Дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, палатаи поёнии порлумони кишвар роҳбарони кумитаҳо ва комиссияҳо интихоб шудаанд. Дар ин бора Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии порлумон ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз чанд кумита ва комиссияҳо иборат аст, ки пас аз ҳар давра аз сӯи вакилони тариқи овоздиҳӣ интихоб мешаванд.

Ба гуфтаи манбаъ, нафарони зерин раиси кумитаҳои Маҷлиси намояндагон интихоб гардидаанд:

Рустам Шоҳмурод, раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон;

Насрулло Маҳмудзода, раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният;

Гиёсиддин Ашӯрзода, раиси Кумита оид ба иқтисод ва молия;

Рустам Латифзода, раиси Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин;

Акс аз president.tj

Маҳмадшо Гулзода, раиси Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот;

Муҳаммад Шодиён, раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон;

Муҷибахон Ҷавҳарӣ, раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ;

Илҳом Камолзода, раиси Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ;

Муҳаммадулло Шерализода, раиси Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия.

Ҳамчунин, Ориф Амирзода, раиси Комиссия экологӣ, Парвиз Шодизода - раиси Комиссия оид ба одоби вакилон ва Ғанизода Шӯҳрат, раиси Комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кор интихоб шудаанд.

Муҳаммадато Султонов гуфт, ки то ҳол дар палатаи поёнии порлумони кишвар фраксия таъсис наёфтааст.

Тибқи моддаи 53-и Қонун “Дар бораи маҷлиси олии ҶТ” дар парлумон фраксия ё гурӯҳ бо на кам аз 5 вакил таъсис ёфта, ҳар як вакил ҳаққи ширкат ва узвияти онро дорад.

Гуфтан зарур аст, ки ҳоло Файзалӣ Идизода раиси парлумони Тоҷикистон аст. Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси пешини Додгоҳи олии Тоҷикистон муовини якуми раиси парлумон интихоб шуд. Мавсума Муинӣ, вакил аз ҳавзаи интихоботии Хуҷанд, ки дар даъвати қаблӣ ҳам барои муддате муовини раиси Маҷлиси намояндагон буд, бори дигар муовини раис интихоб шуд. Азиз Гиёзода аз ҳавзаи интихоботии Хоруғ муовини дигари раиси Маҷлиси намояндагон интихоб шуд.

 

Дар парлумон кадом ҳизб соҳиби чанд курсӣ шуд?

Ҳайати нави вакилони даъвати ҳафтуми Маҷлиси намояндагон зимни интихоботе, ки рӯзи 2-юми марти соли 2025 баргузор шуд, интихоб гардиданд. Аз 63 курсии парлумон 49 тои онро ҲХДТ соҳиб шуд, ки ин ду курсӣ бештар нисбат ба парлумони даъвати пешин аст.

Ҳизби аграрии Тоҷикистон 7 курсӣ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон 5 курсӣ, Ҳизби демократи Тоҷикистон ва Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон яктогӣ курсии парлумонро соҳиб шуданд. Натиҷае, ки панҷ соли пеш ҳам сабт шуда буд.

Ҳизби коммунистии Тоҷикистон бори аввал натавонист ҳеҷ курсиеро дар парлумон соҳиб шавад. Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар интихоботи парлумонӣ иштирок накард ва сабаби иштирок накарданашро ҳам шарҳ надод. Ин ҳизб ҳарчанд солҳои пеш дар интихобот иштирок мекард, аммо ҳеҷ гоҳ соҳиби мандат нашудааст.

Имсол нозирони САҲА аз назорат ва чанд расонаи мустақили дохилӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла “Азия-Плюс” Радиои Озодӣ ва BBC аз бозтоби интихоботи парлумонӣ маҳрум шуданд.

Дар ин матлаби “Азия-Плюс” дар бораи кӣ ва аз кадом ҳизбу ҳавза вакили парлумон интихоб шуд, хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.