Аксари вакилони тоҷик роҳи ҳалли мушкили ҷалби иҷбории муаллимон ба корҳои ғайриомӯзгориро намедонанд, барои ҳалли он аз худ ташаббус нишон додан намехоҳанд. Қисме аз онҳо онро кори маъмулӣ ва “анъанаи мардуми тоҷик” медонанд. Гурӯҳе умуман дар ин бора суҳбат кардан намехоҳанд.
Қонуни муҳиме, ки Ӯзбекистон қабул кард
Чанде пештар парлумони Ӯзбекистон тарҳи қонунеро қабул кард, ки тибқи он барои ҷалби иҷбории муаллимон ба корҳои ғайриомӯзгорӣ, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ муқаррар шуд. Баъди имзои Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистан қонун мавриди амал қарор гирифт.
Дар асоси тағйироти нав, барои ҷалби маҷбурии омӯзгорон ба кор аз 2,5 то 3,5 ҳазор доллар (аз 30 то 45 млн сӯм) ҷарима пешбинӣ шудааст. Барои ҷалби такрорӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ, аз 3 то 5 соли зиндон пешбинӣ шудааст.
Барои монеъ шудан ба фаъолияти омӯзгорӣ шахси воқеӣ аз 184 то 394 доллар (аз 2,1 млн то 4,5 млн сӯм) ва мансабдор аз 262 то 525 доллар (аз 3 млн то 6 млн сӯм) ҷарима мешаванд.
Мансабдоре, ки такроран ба чунин қонуншиканӣ даст мезанад, то 15 рӯз ба ҳабси маъмурӣ маҳкум мешавад.
Баҳси ҷалби иҷбории муаллимон ба фаъолияти ғайриомӯзгорӣ дар Тоҷикистон ҳам солҳост давом дорад. Муаллимони тоҷик аз ҷалби иҷборӣ ба шанбегӣ, маъракаҳои интихоботӣ, навиштани мақолаҳо, маъаракаи даъвати ҳарбӣ ва ғайра шикоят мекунанд.
Бо ишора ба он ки ин мушкил дар Тоҷикистон ҳам мубрам аст, “Ази-Плюс” аз вакилони парлумони тоҷик пурсид: “То куҷо мушкили ҷалби иҷбории омӯзгорон ба корҳои ғайриомӯзгорӣ мубрам аст ва оё омодаед, ки тарҳи қонуне барои манъи ҷалби муаллимон ба корҳои ғайриомӯзгориро ба пурлумон пешниҳод кунед?”.
Аз 15 вакили пурсидашуда, аксар гуфтанд, ки ин мушкил дар мо мубрам нест ва зарурати пешниҳоди чунин тарҳро намебинанд. Онҳо гуфтанд, ҷалби омӯзгорон ба корҳое мисли “шанбегӣ”, таъмири мактаб ва “маршировка” фаъолияти маъмулӣ аст, на иҷборӣ.
Қисме гуфтанд, салоҳияти пешниҳоди чунин тарҳро надоранд ва чанд нафари дигар баъди шунидани савол бо баҳонаи “дертар занг занед” ё “худам занг мезанам” дигар ба зангҳои мо посух надоданд.
“Ҳоло барвақт аст” ва “Анъанаи мардуми тоҷик”
Насиба Содиқӣ, раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон дар парлумон зимни суҳбати телефонӣ бо “Азия-Плюс” гуфт, барои қабули чунин қонун дар Тоҷикистон барвақт аст.
“Ин масъала ҳоло дар Тоҷикистон мубрам нест. Шахсаннадидам, ки омӯзгоронро оммавӣ ба кори иҷборӣ ҷалб карда бошанд. Агар ҳолатҳои ангуштшумор ҳаст, Вазорати маориф ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф онро бартараф мекунанд”,- гуфт Насиба Содиқӣ.
Рустам Латифзода, вакили парлумон ва раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон ҷалби омӯзгорон ба шанбегӣ ва рангуборкунии мактабро хоҳишмандона унвон карда афзуд, ин “анъанаи мардуми тоҷик аст”.
“Маҷбурӣ нест, касе намехоҳад, ширкат намекунад. Замоне иҷборӣ ҳисоб мешавад, ки онҳоро ба кор ҷалб мекунанд ва дар сари онҳо як посбон мегузаронад”, - гуфт раиси ҲАТ.
Рустам Латифзода ҷалби омӯзгорон ба “аскарҷамъкунӣ”-ро вазифаи аъзоёни Кумитаи рушди маҳал унвон карда гуфт, онҳо дар вохӯриҳо ба аҳолӣ мефаҳмонанд, ки ҷавонон бояд қарзи фарзандии худро адо кунанд.
“Чаро мо дар бораи он мегӯем, ки касеро маҷбур мекунанд, ки кор кунад, вале намегӯем, ки ин қарзи фарзандӣ аст, ки ҷавонон дар назди Ватани худ хидмат кунанд?! Агар касеро ҳамчун волонтёр ҷалб карда, барои тақсими даъватномаҳо ҷалб мекунанд, ин кори маъмулӣ ва дар тамоми ҷаҳон ҳаст”,- гуфт вай.
“Қонун не, ниҳоди масъул лозим!”
Абдуҳалим Ғаффорзода, вакили парлумон ва раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон аз ҷалби иҷбории омӯзгорон ба корҳои ҷамъиятӣ истиқбол кард.
“Шанбегӣ мероси Иттиҳоди Шӯравӣ аст ва он дар иду ҷашнҳо гузаронида мешавад. Ин меҳнати худи омӯзгор барои ободиву зебо кардани маҳалли кораш аст. Имкониятҳои омӯзгоронро чун қувваи пешбаранда ба манфиати ҷомеаи истифода бурдан аз аҳамият холӣ нест. Бинобар ин, имрӯз зарурати таҳияи қонун дар бораи манъи ҷалби омӯзгорон ба корҳои ҷамъиятӣ нест.”, - гуфт А.Ғаффорзода.
Аммо ӯ зидди ҷалби иҷбории омӯзгорон ба корҳое мисли “аскарҷамъкунӣ” ва “маршировка” будани худро иброз дошта, таъкид кард, ки барои пешгирӣ кардани ин амалҳо на қонуни алоҳида, балки ниҳоди масъул лозим аст.
“Агар омӯзгор дар хонаи директор кор кунад...”
Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афруз Қурбонзода, вакили дигари парлумон гуфт, агар омӯзгор ба кори ҷамъиятӣ ҷалб шавад, мушкил нест, вале агар роҳбари шуъбаи маориф ва ё директори мактаб омӯзгоронро маҷбурӣ ба хонаи худ барои сохтмон барад, бояд ҷазо шавад. Ӯ гуфт омода аст, ки чунинро ба парлумон ироа кунад.
Ин вакил ҳам гуфт, мушкил ҷиддӣ нест ва зарурати ворид кардани тағйироти алоҳидаро дар қонунгузорӣ намебинад.
“Вақте дар мо барои кори иҷборӣ, масалан ғуломӣ дар қонунгузорӣ ҷазо пешбинӣ кардааст, қабул ё тағйироти навбатӣ ба қонун лозим нест... Қонун танҳо манъ намекунад, он мушаххас менависад, ки чиро, кай, чӣ гуна манъ мекунад ва чӣ иҷозат дода мешавад”,-гуфт ӯ.
Парвиз Шодизода, вакили парлумон гуфт, аввал бояд мушкилотро омӯхт. Дар умум, ӯ гуфт, ки зидди кори иҷбории одамон аст ва баъди омӯзиш омод аст, ки дар парлумон ин масъаларо баррасӣ кунад.
“Салоҳият надорам”
Зоир Раҳмонзода, вакили дигари палумон гуфт, оид ба ин иқдоми парлумони Ӯзбекистон хабар дорад, вале гуфт, бо ишора ба он ки ӯ вакил дар бахши аграрӣ аст, дар бораи пешниҳоди чунин масъала фикр накардааст.
Ӯ моро ба Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони парлумон “равон кард”.
Баротзода Файзулло, вакили парлумон, гуфт, барои посух ба ин савол салоҳият надорад ва телефонро хомӯш кард.
Мавзуна Шамсиддинзода, вакили дигари парлумон ҳам гуфт, ӯ дар бахши аграрӣ кор мекунад, “хуб мешуд, шумо ба ҳамкорони дигари ман, ки дар ин бахш кор мекунанд, муроҷиат кунед ва шояд онҳо ба суолатон посух диҳанд”.
Гурез аз савол
Ҳамин тариқ, мо ба вакилоне, ки узви Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон буданд, муроҷиат кардем. Аз ҷумла, Гавҳар Шарофзода, Файзулло Наҷмиддинзода, Ғиёсиддин Шарифзода, вакилони парлумон ва узви ин кумита баъди шунидани саволи мо бо баҳонаи “соати парламентӣ” телефони худро хомӯш карданд ва ё ваъда карданд, ки ба мо занг мезананд.
Вале баъдан ба зангҳои батакрори мо посух надоданд
Равшан Раҷабзода, раиси Кумитаи парлумон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон дар суҳбати телефонӣ гуфт, “уҳдадор нест, ки ба ин суол тариқи телефонӣ суҳбат кунад” ва аз мо даъват кард, ки дар рӯзи қабулаш ҳозир шавем. Вақте рӯзи дигар ба қабули ин вакил рафтем, ӯро дар ҷои кораш пайдо накардем. Ба зангҳои мо дигар посух надод.
Солеҳа Холмуҳаммадзода, вакили парлумон баъди шунидани саволи мо гуфт, оид ба ин масъала маълумот надорад ва телефонашро хомӯш кард. Ба зангҳои батакрории мо дигар посух надод.
Танҳо 1 вакил мушкилро эътироф кард
Аз 15 вакили парлумоне, ки мо тамос гирифтем, танҳо як нафар - Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон вуҷуди мушкилро тасдиқ кард ва гуфт, аз сабаби он ки худи омӯзгорон ба ӯ аз ҷалбии иҷборӣ ба кор шикоят намекунанд, наметавонад, лоиҳаи ҷунин қонунро пешниҳод намояд.
“Ин мушкил ҳаст, вале касе шикоят намекунад. Аз ин рӯ, дар бораи онҳо касе намегӯяд. Дар маҷмӯъ, омӯзгорон мушкилоти ҷидии дигар, мисли маоши кам, доранд. Ҳарчанд бояд дарк кард, ки кори омӯзгорӣ мушкил аст ва касби пуршараф мебошад”, - афзуд ин вакили тоҷик.
Ӯ ҳамчунин, гуфт, маҳз бетафовутӣ ба заҳмати омӯзгор сабаб шудааст, ки сатҳи таълим дар кишвар паст гардида, омӯзгорони донишманду соҳибкасб тарки кишвар мекунанд.
Маълум мешавад, ки аксари вакилони тоҷик роҳи ҳалли мушкили ҷалби иҷбории муаллимон ба корҳои ғайриомӯзгориро намедонанд, барои ҳалли он аз худ ташаббус нишон додан намехоҳанд. Тааҷҷубовар ин аст, ки қисме аз вакилон инро кори маъмулӣ ва “анъанаи мардуми тоҷик” медонанд.
Эмомалӣ Раҳмон 28-уми декабр паёми худро ба парлумон ироа мекунад
БОР пешгӯии рушди иқтисоди Тоҷикистонро бо сабаби афзоиши вуруди пул боло бурд
Ҳубара ё дуғдоғ. Парандаи соли 2025 дар Тоҷикистон интихоб шуд
Такмили эътимод ва мубориза бо хабари дурӯғ. Баррасии ҳамкории котибони матбуотӣ ва рӯзноманигорон дар Душанбе
“Шарикии рақамӣ”: Дар Суғд IT-форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Кумаки яквақта ба зиёда аз 112 ҳазор оилаҳои камбизоат дар Тоҷикистон
Фарзандони муҳоҷирон бе донистани забони русӣ ба мактабҳои Русия қабул намешаванд?
“Ӯҳдадор нестам...” Чаро вакилони парлумон аз шарҳи мавзуҳои муҳими ҷомеа худдорӣ мекунанд?
Осорхонаи Садриддин Айнӣ ба феҳристи маконҳои сайёҳии Бухоро дохил шуд
Тоҷикистону Қазоқистон ба сатҳи нави ҳамкорӣ расиданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста