Дастрас кардани андешаи вакили парлумон дар Тоҷикистон барои расонаҳо, махсусан барои расонаҳои ғайриҳукуматӣ рӯз аз рӯз душвор мешавад. Журналистон дар аксар ҳолат барои шарҳи масъалае ба даҳҳо вакил занг задаву посухи саволи худро пайдо намекунанд ё посух ҳам гиранд, ба дардашон намехӯрад.
Вакили парлумон мегӯяд, “дарк мекунам, ки вакилон бо расонаҳо ва матбуоти даврӣ на ҳамеша ҳамкорӣ мекунанд”, аммо таъкид менамояд, ки онҳо назди расонаҳо барои посух гуфтан уҳдадор нестанд ва танҳо дар назди интихобкунандаи худ масъул мебошанд.
Коршиносон ва вакилони пешин мегӯянд, шароит барои фаъолияти вакилони кунунӣ ба маротиб беҳтару хубтар шудааст, “барои гап задан касе онҳоро чизе намегӯяд”, онҳо бояд назди интихобкунандаи худ масъулият эҳсос кунанд ва тавассути расонаҳо, аз ҷумла расонаҳои хусусӣ масоили мубрамро шарҳ диҳанд.
Воқеияти талх
Чанде пеш, аниқтараш пас аз интиқоди Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз “беасос боз кардани парвандаи ҷиноятӣ барои “лайк” дар интернет ва ҳамчун “далел ҳисобидани маводу наворҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳнгардида” ва дар пайи он, дастурӣ ӯ дар бораи “хотима додан ба ин амал” “Азия-Плюс” ба чанде аз вакилони парлумони кишвар муроҷиат кард, то андешаи онҳоро оид ба иҷрои ин дастур пешкаши хонандагон кунад.
Чанде аз вакилони парлумон, ки хабарнигори “Азия-Плюс” ба онҳо муроҷиат карда буд, нахостанд дар бораи иқдом ё ташаббуси эҳтимолӣ дар пайи дастури раиси ҷумҳур мушаххас суҳбат кунад. Танҳо як вакил дар бораи дастури президент андешаашро ба таври умумӣ иброз дошт, аммо баъдан барои нашри пурраи он иҷоза надод. Назари ӯ қисман ва бидуни шарҳи асли масъала нашр шуд.
Ин ягона ҳолати гурези вакилон аз ибрози андеша оид ба масоиле нест. Пештар низ чунин бархӯрд бо хабарнигорон, аз ҷумла хабарнигорони “Азия-Плюс” сабт шуда буд.
Масалан, баъди қабули Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими ҷашну маросим”, ки дар асоси он “воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона ва пӯшидани чунин либосҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ” манъ шуд, хабарнигорони мо барои шарҳи мафҳуми “либосҳои бегона”, ки дар қонун зикр, аммо тафсир нашуда буд, ба вакилон муроҷиат карданд. Давоми ду моҳ касе аз даҳҳо вакили парлумон ҳозир нашуд мафҳуми “либоси ба фарҳанги миллӣ бегона”-ро тавассути расонаи мо ба интихобкунандаи худ шарҳ диҳад.
Баъди талоши зиёд, танҳо як вакил Муҷибахон Ҷавҳарӣ ба саволи мо посух дод ва гуфт, зери мафҳуми “либоси бегона” дар баробари ҳиҷоб ва сатр, инчунин, “абаяҳо”-и дароз ва сиёҳ, ки аз кишварҳои арабӣ омадаанд, ҷинсҳои дарида ва либосҳои хеле кӯтоҳ ва нимурён дар назар дошта шудааст.
Пештар аз ин, “Азия-Плюс” бо саволи “Дар бораи кори иҷбории омӯзгорон чӣ мегӯед? ба 15 вакили парлумон муроҷиат карда буд.
Аз ин теъдод, ҳашт вакил, яъне бештар аз ними вакилоне, ки хабарнигорони “Азия-Плюс” муроҷиат карданд, ҳозир нашуданд масъалаи мавриди назарро шарҳ диҳанд. Баъзеи онҳо “соати парламентӣ”-ро баҳона карданд, қисми дигар гуфтанд аз вакили дигар пурсем, теъдоде ҳам умуман гӯширо набардоштанд ё бо ваъдаи “баъдтар занг занед” аз шарҳи масъала фирор карданд.
Як вакили парлумон гуфт, ки “уҳдадор нест, ба ин суол тариқи телефонӣ суҳбат кунад” ва аз мо даъват кард, ки дар рӯзи қабулаш ҳозир шавем. Вақте рӯзи дигар ба қабули ин вакил рафтем, ӯро дар ҷои кораш пайдо накардем. Ба зангҳои мо дигар посух надод.
“Таърифи зебо”
Бояд гуфт, вакили парлумон намояндаи интихобкунанда, яъне халқ аст, ки манфиатҳои ӯро ҳангоми муҳокимаву таҳия ва қабули қонунҳо ҳимоя мекунад. Ҳамчунин, ӯ дар парлумон, ки майдони муҳокимаи масъалаҳои муҳим барои кишвар аст, барои пайдо кардани роҳҳои ҳалли мушкилоти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ тавассути таҳияву қабули қонунҳо иштирок карда, ба интихобкунандаи худ муҳтавои қонунҳои қабулшударо шарҳ медиҳад.
Аммо воқеияти Тоҷикистон то куҷо инъикоскунандаи ин “таърифи зебо” аст?
Ҷамшед Муртазозода, раиси Комиссия оид ба назорати иҷрои дастуру супоришҳо ва ташкили кори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ таъкид мекунад, ки вакилони парлумон “фаъол ҳастанд”.
“Агар журналистон як брифинг ташкил кунанд, ман шахсан иштирок ва исбот мекунам, ки ҳамаи вакилони парлумон фаъол ҳастанд. Шумо фақат намебинед. Ман дуруст дарк мекунам, ки бо расонаҳо ва матбуоти даврӣ вакилон на ҳамеша ҳамкорӣ мекунанд, аммо ман инро қабул надорам, ки вакилони парлумон фаъол нестанд”, - зикр мекунад Муртазозода.
Аммо мегӯяд, “вакили Маҷлиси намояндагон дар назди ВАО барои посух гуфтан ӯҳдадор нест ва танҳо дар назди интихобкунандаи худ масъул аст”.
“Журналистон метавонанд брифинг ташкил кунанд, ба шакли хаттӣ ва ё ба раёсати матбуоти парлумон муроҷиат кунанд, посух мегиранд”, - мегӯяд ӯ.
“Вакили парлумон бояд тавассути расона масъалаҳоро шарҳ диҳад”
Иброҳим Усмонов, профессор ва вакили пешини парлумон ёдрас мекунад, ки вакили парлумон пеш аз ҳама бояд дарк кунад, ки ӯро интихоб кардаанд ва ӯ назди интихобкунандааш масъул аст.
“Ин хел намешавад, ки то супориш нашавад вакил кор накунад, балки баъди баррасии қонунҳо ё баёнияҳои роҳбари кишвар ва ё ба ин монанд барои худ бояд нақша тартиб диҳад, ки давоми як моҳи дигар кадом корҳоро анҷом доданаш зарур аст. Вакили парлумон бояд бо интихобкунанда сӯҳбат кунад ва тавасути ВАО ба мардум масъалаҳоро шарҳ доданаш лозим аст. Чӣ дар матбуоти давлатӣ ва чӣ дар матбуоти мустақил ё ба истилоҳ “ғайридавлатӣ”, - таъкид мекунад Усмонов.
Сайфулло Сафаров, роҳбари Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон ва собиқ муовини аввали директори Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон шароити кунунии вакилони парлумонро бо солҳои пеш муқоиса карда, мегӯяд, “солҳои пеш барои вакилон сухан кардан ҳатто ба ҳаёташон хатар дошт. Ҳоло ин мушкилот нест ва имкониятҳои вакилон аз солҳои пеш беҳтар гардидааст. Аз нигоҳи техникӣ агар назар кунем, мошин, компютер, телефон ва дигар шароитҳо барояшон фароҳам аст”.
“Барои ибрози андеша ё шарҳи масъалае ба вакилон имрӯз касе ягон гап гуфта наметавонад. Агар вакил посух намегӯяд, шояд аз он бошад, ки савол ба ӯ дахл надошта бошад ё мутахасиси он соҳа нест”, - мегӯяд Сафаров.
Новобаста ба ин, Сафаров таъкид мекунад, ки “вакилон бояд дар назди интихобкунандаашон ҳисобот диҳанд”.
Ӯ бо ишора ба чолишҳои ҷаҳони муосир ва вазъияти геопалитикии ҷаҳон зарур медонад, ки “ҳамаи вакилони халқ ва аҳзоби сиёсӣ бояд дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо фаъол бошанд”.
Ҷамшед Муртазозода мегӯяд, вакилон дар як сол ду маротиба дар назди интихобкунанда ҳисобот медиҳанд, “суханҳо ва пешниҳодҳои онҳоро гӯш мекунанд ва аз ин мулоқотҳо ҳисобот ироа менамоянд”.
Аммо дар мавриди фаъолии вакилон дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ, ки имрӯз ба майдони аслии баҳсу мунозираҳо табдил ёфтаанд, шарҳ намедиҳад.
“Аз вакилон талаб бояд кард”
Сайфулло Сафаров мегӯяд, ки барои беҳтар кардани сифати кори вакилон ва масъулиятшиносии онҳо бояд ҳар як ҳизб, фраксия ва халқ аз онҳо ҳисобот талаб кунанд.
“Худи халқ низ бояд он вазифаву масъулиятҳое, ки бар дӯши вакили парлумон гузошта шудааст, талаб кунанд. То вакилон на танҳо ба саволҳои журналистон, балки ба саволҳои халқ низ посухгӯ бошанд”, - зикр мекунад ӯ.
Усмонов тахмин мекунад, ки шояд дар байни вакилон бахусус ҷавонон чунин фикр ҷой дошта бошад, ки танҳо бо барасии масъалаҳо дар парлумон вазифа ва масъулияти онҳо ба анҷом мерасад. Аммо, дар асл “касе, ки дониши сиёсӣ надорад ва ҳаёти иҷтимоиро намефаҳмад вакили парлумон шудани ӯ ба ҷамъият фоида намеорад”.
Ӯ аз ҷаласаҳои парлумонии солҳои пеш ёд оварда, зикр мекунад, ки “вакилони солҳои 1995 то 2005 хеле фаъол буданд, онҳо аз сӯҳбат бо матбуот ва ВАО намегурехтанд.
Агар ба матбуоти он солҳо назар кунед, мебинед, ки натанҳо дар рӯзномаҳои “Садои мардум” ва “Ҷумҳурият”, ҳамчунин дар рӯзномаҳои хусусӣ фикри худро оид ба ин ё он масъала баён мекарданд. Дар маҷлисҳо атрофи сарнавишти халқ баҳсҳо сурат мегирифтанд”.
Баҳсҳое, ки имрӯз сурат намегирад ва ё агар сурат ҳам гирад, бо сабаби мушкилии зиёди журналистон дар дастрасӣ ба вакилон ҷомеа аз он ба таври зарурӣ огоҳ нест.
Бояд гуфт, парлумони Тоҷикистон аз ду палата - Маҷлиси намояндагон бо 63 вакил ва Маҷлиси миллӣ бо 33 узв иборат аст. Вакилони Маҷлиси намояндагон фаъолтияти касбӣ дошта, аксаран бевосита аз ҷониби халқ интихоб мешаванд. Аъзои Маҷлиси миллӣ бошад, фаъолияти даъватӣ дошта, қисме дар ҷаласаҳои маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва теъдоде аз ҷониби президент интихоб имешавад.
“Шарикии рақамӣ”: Дар Суғд IT-форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Кумаки яквақта ба зиёда аз 112 ҳазор оилаҳои камбизоат дар Тоҷикистон
Фарзандони муҳоҷирон бе донистани забони русӣ ба мактабҳои Русия қабул намешаванд?
Осорхонаи Садриддин Айнӣ ба феҳристи маконҳои сайёҳии Бухоро дохил шуд
Тоҷикистону Қазоқистон ба сатҳи нави ҳамкорӣ расиданд
Охири ҳафта дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борону барф меборад
Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё муштзанони тоҷик 5 медал гирифтанд
Вақти омаду рафти нақлиёти ҷамъиятиро нишон медиҳад. Насби лавҳаҳои электронӣ дар истгоҳҳои Душанбе
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи обуҳаво барои 12 декабри соли 2024
"10 соат дар як шабонарӯз". Масъулин мегӯянд, реҷаи додани барқро танзим кардаанд, сокинон гуфтанд, “риоя намешавад”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста