Радио эфир
Имрӯз Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятӣ зидди шиканҷа дар Тоҷикистон дар толори конфронси «Маркази Вефа» як иқдомеро ба муносибати Рӯзи байнулмилалии ҳифзи қурбониёни шиканҷа баргузор намуд. Дар доираи иқдомот намоишгоҳ...
Сокини 81-солаи шаҳри Душанбе Ҳафиза Бобомуродова 10 сол инҷониб барои бозҳисоби дурусти нафақааш бо мақомоти давлатӣ баҳси додгоҳӣ мебарад.
Дӯстони азиз, рӯзи 12 июн Сафина Табарова аз бемористон рухсатӣ шуд . Мушкилиҳои зиёде паси сар шуда, имрӯз қалбҳо аз фараҳ лабрез аст. Хурсандӣ аз он, ки мо бори дигар тавонистем… Муяссар шуд, ки талошҳоямонро муттаҳид на...
Муддати се рӯз аст, ки қисмате аз бозори бузурги маҳсулоти ғизойии пойтахт - «Саховат» баста шудааст. Савдогарони фурӯшгоҳҳои пеш, ки баста шудаанд, ҳар рӯз талаб мекунанд, ки ба онҳо имкони кор кардан дода шавад. Аксарият аз он шикоят доранд, ...
Рӯзи 1 июн дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ботантанаи савгандёдкунӣ баргузор гардид, ки дар он муовини Директори Агентӣ полковник М. Ҳайдарзода, сардорони раёсатҳо ва шуъбаҳои мустақил иштиро...
Ғаффор Мирзоев, мудири Шӯъбаи таърих ва фалсафаи дини Академияи улуми Тоҷикистон, рӯзи 27-уми май дар ҳамоиши “Ифротгароии салафӣ, масъалаҳои давлатдории дунявӣ ва ҳифзи ҳувияти миллӣ” гуфт: "Салафияи муосир ин хатар ҳам ба фазои динӣ ва муҳити иҷтимоӣ ...
Зимни конфронс таҳти унвони «Ифтрогароии салафӣ, масъалаҳои давлатдории дунявӣ ва ҳифзи менталитети миллӣ» Амирбек Бекназаров, намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон изҳор намуд, ки равияи Салафия ба суботу амяният дар кишвар хата...
Суди гарнизони Душанбе дар бораи қисман қонеъ кардани даъвои сарбози латукӯбшуда Шаҳбол Мирзоев оид ба ҷуброни зиёни моддӣ ва маънавӣ ҳалнома содир намуд. Ҳамин тариқ, суд Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистонро ба пардохти 9...
Аз субҳи имрӯз бозори «Деҳқон» дар маҳаллаи 33-юми шаҳри Душанбе баста шуд. Фурӯшандагон назди дарвозаи ин бозор ҷамъ шуда, боз кардани онро талаб доранд. Яке аз онҳо ба «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки онҳо ҳар моҳ андоз ва арзиши иҷора...
Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта додгоҳи ҷиноии Қоҳира собиқ президенти Миср Муҳаммад Мурсӣ ва даҳҳо тан аз пешвоёни гурӯҳи «Ихвон-ул-муслимин»-ро ба қатл маҳкум кард. Ба навиштаи EuroNews , мурофиа оид ба ду парванда - хиёнат ба...
Пешвои бахши ҷавонони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон - Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан» Исфандиёр Абдураҳмонов дар муроҷиати видеоии худ изҳороти собиқ ҳаммаслакони ҳизбии худ вобаста ба истеъфояшро мавриди интиқод қарор дод...
Намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод дар изҳороти расмӣ тариқи видео ҳодисаи қатли бераҳмонаи шаҳрванди Тоҷикистон дар ин кишварро шарҳ дода, амали гӯё аз ҷониби тоссарҳо (скинхедҳо)-и рус сарбурии муҳоҷири тоҷик ...
Бар асари боронҳои шадиди пайдарпай, ки ба обхезӣ боис гардид, ба якчанд ҷамоатҳои ноҳияи Вахш зиёни ҷиддӣ расид. Муовини раиси ноҳияи Вахш Абдуқаҳҳор Файзуллоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бар асари боришоти шадид ...
Сарояндагони шинохта - Шабнами Сурайё ва Нобовар Чаноров як суруди писандидаи мардумиро бо забонҳо тоҷикиву рӯшонӣ ба иҷро расониданд. Суруд «Аз та дил-дил кинум» ном дорад, ки аз тарҷумаи рӯшонӣ «Ту дил ва қалби манӣ» аст. Суруди н...
Бахшида ба 70-умин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ субҳи 8-уми май дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе гузашти ҳарбӣ доир шуд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон вохӯрии намояндагони ВАО ва ҷавонон бо шаҳрванди Тоҷикистонро, ки аз Сурия баргаштааст, барпо намуд. Вохӯри дар маҷмааи «Кохи Ҷомӣ» ташкил гардид. Фаррух Шарипови 25-сола, зодаи шаҳри Хуҷанди вилоя...
Имрӯзҳо дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии қориёни Қуръон ҷараён дорад. Аз Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки марҳилаи аввали озмун аз 1 то 3 май баргузор шуда, дар он беш аз 120 нафар қориё...
Барои беҳтарин нақши мард дар филми тоҷикии «Муаллим» Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Марат Орифов ба дарёфти ҷоизаи Ҷашнвораи 33-юми байнулмилалии кинои «Фаҷр» (25апрел - 2 май, Теҳрон) шарафёб гардид. Аз киностудияи «Тоҷикфилм» ба ...
Дар вилояти мухтори Ханти-Мансийски Русия дар назди шуъбаи пулис кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зодагони Тоҷикистонро лату кӯб карданд. Ин ҳодиса дар камераҳои мушоҳидаи видеойӣ наворбардорӣ гардида, гуноҳи кормандони пулис исбот шудааст. Дар ...
Суннатулло Абдуллоев, ки 4 сол пеш ба гурӯҳи Ҳаракати исломии Ӯзбекистон пайваста, ба Покистону Афғонистон рафта буд, бо даъвати хешовандонаш ба Тоҷикистон баргашт ва пас аз тафтишоти мақомоти амниятии кишвар аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуд.