Дастаи мунтахаби Тоҷикистон пагоҳ, 31-уми март, дар бозии даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад. Ин дидор дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор ва соати 19:00 оғоз хоҳад шуд.

Ин дидор барои футболбозони тоҷик тақдирсоз ба ҳисоб меравад, зеро танҳо дар сурати мусовӣ ё пирӯзӣ метавонанд ба марҳилаи асосии Ҷоми Осиё-2027, ки аз 15-уми январ то 8-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ сурат мегирад, роҳ  ёбанд.

Тими миллии Тоҷикистон як ҷо бо Филиппин, Тимори Шарқӣ ва Малдив дар гурӯҳи “А” қарор дорад. Тоҷикистону Филиппин баъди баргузории 5 бозии даври интихобӣ 13-имтиёзӣ гирифтаанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо Тоҷикистон дар ҷойи якум ва Филиппин дар зинаи дуюм қарор дорад. Ба филиппиниҳо барои дарёфти роҳхат ба Ҷоми Осиё-2027 танҳо пирӯзӣ зарур аст.

Дастаҳои Тимори Шарқӣ ва Молдив, ки аввали бо 3 имтиёз дар ҷойи сеюм ва дуюми бидуни хол дар ҷойи охири гурӯҳ ҷой дорад,  аз ҳаққи ширкат дар Ҷоми Осиё-2027 маҳрум гаштаанд.

Рақобати Тоҷикистон бо Филиппинро доварон аз Ҷопон ҳакамӣ мекунад. Довари FIFA Хироки Касахара сардовари бозӣ мебошад. Пратап Сингҳ аз Ҳиндустон нозири доварон ва Олим Орифов аз Ӯзбекистон комиссари бозӣ интихоб шудаанд.

 

Акс аз ФФТ

Ёдрас мешавем, бозии тимҳои миллии Филиппину Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи “А”, ки 10-уми июни соли гузашта дар шаҳри Капас сурат гирфита буд, бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт.

Бояд гуфт, дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дастаҳо ба 6 гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ тақсим шудаанд. Танҳо ғолибони гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ меёбанд.

Пеш аз ин 18 дастаи дигар аз марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 мустақим ба Ҷоми Осиё роҳхат пайдо карда буданд. Дар умум, дар Ҷоми Осиё-2027 24 даста иштирок мекунанд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.