Мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Чиангмайи Тайиланд иштирок кард.

Мусобиқаи мазкур аз 28-уми ноябр то 12-уми декабри соли ҷорӣ миёни беҳтарин муштзанони кишварҳои Осиё баргузор мешавад. Дар он беш аз 200 муштзан (132 мард ва 82 зан) аз 21 кишвар иштирок доранд. Муштзанони тоҷик дар 9 вазн рақобат карданд.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон: Меҳрон Шафиев (48 кг), Хусравхон Раҳимов (57 кг), Акмал Убайдов (60 кг), Шуҳрат Саломатов (67 кг), Шаҳоб Шукуров (71 кг), Абдумалик Болтаев (80 кг), Аҳмадҷон Саидов (86 кг), Парвиз Каримов (92 кг) ва Миҷгона Самадова (57 кг).

Дар мусобиқаҳо байни мардон Акмал Убайдов, Шуҳрат Саломатов, Шаҳоб Шукуров, Аҳмад Саидов ва Парвиз Каримов ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд.

Аз рӯи натиҷаҳои даври 1/2 финалӣ  Убайдов дар вазни 60 кг бар Айдер Абдураимов аз Украина дастболо шуда, ба даври финалӣ баромад. Муштзани тоҷик дар финал Сота Накайамаи ҷопониро бо ҳисоби 4:1 шикаст дода, ғолиб гардид.

Акмал Убайдов ғолиби мусобиқоти қаҳрамонии Осиё
Сурат аз Федератсияи бокси Тоҷикистон

Ба ин тариқ, баъди 5 сол Акмал Убайдов бори дигар боз як медали тиллоро аз ин мусобиқа ба Тоҷикистон меорад. Қаблан муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё соли 2029 ба чунин дастовард ноил гардида буд. Соли 2011 Анвар Юнусов ва соли 2005 - Ҷаҳон Қурбонов медалҳои тилло гирифта буданд.

Акмал Убайдов баъди ба охир расидани рақобат
Сурат аз Федератсияи бокси Тоҷикистон

Каримов дар вазни 92 кг бар намояндаи Украина Богдан Толмачов дастболо шуда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт, лекин дар ин рақобат аз муштзани Қазоқистон Санюндюк Тогамбай шикаст хӯрда, сазовори медали нуқра шуд.

Парвиз Каримов
Сурат аз Федератсияи бокси Тоҷикистон

Аммо Саидов дар вазни 86 кг, Шукуров дар вазни 71 кг ва Саломатов дар вазни 67 кг дар даврҳои нимфиналӣ ба шикаст дучор гардида, ба ватан бо медалҳои нуқра бармегарданд.

Меҳрон Шафиев, Хусравхон Раҳимов, Абдумалик Болтаев ва Миҷгона Самадова дар даврҳои аввали мусобиқа мағлуб шуда, дигар имкон надоштанд, ки барои дарёфти медалҳо мубориза баранд.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё занон дар 12 вазн: 48 кг, 50 кг, 52 кг, 54 кг, 57 кг, 60 кг, 63 кг, 66 кг, 70 кг, 75 кг, 81 кг ва +81 кг ва мардон дар 13 вазн: 13: 48 кг, 51 кг, 54 кг, 57 кг, 60 кг, 63,5 кг, 67 кг, 71 кг, 75 кг, 80 кг, 86 кг, 92 кг ва +92 кг рақобат карданд.

Фонди мукофотпулии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё 500 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Ғолибон бо 8 ҳазор, дорандагони медалҳои нуқра ва биринҷӣ - мутаносибан бо 4 ва 2 ҳазор ва муштзанони иштирокчии даврҳои чаҳорякниҳоӣ - бо 1 ҳазор доллар мукофотпулӣ қадрдонӣ мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.