Владимир Путин, президенти Русия амреро имзо кард, ки тибқи он муҳлати кор бидуни патент барои муҳоҷирон дар минтақаҳои азхудкарда дар натиҷаи ҷанг бо Украина ва ё ба қавли худи мақомоти ин кишвар "субъектҳои нави Русия" - ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганск, инчунин дар вилоятҳои Запорожйе ва Херсон дароз карда шуд. Ин имкон аз моҳи апрели соли 2023 ҳам вуҷуд дошт, акнун муҳлати он то 31-уми декабри соли 2025 тамдид шуд.
Агар дар дигар минтақаҳои Русия кор кунед, патент лозим аст?
Кор бидуни патент танҳо дар ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганск, инчунин дар вилоятҳои Запорожйе ва Херсон дахл дорад. Дар дигар минтақаҳо патент лозим аст.
Бояд донед, ки ҳамаи ин қаламравҳо минтақаи ҷанг ё ба қавли Русия "амалиёти ҳарбӣ" бо Украина мебошанд. Дар ин ҷо ҳаёти шумо зери хатар қарор мегирад.
Ягон ҳуҷҷати дигар ман лозим аст?
Барои шумо патент лозим намешавад, лекин лозим меояд, ки чунин амалҳоро анҷом диҳед:
- дар шуъбаи корҳои дохилии маҳаллӣ изи ангушт супоред;
- аз муоинаи тиббии истеъмоли маводи нашъаовар ва гирифтор набудан ба бемориҳои сироятӣ, махсусан Вируси норасоиии масунияти бадан (ВНМО) гузаред.
Аз корфармо чӣ талаб карда мешавад?
Маъмулан корфармоён барои ба кор қабул кардани муҳоҷир, бояд иҷозаи дахлдор гиранд. Ғайр аз ин, онҳо бояд ҳиссаеро ба инобат гиранд, ки чӣ қадар муҳоҷиронро бо кор метавонанд таъмин кунанд. Аммо дарҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганск, инчунин дар вилоятҳои Запорожйе ва Херсон чунин маҳдудиятҳо барои корфармоён вуҷуд надоранд.
Ҳоло нархи патант чанд аст?
Гаронтарин патент дар соли 2025 дар минтақаи Краснодар - 17 120 рубл муқаррар шудааст. Пас аз ин вилояти Челябинск - 15 00 рубл ва вилояти Твер 14 973 рубл қарор доранд. Арзонтарин патент дар Чеченистон - 3 113 рубл амал мекунад.
Бо нархи патентҳо дар минтақаҳои Русия дар ин маводи мо метавонед муфассалтар шинос шавед.
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 7
То ки ҳама фурсат ёбанд. Муҳлати қонунигардонии будубоши муҳоҷирон дар Русия тамдид шуд
Як шабонарӯз интиқоли оби нӯшокӣ дар баъзе кӯчаву маҳаллаҳои Душанбе қатъ мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 апрели соли 2025
Оғози мавсими саёҳати дохилӣ. Рӯзноманигорону блогерон ба кашфи ганҷинаҳои Тоҷикистон рафтанд
Ҳаҷвнигоре, ки ханда дар лаб даргузашт. Ёдномаи Қиёмиддин Чақалов, ки имрӯз 80-сола шуд
Путин оташбаси серӯза эълон кард. Ин дафъа ба муносибати Рӯзи Ғалаба
Баъди мулоқоти Тошиев бо сафири Русия, муттаҳамони парвандаи "ҷалби зархаридон” аз боздоштгоҳ раҳо шудаанд
Барои истифодаи нодурусти барқу гармӣ ҳам ҷарима пешбинӣ шуд
“Шоҳ”-е, ки аз гуноҳи ҳама гузашт, даргузашт. Асланшоҳ Раҳматуллоев дар Лучоб ба хок супорида шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста