шумо аз Русия рафта бошед, номи шуморо бояд аз рӯйхат хориҷ кунанд. Зеро дар ин рӯйхат бояд танҳо шахсоне бошанд, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия ҳузур доранд.

Дар ин ҳолат шумо метавонед нусхаи шиносномаи хориҷиро бо зикри гузаштани сарҳад ба мақомоти муҳоҷирати маҳалли зист дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пешниҳод намоед.

Беҳтараш ҳарчи зудтар ба ин масъала машғул шуда, ҳамаашро ба ҳоли худ нагузоред, вагарна агар шумо боз ба Русия рафтанӣ бошед, ҷиҳати вуруд ба Русия метавонад мушкилот пайдо шавад.

Ман ягон қонуншиканӣ накардаам ва қонунӣ кор мекунам. Бо вуҷуди ин, дар рӯйхат ҳастам!

Пас ин ҷо хато шудааст. Ҳатман ба мақомоти муҳоҷирати Русия муроҷиат намуда, талаб кунед, ки шуморо аз рӯйхат хориҷ кунанд.

Ман душаҳрвандӣ дорам, лекин бо вуҷуди ин, дар рӯйхат ҳастам.

Шумо набояд дар он ҷо бошед. Агар шумо ҳам шаҳрвандии Тоҷикистон ва ҳам Русияро дошта бошед, ҳатман нусхаи шиносномаро ба намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия пешниҳод кунед.

Агар саволҳо дошта бошам, ба киҳо метавонам занг занам?

Шаҳрвандоне, ки дар қаламрави Русия қарор доранд, метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия тавассути телефонҳои зерин муроҷиат намоянд:

1. Азимӣ Дилрабо Амирқул + 7 (495) 967-98-44 [email protected]

2. Вализода Назаралӣ Нуралӣ +7 (967) 271-02-02 [email protected]

3. Холназаров Ромиш Имомназарович +7 (929) 540-88-88 [email protected]

4. Зарифов Бахтиёр Тугайевич +7 (495) 967-98-44 [email protected]

5. Дӯстов Комрон Сайдаҳмадович +7 (988) 676-00-00 [email protected]

6. Амирхонзода Субҳон Баҳрон +7 (966) 031-22-22 [email protected]

7. Холов Довар Мирзоёрович +7 (936) 174-19-92 [email protected]

Минтақаи Урал ва Сибир. Юсуфалиев Баҳром Равшанхонович+7(929) 388-54-11 [email protected]

Минтақаи Приволжск. Қурбонализода Зафар Қурбоналӣ +7 (926) 311-52-53 [email protected]

Минтақаи шимолу ғарбӣ (Санкт-Петербург). Ҷонмаҳмадов Фурӯзон Фархудинович +7 (977) 963-25-69 [email protected]

Минтақаи ҷанубӣ (Краснодар). Мирзозода Хуршед Насриддин +7 (996) 120-77-77 [email protected]

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.