ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 30 МАРТ
Соли 1960 – Палатаи савдои Тоҷикистони Шӯравӣ таъсис дода шуд.
Соли 1999 – Сафаралӣ Кенҷаев, муассис ва роҳбари “Фронти халқӣ” ва Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, раиси пешини Шӯрои Олии Тоҷикистон дар синни 57-солагӣ дар Душанбе аз ҷонии гурӯҳи террористӣ кушта шуд.
Соли 2007 –Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Филармонияи давлатӣ ба номи Акашариф Ҷӯраев номгузорӣ шуданд.
Соли 2007 – Раиси Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) Ҷозеф Блаттер ва президенти Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) Муҳаммад Бин Ҳаммом дар шаҳрҳои Норак ва Данғара ду майдони муосири мини-футболро ифтитоҳ карданд.
Соли 2010 – Дар Душанбе мурофиаи аввалин оид ба даъвои додрасҳо бар зидди се нашрияи мустақил, аз ҷумла “Азия-Плюс” баргузор шуд.
Соли 2011 – Мурофиаи додгоҳӣ алайҳи маҳбусони фироркардаи боздоштгоҳи КДАМ дар Душанбе, ки моҳи августи соли 2010 гурехта буданд, оғоз шуд.
Соли 2016 – Ба қонуни ВАО тағйирот ворид карда шуд, ки мувофиқи он минбаъд на қарор дар бораи боздоштани фаъолияти расонаҳоро Вазорати фарҳанг, балки додгоҳҳо то 3 моҳ қабул мекунанд,.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1932 – Зодрӯзи Усмонҷон Тоҷибоев, рӯзноманигор, публисист, ходими адабӣ, сармуҳаррири вақти рӯзномаи “Ҳақиқати Ленинобод”.
Соли 1942 – Мавлуди Амирқул Азимов, собиқ Додситони кули Тоҷикистон, котиби пешини Шӯрои амнияти Тоҷикистон.

Амирқул Азимов яке аз шахсиятҳои калидии сиёсӣ ва амниятии Тоҷикистон буд, ки дар ташаккули сиёсати амниятӣ ва мудофиавии кишвар саҳми назаррас дорад.
Ӯ солҳои зиёд дар сохторҳои ҳукуматӣ, бахусус дар соҳаҳои амният ва қонунгузорӣ фаъолият кардааст. Аз ҷумла, солҳо котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон буд.
Баъди хидмат дар Артиши Шӯравӣ, ба ҳайси муфаттиш, сармуфаттиши прокуратураи ноҳияи Марказӣ, сармуфаттиши прокуратураи шаҳри Душанбе, сармуфаттиш оид ба парвандаҳои махсусан муҳими назди Прокуратураи ҶШС Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.
Ӯ солҳои 1978-1992 - сардори шуъбаи тафтишоти Раёсати тафтишоти Прокуратураи Тоҷикистони Шӯравӣ буд. Ҳамзамон солҳои 1990-1991 - роҳбари Гурӯҳи тафтишотии Додситонии кулли Иттиҳоди Шӯравӣ оид ба тафтиши рӯйдодҳои моҳи феврали соли 1990 кор кардааст.
Азимов, ду сол - солҳои 1992-1994 - муовини вазири корҳои дохилии ҶТ, солҳои 1994-1995 - мушовири давлатии президенти ҶТ оид ба масъалаҳои мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ буд.
Ҳамчунин, аз апрели соли 1995- августи соли 1996 Додситони кулли Тоҷикистон кор кардааст. Аз моҳи августи соли 1996 то июли соли 2001 котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон буд.
Аз моҳи майи соли 2011 то моҳи марти соли 2015 - вакил, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии ҶТ оид ба мудофиа, амният ва тартиботи ҳуқуқӣ кор кардааст.
Дорои рутбаи генерал-лейтенант.
Соли 1942 – Зодрӯзи Шералӣ Раҷабалиев, табиб, доктори илмҳои тиб, профессор.
Соли 1964 – Зодрӯзи Хайринисо Юсуфӣ, собиқ муовини нахуствазири Тоҷикистон ва муовини пешини раиси ҲХДТ.

Хайринисо Юсуфӣ соли 2003 Донишгоҳи давлатии Хуҷандро бо ихтисоси забоншинос ва соли 2005 Академияи хидмати давлатии тобеъи Русияро хатм намудааст.
Ӯ солҳои 1987-1996 дар вазифаҳои дабирии якуми кумитаи комсомол ва раиси созмони ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент фаъолият дошт.
Солҳои 1996-2004 аввал ҳамчун муовини шаҳрдори Панҷакент ва баъд муовини раиси вилояти Суғд адои вазифа намудааст.
Солҳои 2004-2008 муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2008-2010 раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон буд.
Ду давра (2010-2015, 2015-2020) вакили парлумони Тоҷикистон буд.
Соли 2019 муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон таъин шуд ва қариб 5 сол дар ин мақом кор кард.
Соли 1970 – Зодрӯзи Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1993 ба сифати мутахассиси идораи экспертизаи Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, то соли 2005 дар вазифаи муовин, сардори Раёсати экспертиза ва сардори Идораи саҳҳомигардонӣ, қоғазҳои қимматнок ва фондҳои инвеститсионии Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2005-2007 дар мансабҳои раиси Кумитаи кор бо ҷавонони Тоҷикистон ва раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Солҳои 2007-2009 дар вазифаи сафири Тоҷикистон дар Япония кор кардааст.
Аз соли 2009 то 2013 дар мансаби раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Аз аз 19-уми ноябри соли 2013 то январи соли 2023 ҳамчун муовини якуми сарвазири Тоҷикистон фаъоляит кардааст.
Аз 5-уми январи соли 2023 раиси вилояти Хатлон мебошад.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз дар Амрико Рӯзи миллии табибон таҷлил мегардад. Ин ид аз ҷониби Эодора Элмонд, ҳамсари доктор Чарлз Элмонд таъсис дода шудааст, то эҳтироми худро ба табибон изҳор кунад. Ин рӯз ба шарафи нахустин истифодаи наркози умумӣ аз ҷониби доктор Кроуфорд Лонг дар соли 1842 ҷашн гирифта мешавад.

30 март як иди ғайрирасмӣ Рӯзи гаштугузор дар боғ ҷашн гирифта мешавад. Табибон тавсия медиҳанд, ки ҳар рӯз 30 дақиқа бояд сайругашт кард, зеро он барои беҳтар кардани вазъи саломатӣ, пешгирии фарбеҳӣ, диабети навъи 2 ва ҳатто баъзе намуди саратон муфид аст.

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 30 МАРТИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 4+9º гарм, рӯзона 18+23º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9º сард, рӯзона 8+13º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 6+11º гарм, рӯзона 23+28º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2+7º гарм, рӯзона 16+21º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 4+9º гарм, рӯзона 18+23º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6º гарм, рӯзона 13+18º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 2-7º сард, рӯзона 8+13º гарм (дар н.Дарвоз шабона 1+6º гарм, рӯзона 16+18º гарм), дар шарқи вилоят шабона 11-16º сард, дар баъзе минтақаҳо то 17-19º сард, рӯзона -2+3º гарм, дар баъзе минтақаҳо то 1-6º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 5+7º гарм, рӯзона 19+21º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 5+7º гарм, рӯзона 17+19º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 6+8º гарм, рӯзона 23+25º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, борон ва барф мебошад. Ҳарорат: шабона 1-3º сард, рӯзона 6+8º гарм.
Гузориш: 79%-и об дар Осиёи Марказӣ барои обёрӣ сарф мешавад
Хишти аввал. Оҷонсии иттилоотии "Азия-Плюс” 29-солагии худро таҷлил мекунад
“Умед доштем, ки ақаллан ягон сол кам мекунанд”. Додгоҳи кассатсионӣ ҳукми “чеҳраҳои сиёсӣ”-ро бетағйир гузошт
Ҳафтаи китоби кӯдакон. Кай ва дар куҷо чӣ чорабинӣ баргузор мешавад?
Шавкат Мирзиёев нишасти аввали “Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо”-ро таърихӣ номид
Боздошти як марди 35-сола бо гумони куштори ҳамсараш дар пойтахт
Баҳси марзӣ ҳал ва сарҳад боз шуд. Аз Тоҷикистон чӣ гуна метавон ба Қирғизистон рафт?
Муҳоҷирон чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ҳузури худро дар Русия қонунӣ кунанд?
Ба футболбозони “Хуҷанд” 4 моҳ маош пардохт нашудааст
Моҳи апрел обуҳаво дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста