Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии “Financial Times” гуфтааст, ки қасд дорад “нафти Эронро дар ихтиёр гирад” ва мумкин аст ҷазираи Хорк (Хорг), бандари аслии содироти нафти Эронро тасарруф кунад.
Ӯ рӯзи 29-уми март дар суҳбат бо ин расона ин равишро ба сиёсати Амрико дар Венесуэла монанд кардааст. Аввали сол Амрико ба Венесуэла ҳамла кард ва Николас Мадуро, раисҷумҳури ин кишварро якҷо бо ҳамсараш рабуд. Пас аз ин бо ҳукуматдорони ба ҷойи Мадуро омада музокира карда, нафти Венесуэларо зери назорат гирифт.
“Росташро хоҳед, кори дӯстдоштаи ман ин дар ихтиёр гирифтани нафти Эрон аст, аммо баъзе одамони аблаҳ дар Амрико мегӯянд, “чаро шумо ин корро мекунед?" Аммо онҳо одамони аҳмақанд”, - изҳор доштааст Трамп.
Ӯ дар идома гуфтааст, ки “шояд ҷазираи Хоркро тасарруф кунем, шояд ҳам не. Гузинаҳои зиёде дорем”.
Раисҷумҳури Амрико дар посух ба пурсиши вазъи дифоии Эрон дар ин ҷазира гуфтааст, ки “ман фикр намекунам, ки онҳо ягон дифоъ дошта бошанд. Мо метавонем онро хеле осон тасарруф кунем”. Ду ҳафта пеш Амрико ба Хорк ҳамла карда, гуфта буд, ки таъсисоти низомии ин ҷазираро ҳадаф қарор додааст.
Изҳороти Трамп дар ҳоле садо медиҳад, ки ҷанги Амрико ва Исроил алайҳи Эрон Ховари Миёнаро ба бӯҳрони нав гирифтор кардааст ва нархи нафт дар як моҳ беш аз 50% афзоиш ёфтааст. Субҳи имрӯз нархи нафти хоми “Brent” ба беш аз 116 доллар барои як бушка расид, ки наздик ба баландтарин сатҳи худ аз замони оғози даргирӣ аст.
Дар ҳамин ҳол, расонаҳо аз фиристодани садҳо нерӯи заминии Амрико ба Ховари Миёна ва аз эҳтимоли ҳамлаи заминии ин кишвар ба Эрон хабар медиҳанд. Мақомоти Эрон ҳам аз омодагии худ барои даргирии заминӣ ҳарф задаанд.
Аз ҷумла, Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси парлумони Эрон рӯзи якшанбе гуфта буд, ки “мардони мо мунтазири вуруди заминии сарбозони амрикоӣ ҳастанд, то оташ ба ҷонашон андозанд”. Ӯ Амрикоро муттаҳам кард, ки ба таври ошкор паёми музокира мефиристад, вале дар ғайб “барои ҳамлаи заминӣ нақша мекашад”.
Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна дар бахши махсуси “Азия-Плюс” огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста