Маҳдудияти интиқоли барқ ё “лимит” аз 11-уми апрел дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон шабона бекор шудааст.
Дар ин бора Қурбон Аҳмадзода, сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик” ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Ӯ гуфт, рӯзҳои наздик маҳдудияти интиқоли барқ пурра бекор шуда, сокинон бо нерӯи барқ таъмин мегарданд. Аммо санаи мушаххасеро зикр накард.
“Ин аз сатҳи оби дарёи Вахш ҳам вобаста аст”, - гуфт ӯ.
Дирӯз аз ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки “давоми як-ду рӯзи оянда маҳдудияти интиқоли барқ дар кишвар бекор мешавад”.
Муҳаммад Ғуломов, мудири Раёсати назорати тақсимоти барқ дар ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”, ки масъули тақсимоти барқ дар кишвар аст ва реҷаи интиқоли онро ба аҳолӣ муайян мекунад, гуфт, “рӯзҳои охир воридшавии об аз ҳисоби боришоти борон ва гарм шудани ҳаво дар дарёи Вахш зиёд шудааст ва дар як-ду рӯзи оянда маҳдудияти барқ пурра бекор мешавад”.
Ӯ таъкид намуд, ки “маҳдудияти интиқоли барқ ба аҳолӣ имрӯз (10-уми апрел) бояд бекор мешуд, аммо бо баъзе сабабҳо каме ба таъхир уфтод”.
Бояд гуфт, таъмини аҳолӣ бо барқ дар тирамоҳу зимистону баҳор яке аз мушкилиҳои асосии Тоҷикистон аст. Ҳар сол бо оғози мавсими сардӣ дар интиқоли барқ ба аҳолӣ, махсусан дар манотиқи кишвар, маҳдудият ва ё ба қавли миёни мардуи маъмул, “лимит” ҷорӣ мешавад ва он то нимаи баҳор, маъмулан то моҳи апрел идома меёбад. Дар ин муддат ба аҳолии манотиқи кишвар бо реҷаи муайян, яъне чанд соат дар як шабонарӯз барқ дода мешавад.




Вакилони парлумон қонунеро қабул карданд, ки барои воридоти аккумулятор пули “утилизатсия” ситонида мешавад
Нокомии ҷудокорони тоҷик дар “Tokyo Grand Slam 2025”. Онҳо аз Ҷопон бемедал бармегарданд
КҲФ марги як зану шавҳар дар Рашт бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангиштро тасдиқ кард
Таъини ҷазо барои истеҳсоли “криптовалюта” бо истифода аз “барқи дуздӣ”
Марги як корманди пешини ҳукумати Исфара ҳамроҳи ҳамсар ва духтараш дар пайи заҳролудшавӣ
Дар Тоҷикистон чеҳраи нафақахӯронро шиносоӣ мекунанд
Муҳаммад Наимов баъди шикаст аз намояндаи Бразилия дар "UFC 323" чӣ қадар маблағ гирифт?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 37
Мақомот сӯхтор дар ҳудуди бозори “Корвон"-ро шарҳ доданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста