Гурӯҳи мухлисони дастаи футболи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд хабар медиҳанд, ки ба футболбозони ин даста аллакай 4 моҳ боз маошашон пурра пардохт намешавад.
Қобили зикр аст, ки соли гузашта низ аз ин даста чунин хабарҳо мерасиданд.
“Аллакай аз оғози мавсим ҳамаи бозингарони “Хуҷанд” аллакай ҷароҳат гирифтаанд! Хатогиҳо дар даъвати бозингарон аз дигар дастаҳо (трансфер), пардохт нашудани маош аз моҳи декабр то имрӯз, ба чунин мушкилиҳо сабаб мешаванд. Истеъфо ба назар мерасад. Аз 3 бозӣ 0 хол, вақти ба истеъфо рафтани ҳама фаро расидааст!”, - менависанд мухлисони даста.
Ғайр аз ин, рӯзи шанбе, 29 март ҳамаи футболбозони “Хуҷанд” ба Федератсияи футболи Тоҷикистон рафтаанд, лекин онҳоро қабул накарда, гуфтаанд, ки рӯзи истироҳат аст. Акнун футболбозон ҷиҳати ҳаллу фасли масъалаи пардохти маош барои муроҷиат бо даъво ба ФИФА омодагӣ мегиранд.

“Дар худи даста ин масъаларо ба ҳеҷ гунае шарҳ намедиҳанд. Дар ҳама гуна ҳолат изҳоротро интизорем, зеро ҷомеаи варзишӣ ва мухлисон мавқеи расмии дастаро оид ба ҳалли ин масъала намедонанд", - мегӯянд мухлисон.
“Ба легионерҳо, аз ҷумла аз Русия Сердюк ва Сканян низ маош пардохт нашудааст. Агар онҳо ба ФИФА шикоят кунанд, нисбати даста метавонад таҳримҳои ҷиддӣ ҷорӣ шавад. Шояд бозингарон то ин қадр норозигӣ накунанд, лекин умедворем, ки маоши ҳама пардохт мешавад”, - менависад Телеграм-канали “Азия-Спорт”.
Илова мекунем, ки дар даври сеюми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дастаи “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоб калони 4:1 дастаи “Хуҷанд”-ро мағлуб кард. Пеш аз ин “Хуҷанд бо ҳисоби 1:2 аз дастаи “Вахш” ва 0:1 аз тими “Истиқлол” шикаст хӯрд.
Мавсими нав дар Лигаи олии Тоҷикистон чанде пеш оғоз гардида, ҳар кадоме аз дастаҳо 22 бозӣ мегузаронад. Дастаи зинаи охири Лигаи олии соли 2025 ба Лигаи аввал гузашта, дастаи зинаи 11-уми Лигаи олӣ ва ва зинаи дуюми Лигаи якум барои роҳ ёфтан ба Лигаи олӣ бозӣ мекунанд.
Дастаҳои Лигаи олии футболи Тоҷикистон дар мавсими соли 2025: «Панҷшер» (Ҷалолуддини Балхӣ), КМВА (Душанбе), «Барқчӣ» (Ҳисор), «Истиқлол» (Душанбе), «Вахш» (Бохтар), «Равшан» (Кӯлоб), «Истаравшан», «Эсхата» (Хуҷанд), «Хуҷанд», «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Ҳосилот» (Фархор), «Ҳулбук» (Восеъ).
Баъ аз се давр дастаҳои КМВА «Вахш», «Ҳулбук» ва «Истиқлол» бо касби 7-холӣ пешсафанд. “Равшан”, “Барқчӣ”, “Регар-ТадАЗ” ва “Эсхата” чорхолӣ доранд.