Ҳамватанони азиз, хонандагону корбарони гиромиву гаронмояи "Азия-Плюс"!

Ҳайати кормандони Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" расидан ба як иди дигари мубораки Фитрро ба Шумо муборакбод мегӯянд

Моҳи Рамазон, ки як моҳи имтиҳону риёзати имону тақвои бандагон дар баробари Худованди боргоҳи саодат ва манбаи қудрат аст, бо хубиву хушӣ сипарӣ шуд. Бигзор ҳар рӯзи рӯзгоратон ба андозаи ин моҳ пурбаракат ва ба масобаи ин иди мубораку нуронӣ пур аз хушиву фараҳу шодмониву шодкомӣ бод!

Мо барои якояки Шумо ва хонаводаҳои муҳтарами Шумо ин иди бузургро муборакбод мегӯем ва орзуи муваффақияти Шуморо дорем!

Бо эҳтиром Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс”

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.