Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигори тоҷик ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории ноҳияи Рашт имрӯз, 28-уми март, дар 59-солагӣ дар Душанбе аз олам чашм баст.

Хабари даргузашти марҳумро пайвандонаш ба "Азия-Плюс" тасдиқ карда, гуфтанд, ки як ҳафта боз дар бемористони Шифобахш, маъруф ба "Қарияи боло" бистарӣ буд.

"Фишорбаландӣ дошт. Як ҳафта боз дар беморхонаи Қарияи боло беҳуш хоб буд. Нисфирӯзии имрӯз даргузашт", - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи пайвандон, намози ҷанозаи Шоев, намози асри имрӯз, тақрибан соати 17:00 дар масҷиди маъруф ба "Мехкалон" хонда мешавад.

Маросими дуову фотиҳа дар назди хонаи номбурда, дар маҳаллаи Испечак 2, бинои 9 (пушти мактаби рақами 93, канори роҳи тарабхонаи "Парасту") баргузор мешавад.

Маҳмудхон Шоев ходими соҳаи маорифи Тоҷикистон буд. Ӯ 28-уми июли соли 1968 дар ноҳияи Рашт ба дунё омада, пас аз хатми факултети рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, фаъолияти касбии худро дар васоити ахбори омма ва соҳаи илм оғоз кард.

Шоев ҳамчун номзади илмҳои филологӣ ва дотсент дар таҳияи китобҳои дарсии соҳавӣ, аз ҷумла дастури "Асосҳои журналистикаи телевизион" саҳми босазо гузошта, солҳои зиёд дар факултети рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба шогирдон дарс додааст.

Инчунин, ӯ солҳо сухангӯи Вазорати маориф буд ва бо рӯзноманигорон ҳамкории хуб дошт. Соли 2020 ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт таъйин гардид ва чанд сол роҳбари ин ниҳоди муаллимтайёркунӣ буд

Пас аз чанд сол боз ба факултаи рӯзноманигории ДМТ баргашт ва то охири умр дар он ҷо ба шогирдон дарс мегуфт.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ба наздикону пайвандони Маҳмудхон Шоев изҳор ҳамдардӣ карда, аз даргоҳи Худованд ба онҳо сабри ҷамил металабанд!

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.