Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон сокинони кишварро огоҳ кард, ки аз 30 апрел то 2 майи соли ҷорӣ дар манотиқи ҷанубу ғарбӣ ва марказии вилояти Хатлон, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бинобар тағйирёбии обу ҳаво тӯфони чнгу ғубор пешгӯӣ мешавад.

КҲФ барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш ба аҳоли тавсия додааст, ки, бештар оби тоза нӯшанд,🪟 тирезаҳои хонаро пӯшанд,ҳавои дохили хонаро тоза нигоҳ доранд, бо латтаи нарму нам фарш ва тирезаҳоро пок кунанд,  беҳтар аст аз айнакҳои иртиботиро истифода накунанд. 

Ҳамчунин, КҲФ ба онҳое, ки гирифтори бемориҳои зиқ ва роҳи нафасанд, тавсия додааст, ки меъёри доруҳои истеъмолиро дар ин рӯзҳо коҳиш надиҳанд ва ҳамеша бо худ дастгоҳҳои нафасдиҳӣ дошта бошанд.

"Азия-Плюс" тасмим гирифт хотиррасон кунад, ки тӯфони гарду ғубор барои киҳо ва чӣ хел хатарнок асту чӣ гуна метавон худро аз он наҷот дод.

 

Барои киҳо хатарнок аст?

Тӯфони гарду ғубор як падидаи атмосферӣ дар шакли гузариши миқдори зиёди чанг (қисмҳои резаи хоку рег) тариқи шамол аз қишри болиии замин ба баландии якчанд метр мебошад, ки ба бад шудани ҳолати биноӣ ва нафаскашӣ боис мегардад.

Дар ҳамин ҳол, ба ҳаво хестан ва дар як вақт ба қаламрави бузург фурӯ нишастани чангу ғубор ба мушоҳида мерасад.

“Чунин обуҳаво барои шахсони ҳассос ва афроди дорои бемориии роҳҳои нафас, бахусус зиққи нафас хатарнок аст”, - изҳор дошт ба “Азия-Плюс” Тоҷилло Олимов, ассистенти кафедраи бемориҳои гӯш, гӯлу ва бинии Институти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ.

Ҳавои серчангу ғубор инчунин барои кӯдакону шахсони пиронсол ва афроде, ки аз бемориҳои дилу раг азият мекашанд, хатар эҷод мекунад.

Чунин ҳаво метавонад ба дарди сар, нафаскашии душвор ва ҳатто бозистодани нафаскашӣ боис гардида, илтиҳоби пӯсти луобии чашм, бинӣ ва гулӯро ба вуҷуд орад.

"Барои пешгирӣ, бояд гулӯ ва бинӣ бо маҳлули омехтаи намакҳо шуста шавад. Ҳангоми ба кӯча баромадан, истифодаи ниқоби докагӣ лозим аст. Ниқобро беҳтар аст, ки тар кунед", -маслиҳат медиҳад духтур..
Акс аз бойгонӣ
Сурат: Asia-Plus

 

Нафаскашии чангу ғубор чӣ хатарҳо дорад?

Чаро нафаскашӣ бо чангу ғубор хатарнок аст, чӣ тавр метавон системаи нафаскаширо муҳофизат кард ва чаро гарду ғубор метавонад ба бемории саратони шуш оварда расонад? Ба ин саволҳо Ҳотамҷон Мирзоев, табиби бемориҳои шуш (пулмонолог) посух гуфт.

 

- Чаро нафаскашӣ бо чангу ғубор хатарнок аст? Таркиби он аз кадом маводи зараровар иборат аст?

- Дар фазое, ки зиндагӣ дорем, чангу ғубор ҳамеша ҳасту онро мебинем ва эҳсос мекунем. Бахусус, дар фасли баҳору тирамоҳ.

Вақте, ки ҳаворо чангу ғубор фаро мегирад, одатан он аз 6 соат то якчанд рӯз давом мекунад ва шахси солим инро ба хубӣ ҳис мекунад.

Бар асари ин дар одамон аломатҳои атсазанӣ, хориши гӯлу, дарди сар ва нороҳатӣ пайдо мешавад.

Агар якчанд рӯз аз ҳавои ғуборолуд нафас гиред, бемориҳои системаи нафаскашӣ ногузир хоҳанд буд. Бемориҳои кӯҳна дар қисми бинӣ, гулӯ, нойчаҳои шуш, шушҳо ва ҳаасосият ё аллергия низ хуруҷ мекунад. Ҳамчунин тез-тез ҷараёнҳои илтиҳобӣ, дарди сар ва варами пӯсти луобии чашмҳо мушоҳида мешаванд.

Чангу ғубор метавонад ба як қатор бемориҳои бактериалӣ боис гардад. 

Акс аз бойгонӣ
Сурат: Asia-Plus

Барангезандаи шадид барои роҳҳои нафаскашии одамон қисми ғайриорганикии ғубор мебошад. Он пас аз решакан шудани маводҳои сунъӣ пайдо мешавад, ки онҳо аз элементҳои хатарнок ё моддаҳо таркиб ёфтаанд. Дар натиҷаи нафаскашии ин заррачаҳо реаксияи аллергия ба таркибҳои бегона тақвият меёбад. Вақте ки чунин аломатҳо аён мешаванд, бояд ба мутахассис муроҷиат кард.

Чангу ғубор аз моддаҳои кимиёвии зарарнок, моддаҳои токсикӣ, ҳуҷайраҳои хеле майдаи минералҳо, бофта, микробу занбурӯғ ва газҳои гуногун иборат аст.

 

- Кадом навъи чангу ғубор барои организми одам хатарнок аст?

-  Ҳама гуна чангу ғубор барои солимии мо зараровар аст. Он миқдори зиёди моддаҳои зарарнокро дар бар мегирад, ки ба хуруҷи аллергия, бемориҳои системаи нафаскашӣ, бемориҳои илтиҳобии гуногун сабаб мегардад.

Акс аз бойгонӣ
Сурат: Asia-Plus

Чангу ғубор кадом навъе набошад, метавонад ба бемориҳои гуногуни шуш оварда расонад.

 

Чӣ тавр бояд худро аз чангу ғубор муҳофизат кард?

- Чӣ гуна системаи нафаскашии худро метавон аз чангу ғубор муҳофизат кард?

- Пиёдагардиро камтар кунед. Дар вақти олудашавии ҳаво, беҳтар аст, ки бе зарурати шадид берун наравед.

Боэътимодтарин воситаҳои муҳофизатӣ барои узвҳои нафаскашии одамон респираторҳо (таҷҳизоти ҳифзи узвҳои нафас) ё ниқобҳо маҳсуб меёбанд.

Вақте тӯфони чангу ғубор меояд, дарҳои хона ва дафтари кориро пӯшида нигоҳ доред. Ҳатман хонаро тоза нигоҳ дошта, бо латтаи тар рӯбучин кунед, зеро ҳавои бино бояд тозаву салқин бошад.

Ҳангоми ба кӯча баромадан, ба ҷуз ниқоб, айнак ҳам пӯшед, то ки чашмҳо муҳофизат шаванд. Аз ҳама муҳимтараш бештар об нӯшидан аст.

 

- Ба кадом аломатҳо бештар таваҷҷуҳ кардан зарур аст?

- Аломатҳои аввалиндараҷаи аллергия аз чангу ғубор баъди 2–3 дақиқаи тамос бо барангезанда аён мешаванд. Дар ҳолатҳои истисноӣ, аломатҳои гирифторӣ дар давоми 2–5 соат баъд ба назар мерасанд.

Агар ин аломатҳо бо обравӣ аз бинӣ, атсазанӣ, сурх шудан ва илтиҳоби ду чашм ба вуҷуд оянд, ки то варам расанду ба рӯшноӣ нигаристан дардовар бошад, пас ба назди табиби бемориҳои шуш ё аллергия равед.

Таъкид кардан лозим аст, ки таъсири доимии ғубор ва бепарвоӣ метавонад ба бемориҳои ҷиддии нафаскашӣ, аллергия ва варами ҳалқу гулӯ (ларингит) боис гардад.

Чангу ғубор бештар ба одамони дорои беморҳои кӯҳнашудаи роҳҳои нафас, зиққи нафас ва бемориҳои кӯҳнашудаи аллергия таъсири манфӣ мерасонад.

Акс аз бойгонӣ
Сурат: Asia-Plus

 

Бе таъиноти табиб дору истеъмол накунед

- Чангу ғубор боз ба кадом бемориҳо боис мегардад?

- Чангу ғубор метавонад ба пайдоиши аллергия, астма, диабети қанд, бемориҳои пӯст, вайрон шудани шунавоӣ ва ҳатто менингит (илтиҳоби пардаҳои майна) мусоидат кунад. Таъсири доимии чангу ғубор ба вайрон шудани механизмҳои муҳофизатии роҳҳои нафас ва шуш боис мегардад.

- Дуруст аст, ки чангу ғубор метавонад ба бемории саратони шуш оварда расонад?

- Барои то саратони шуш оварда расонидан, онҳо ба организм бояд дар муддати тӯлонӣ таъсир расонанд.

Аммо баъзан чунин мешавад, ки чангу ғубор бахусус кварсӣ, ки ҳангоми майда кардани қум ва асбест ба вуҷуд меоянд, метавонанд ба бемориҳои механистикии шуш оварда расонанд. Дар шуш ва роҳҳои нафаскашӣ тағйироти бебозгашт сурат мегиранд ва ин метавонад бе бемории саратони шуш боис гардад.
Акс аз бойгонӣ
Сурат: Asia-Plus

 

- Дар сурати ҳассосият доштан ба чангу ғубор, кадом доруҳоро истеъмол кардан лозим аст?

- Пеш аз харидани доруворӣ, пешакӣ ба мутахассис муроҷиат намуда, ба худтабобатӣ машғул нашавед. Баъзан доруҳо метавонанд ба организми инсон таъсиси баръакс дошта бошанд. Бо мақсади ҳифзи солимии аҳолӣ, ман наметавонам номгӯйи доруҳо ва дигар воситаҳои зидди аллергияиро зикр кунам.

- Чӣ гуна ҳавои дохили хонаро метавон салқину намнок нигоҳ дошт?

- Чангу ғубор ба ҷисми инсон таъсир расонида, агар ба ҳифзи тозагии ҳаво таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир нашавад, бо гузашти вақт нафаскашии одам душвор мегардад. Ман аллакай дар бораи рӯбучину тозакуни хона бо латтаи тар ҳарф зада будам. Ҳавои хонаро салқин кунед, дар як рӯз 2-3 бор тирзезаҳоро кушода монед.

Гулу растаниҳои хонагӣ натанҳо ҳавои хонаро салқину намнок нигоҳ медоранд, балки ҳаворо тоза ва аз кислород ғанӣ мегардонанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.