Имрӯз, 1-уми апрел дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) муҳокимаи шикояти кассатсионии маҳкумшудаҳо дар доираи парвандаи “табадуллоти давлатӣ” оғоз гардид. Дар ин бора аз Додгоҳи олии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Ба гуфтаи масъули маркази матбуотии ин ниҳод, баррасии зинаи кассатсионӣ соати 10:00 оғоз гардид ва то ҳол идома дорад.
Як манбаъи огоҳ аз рафти мурофиа гуфт ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ҳамаи маҳкумшудагон ва вакилони дифои онҳо дар муҳокимаи зинаи кассатсионӣ ширкат доранд.
“Пайвандони маҳкумшудаҳо ба толори додгоҳ роҳ наёфтанд ва дар берун интизорӣ мекашанд”, - гуфт манбаъи мо.
Рӯзи 20-уми феврал аз Додгоҳи олӣ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ҳамаи маҳкумшудагони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” аз ҳукми додгоҳ ба зинаи кассатсионӣ шикоят кардаанд.
Дар доираи парвандаи “табаддулоти давлатӣ” 9 кас, аз ҷумла 1 вакили собиқи парлумон, 2 намояндаи ҳизбҳои сиёсӣ, 3 мансабдори пешини давлатӣ, 2 маъмури бознишастаи амният ва 1 рӯзноманигори ҷавон рӯзи 5-уми феврал зиндонӣ гардиданд:
- Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷии Тоҷикистон – 27 сол зиндон бо мусодираи амвол;
- Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқи порлумон – 27 сол зиндон бо мусодираи амвол;
- Ҷамшед Бобоев, сарҳанги бознишастаи амният – 21 сол зиндон;
- Аҳмадшо Комилзода, рӯзноманигор ва муовини пешини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон – 19 сол зиндон;
- Акбаршо Искандаров, собиқ раиси Шӯрои олии Тоҷикистон – 18 сол зиндон ва қисман мусодираи амвол;
- Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони варзида ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократ – 18 сол зиндон;
- Нураҳмад Ғанизода, сарҳанги бознишастаи амният – 18 сол зиндон;
- Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини як раёсати ВКХ – 17 сол зиндон;
- Рухшона Ҳакимова, хабарнигори тоҷик ва бародарзодаи Шокирҷон Ҳакимов – 8 сол зиндон.
Аксари онҳо ба иттиҳоми “хиёнат ба давлат” ва “ғасби ҳокимият” муттаҳам шудаанд.
Боздошти чеҳраҳои матраҳи сиёсати Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2024 баъди дастгир шудани Саидҷаъфар Усмонзода оғоз шуд. Рӯзи 14-уми июни соли 2024 Юсуф Раҳмон, додситони кул як зимни ҷаласаи парлумон гуфт, ки бар зидди Саидҷаъфар Усмонзода “барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият” ё моддаи 306, қисми 2, банди "в"-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.
Баъд аз ин яке паси дигар, чеҳраҳои шинохта, Акбаршоҳ Искандаров, Аҳмадшоҳ Комилзода, Ҳамрохон Зарифӣ, Шокирҷон Ҳакимов, Абдулфайз Атоӣ, Нураҳмад Ғанизода ва Ҷамшед Бобоев боздошт шуданд.
Юсуф Раҳмон дар як нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки боздошти аксари ин онҳо ба парвандаи Саидҷаъфар Усмонзода рабт дорад.
Баъдтар маълум шуд, ки дар доираи ин парванда рӯзноманигори ҷавон Рухшона Ҳакимов низ бозпурсӣ шудаву алайҳаш парванда боз шудааст, аммо бо сабаби доштани кӯдаки ширхор ӯ дар озодӣ боқӣ мондааст. Вале баъдӣ эълони ҳукм ӯ ба ҳабс гирифта шуд.
Мурофиаи аввали онҳо рӯзи 14-уми ноябр баргузор шуд ва ҳамаи ин раванд беш аз 6 моҳ дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе (СИЗО) пушти дарҳои баста ҷараён гирифт. Ҳамаи онҳо рӯзи 5-уми феврали соли равон аз 8 то 27 сол раовнаи зиндон шуданд.
Шарҳи расмии Додгоҳ олӣ дар робита ба ин парвандаро, дар ин маводи “Азия-Плюс” хонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста