Ҷунбиши “Ансоруллоҳ” ё Ҳусиҳои Яман эълон кард, ки “бо партоби як силсила мушаки болистик” ба ҷануби Исроил расман вориди даргирӣ бо ин кишвар шудаанд. Ин аввалин партоби мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанги ин кишвар ҳамроҳи Амрико алайҳи Эрон аст.
Яҳё Сареъ, сухангӯи Ҳусиҳо субҳи имрӯз, 28-уми март, гуфт, ки онҳо “маконҳои ҳассоси низомӣ”-и Исроилро ҳадаф қарор додаанд. Ӯ илова кардааст, ки Ҳусиҳо амалиёти худро то замони “қатъ гардидани таҷовуз дар тамоми ҷабҳаҳои муқовимат” идома хоҳанд дод.
Соате пеш Артиши Исроил аз партоби дасти кам як мушак аз Яман ба сӯи ин кишвар хабар дода, ба исроилиҳо ҳушдор дода буд, ки ба паноҳгоҳҳо раванд. Вале баъди чанде мақомоти исроилӣ гуфтанд, ки ин мушак раҳгирӣ шудааст ва сокинон метавонанд аз паноҳгоҳҳо берун бароянд.
Ин таҳаввулот пас аз он рух дод, ки Ҳусиҳои Яман дирӯз ҳушдор доданд, ки агар ҳамлаҳо ба Эрон идома ёбанд, онҳо ба ҷанг ворид хоҳанд шуд. Ин гурӯҳ, аз ҷумла гуфта буд, агар кишварҳои дигар дар баробари Иёлоти Муттаҳида ва Исроил ба ҷанги зидди Эрон ворид шаванд, аз баҳри Сурх барои ҳамлаи алайҳи Эрон ё ягон кишвари мусалмонӣ истифода шавад ва ё ҳамлаҳо зидди Эрон шиддат ёбанд онҳо ба даргирӣ ҳамроҳ мешаванд.
Пеш аз ин гурӯҳҳои дигари ҳампаймон бо Эрон ба монанди "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон ва Муқовимати Исломии Ироқ дар ҳимоят аз Ҷумҳурии Исломӣ вориди даргирӣ бо Амрико ва Исроил шуда буданд.
Ҳусиҳо як гурӯҳи шӯришиёни маҳаллӣ дар Яман ҳастанд, ки қисматҳое ин кишвар, аз ҷумла, шаҳри Санъо, пойтахти Яманро дар даст доранд. Онҳо аз Эрон ва Фаластин ҷонибдорӣ ва ҳамлаи Исроил ба ин кишварҳоро маҳкум мекунанд.
Ҳангоми бомбборони Ғазза аз сӯйи Исроил, Ҳусиҳо пайваста киштиҳои тиҷоратӣ бо парчами ин кишвар ва Амрикоро зери ҳамла қарор дода, ба Исроил ҳам чанд бор мушак партоб карда буданд.
Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна дар бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста