Муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз манбаъҳои даромад барои сокинони Тоҷикистон аст. Тибқи маълумоти расмӣ, ҳар сол тақрибан 500 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба хориҷи кишвар мераванд. Дар аксар ҳолат, ҳадафи асосии муҳоҷирони меҳнатӣ ҷамъ кардани пул барои хариди хона, мошин ё баргузории тӯй мебошад.
Ҳисоб кардем, ки як муҳоҷири меҳнатӣ чӣ қадар бояд кор кунад, то барои хариди хона дар Душанбе пул ҷамъ кунад.
Агар қаблан аксари тоҷикон бештар бар Русия ба кор мерафтанд, ҳоло "харитаи муҳоҷират"-и онҳо васеътар шудааст: имрӯз муҳоҷирони тоҷик дар кишварҳои Аврупо, Осиё ва Амрико низ кор мекунанд. Барои хариди хона бошад, муҳоҷири меҳнатӣ дар кишварҳои гуногун бояд аз 1 то 13 сол кор кунад.
Барои ҳисоб мо нархҳои миёнаи хонаҳои 1-ҳуҷрагӣ, 2-ҳуҷрагӣ ва 3-ҳуҷрагиро дар Душанбе ва даромади миёнаи муҳоҷирони меҳнатиро дар Русия, Англия, ИМА, Олмон, Туркия в Корея истифода бурдем. Андоз ва хароҷоти рӯзгор ба инобат гирифта нашудаанд.
Барои муайян кардани арзиши хона дар пойтахт аз сомонаи Somon.tj истифода бурдем. Ҳамин тавр, арзиши миёнаи 1-ҳуҷрагӣ наздики 52 ҳазор, 2-ҳуҷрагӣ - 82 ҳазор ва 3-ҳуҷрагӣ 99 ҳазор доллари ИМА ҳисоб шудааст.
Талаби ҳукумат аз муҳоҷирон: Нафақа мехоҳед, андоз супоред!
Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон
Боздошти кирокаше дар Душанбе баъди шикояти сайёҳи эронӣ
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 марти соли 2025
Нахустин ҷашни расмии Наврӯз дар Душанбе
Қадам ба қафо. Қатъи фаъолияти USAID ба бахши кишоварзии Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?
Наврӯз кай ва чӣ гуна пайдо шудааст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 марти соли 2025
Афви зиндониён. Имрӯз 697 нафари дигар аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуданд.
Як сол баъди ҳамла ба “Крокус”. Пайвандони 4 гумонбари асосӣ дар чӣ ҳоланд ва дар бораи фарзандонашон чӣ медонанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста