Рӯзи 26-уми марти соли равон дар яке аз кӯҳантарин театрҳои Фаронса - "Théâtre du Gymnase Marie-Bell" гурӯҳи ҳунармандони Театри опера ва балети ба номи Садриддин  Айнӣ муваффақона ҳунарнамоӣ карданд.

“Ин пирӯзӣ аст... Боиси ифтихори бузурги мост, ки фарҳанги Тоҷикистонро дар Аврупо муаррифӣ кардем. Ният дорем, ки сафарҳои ҳунариро идома диҳем, зеро ба туфайли дастгирии ҳамаҷонибаи соҳаи фарҳанг ва роҳандозии сиёсати дарҳои боз аз ҷониби президенти Тоҷикистон мо ба имкониятҳои номаҳдуд даст ёфтем”, - гуфт, Камолиддин Сайфиддинзода, директори театр ва яке аз ташабускорони иқдом.

Ба таъкиди ӯ, сафари ҳунармандони балет ба Фаронса бо даъвати "France UNESCO Esplanade" дар доираи маъракаи байнулмилалии фарҳангии “Фарҳанги Тоҷикистон дар Порис” роҳандозӣ гардид.

Акс аз хадамоти матбуоти Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ

 

Балете, ки Порисро ба ҳайрат овард

Барномаи консертӣ аз ду қисмат иборат буд. Дар қисми аввал балети М. Фокин «Шопениана» бо мусиқии Ф. Шопен ва дар қисми дуюм – фрагментҳо аз спектаклҳои Л. Минкус «Дон Кихот», А. Адан «Жизел», С. Пуни «Конёк-Горбунок» ва вариатсияҳо дар мавзӯъҳои Н. Паганини намоиш дода шуд. Ҳамчунин дар қисми дуюм ба тамошобинон барномаи консертӣ аз намунаҳои балети миллии модерн бо мусиқии оҳангсозон Толибхон Шоҳидӣ, Зокир Нишонов ва Далер Тиллоев пешкаш шуд.

Ин интихоб дар репертуар ба ҳунармандон имкон дод, ки ҳунару истеъдодашонро аз паҳлуҳо гуногун нишон диҳанд.

Консерт бо кафкӯбиҳои бардавом ва нидоҳои беохири «Офарин!» (Браво") ба анҷом расид. Ҳайати театр бо ҳайкалчаи ёдгорӣ аз ҷониби президенти "France UNESCO Esplanade" сарфароз гардид. 

Акс аз хадамоти матбуоти Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ

 

Дар бораи сафар ба Порис

Ҳайати театр рӯзи 24-уми март ба Порис расида, 27-уми март пас аз консерт ба Ватан баргашт. Хабарнигори "Азия-Плюс" дар фурудгоҳ бо ҳайати театр ҳамсуҳбат шуд.

“Тамошобинон моро бо фараҳу хушнудӣ пазируфтанд. Ин хеле хушнудкунанда буд,  кафкубиҳо ва нидоҳои таҳсин толорро фаро мегирифт. Ба сурати умум, Порис бо зебоияш моро ҳайрон кард, фазои ҳақиқии фаронсавӣ, ки аз кино ва сурудҳои маъруфи онҳо барои мо ошно аст. То ҳунарнамоӣ дар саҳна мо фурсат ёфтем, ки ҳамроҳи раҳнамо аз маконҳои таърихӣ боздид кунем. Ғайр аз ин, худамон ҳам сайругашт карда, аз баҳори Порис лаззат бурдем”, - зикр кард Муҳаммад Азимзода, яке аз овозхонҳои театр.

Барномаи будубоши ҳунармандон дар Порис чунин ташкил шуда буд, ки онҳо ҳар рӯз барои машқу тамринҳо вақт ҷудо мекарданд. Ба гуфтаи ӯ, онҳо дар Душанбе ҳатто пеш аз парвоз, рӯзи якшанбе машқ карданд, зеро консерт масъулияти бузург буд – бояд кишвари худро муносиб муаррифӣ мекарданд.

Акс аз хадамоти матбуоти Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ

Шарики ӯ овозхон Фарангис Қосимова иброз дошт, ки ин сафар ӯро барои расидан ба дастовардҳои нав ва бештар заҳмат кашидан ҳавасманд сохт.

“Ман мефаҳмам, ки бояд бештар кор кунам ва тамоми ҳайати ҳунармандон инро мефаҳманд. Аммо ба туфайли ин сафар мо аз нерӯи мусбат илҳом гирифтем, ки ин ба кори мо дар театр таъсири хубе хоҳад гузошт. Ин сафарҳо барои рушди эҷодӣ буданд ва эътимодамонро ба худ қавӣ карданд!”, – мегӯяд Қосимова.

1/4

Ин аввалин сафари ҳунарии хориҷии театр тӯли чандин соли ахир аст, ки муваффақона анҷом ёфт. Зеро бо вуҷуди корозмудаву ботаҷриба будани тамошобини фаронсавӣ, ҳунармандони тоҷик тавонистанд онҳоро мутаассир кунанд.

Дар ин муваффақият на танҳо ҳунармандони балет, балки тамоми ҳайати кормандони Театри давлатии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ки омодасозии намоишро ба уҳда доштанд, саҳм доранд.

Ба омодасозии ҳунармандони балет сарбалетмейстери асосии театр, Аяна Оскенбаева, мураббиёни балет Малика Калонова ва Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Александр Бахман машғул буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.