ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ
– Дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб мусобиқаи қаҳрамонии муштзанӣ (бокс)-и ҷаҳон миёни мардон ҷараён дорад. Дар ин мусобиқа, ки дирӯз оғоз шуд, Тоҷикистонро 13 варзишгар намояндагӣ мекунад.
Қаҳрамонҳои ҳар вазни мусобиқа соҳиби 300 ҳазор доллар, ҷойҳои дуюм соҳиби 150 ҳазор доллар, ҷойҳои сеюм соҳиби 75 ҳазор доллар ва ҷойҳои панҷум соҳиби 10 ҳазор доллар мешаванд. Он то рӯзи 13-уми декабр идома мекунад.
– Дар Боғи Куруши Кабири Душанбе намоишгоҳи муштараки Тоҷикистону Эрон идома дорад. Давоми як моҳ аз соати 11:00 то соати 22:00 дар ин мавзеъ намоишгоҳи мазкур баргузор мешавад. Дар он фурӯши маҳсулоти гуногуни ҳунарҳои мардумии ду кишвар, аз ҷумла заргарӣ, гулдӯзӣ, кулолгарӣ, чакандӯзӣ, қолинбофӣ, наққошӣ ва косибӣ ҷараён дошта, ширкатҳои сайёҳӣ ва таомҳои миллии ду кишвар низ муаррифӣ мешаванд.
Ҳамчунин, боздидкунандагон имкон доранд, давоми як моҳ барномаҳои мусиқиву фарҳангӣ ва ҳунарнамоии ҳунармандони ду кишварро тамошо карда, дар қуръакашии тӯҳфаҳо, ҳамоишҳои мавзуӣ ва бозиҳои гуногун ширкат кунанд.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 1965 – Комбинати калонтарин дар ҷумҳурӣ – Комбинати шири Душанбе ба истифода дода шуд.
Соли 1991 – Иттиҳоди Шӯравӣ пош хӯрд. Сарони кишварҳои Русия (Елтсин), Украина (Кравчук) ва раиси Шӯрои Олии Белорус (Шушкевич) Шартнома дар бораи таъсиси Иттиҳоди Шӯравиро бекор карданд.
Соли 2010 – вакилони Парлумони Тоҷикистон якдилона лоиҳаи Қонуни ҶТ "Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро қабул намуданд.
Соли 2010 – Роҳбарони мақомоти мубориза зидди маводи нашъаовари давлатҳои Афғонистон, Покистон, Русия ва Тоҷикистон бори нахуст дар Маскав вохӯрда, дар бораи таъсиси “Чоргонаи зиддимухаддиротӣ дар Осиёи Марказӣ” изҳорот қабул карданд.
Соли 2014 – Ҷунбиши динии "Салафия", ки фаъолияти он дар Тоҷикистон аз ҷониби Додгоҳи олӣ дар ибтидои соли 2009 мамнӯъ эълон шуда буд, дар кишвар гурӯҳи ифротӣ эътироф гардид.

Соли 2016 - Дар Душанбе маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2” ба истифода дода шуд.
Соли 2020 – Олмон ба Тоҷикистон 11 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ) бо арзиши 287,5 ҳазор евро тақдим кард.
Соли 2023 – Бонки Осиёии Рушд гранти 40 миллион доллариро барои таҳкими омӯзиш ва таълими фанҳои техникӣ, муҳандисӣ ва математика (STEM) дар таҳсилоти миёна тасдиқ намуд.
ШАХСИЯТҲО
1949 – Мавлуди Мирзоватан Миров, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, коргардон, оҳангсоз ва овозхон.

Мирзоватан Миров коргардони театр, ҳунарпеша, оҳангсоз ва овозхони тоҷик аст. Ӯ соли 1965 омӯзишгоҳи мадании ноҳияи Рӯдакӣ ва соли 1972 факултаи актёрии Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм кардааст. Солҳои 1972-1979 саркоргардони Театри мусиқӣ-драмавии шаҳри Кӯлоб, солҳои 1979-1981 донишҷӯйи курси олии коргардонии шаҳри Маскав ва аз соли 1981 то 1992 роҳбари бадеии Театри мазҳакаи мусиқии шаҳри Кӯлоб буд. Солҳои 1992-1995 коргардони Театри академии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва аз соли 1995 то 1999 ҳамчун роҳбари бадеии ҳамин театр фаъолият кардааст.
Аз соли 1999 то 2001 сардори раёсати санъати Вазорати фарҳанги ҶТ, солҳои 2002-2012 раиси Иттифоқи арбобони театри Тоҷикистон, ҳамзамон саркоргардони театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов буд. Ду соли баъд дар театри миллӣ, телевизиони миллӣ ва Донишгоҳи ба номи Бурҳониддин Раббонӣ дар Афғонистон ба ҳайси устоди коргардонӣ ва ҳунари актёрӣ сабақ додааст.
Соли 1989 барои офаридани драммаи манзуми мусиқии “Фишор”-и Сафармуҳаммад Айюбӣ дар Фестивал-озмуни театрҳои ҷумҳурӣ “Парасту” соҳиби шоҳҷоиза шудааст. Соли 1995 барои таҳияи фоҷиаи Вилям Шекспир “Ромео ва Ҷулйета” ба ҷоизаи “Режиссёри беҳтарин” сазовор гардид.
Соли 2001 бо намоиши мусиқӣ-фолклории “Тӯй ё ишқи духтари ҳамсоя” дар Сеюмин озмуни ҷаҳонии театрҳо дар Маскав ширкат варзида, баҳои баланди бинандагон ва мунаққидони байнулмилалиро мушарраф шуд. Соли 2003 бо спектакли мусиқӣ-фолклории “Рақси Нодира” дар Ҷашнвораи байнулмилалии театрҳо ба номи А.П.Чехов дар Маскав ширкат варзидааст. Солҳои 2005-2012 спектаклҳои “Тарс”-и Нур Табаров ва “Фирдавсӣ”-и Меҳмон Бахтиро дар Афғонистон таҳия кардааст.
Соли 1950 – Зодрӯзи Ҷӯрабой Раҷабов, китобшиноси тоҷик.
Соли 1970 – Зодрӯзи Илҳом Амонзода, арбоби давлатӣ, вакили Маҷлиси миллӣ, ректори пешини Донишгоҳи технологии Тоҷикистон.

Илҳом Амонзода фаъолияти илмиву педагогиро дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ оғоз намуда, аз зинаи ассистентӣ то роҳбарии сохторҳои муҳими таълимӣ расидааст.
Ӯ дар вазифаҳои гуногун – аз муаллими калон то муовини ректор оид ба корҳои таълим ва илм фаъолият кардааст. Аз соли 2016 ӯ роҳбарии Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро ба уҳда дошт.
28 марти соли 2020 Илҳом Амонзода узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб гардид ва моҳи апрели ҳамон сол муовини раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо дигар сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ таъин шуд.
Соли 1970 – Маувлуди Муҳаммадраҳим Юсуфӣ, агроном, вакили Маҷлиси миллӣ ва раиси пешини навоҳии Рӯдакӣ ва Фирдавсӣ.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
8 декабр Рӯзи байналмилалии рассомон аст, ки соли 2007 аз ҷониби Анҷумани байналмилалии “Санъати халқҳои ҷаҳон” таъсис дода шудааст. Таваҷҷуҳ ба санъати рассомӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз замони Иттиҳоди Шуравӣ зоҳир мегардид, ки кушода шудани Омӯзишгоҳи рассомии Душанбе ва тарбия ёфтани рассомони бузурги кишвар дар ин мактаб далели бориз аст.

Имрӯз дар кишвар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн ба омода намудани мусаввирон машғул буда, дар саросари кишвар мактабҳои зиёди санъати рассомӣ фаъолият мебаранд.
Дар ин рӯз ҳамчунин парчами расмии Шӯрои Аврупо, ки баъдан ба нишони Иттиҳоди Аврупо табдил ёфт, тасдиқ гардидааст. Парчам аз матои кабуди росткунҷа (бо таносуби 2:3) иборат аст, ки дар маркази он 12 ситораи тиллоии панҷгӯша ба шакли ҳалқа, монанди рақамҳои соат ҷойгир шудаанд.

8-уми декабри соли 1980 Ҷон Леннон, гитаранавоз ва овозхони гурӯҳи маъруфи "The Beatles" кушта шуд. Рӯзи маргаш Леннон бо рӯзноманигорони амрикоӣ охирин маротиба мусоҳиба ороста буд.Ба ӯ як мухлисаш, ки бемории рӯҳӣ дошт, тир кушод. Соати 22:50, вақте ки Ҷон ва ҳамсараш Йоко Оно пас аз сабти студиявӣ ба хона бармегаштанд, аз пушташ панҷ тир хӯрд.
Марк Чепмен, қотили ӯ барои ин ҷиноят ба ҳабси абад дар зиндони “Аттика” маҳкум гардид.

ВАЗЪИ ҲАВО
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои водӣ борон ва барф, дар ноҳияҳои кӯҳӣ бошиддат барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9º сард, рӯзона 0+5º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои водибуда борон, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борон ва барф борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 2+7º гарм, рӯзона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -1+4º, рӯзона 3+8º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо борон, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 3+8º гарм, рӯзона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 5-7º сард, рӯзона 2+7º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе минтақаҳо барф бошиддат меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 4-9º сард, дар баъзе ноҳияҳо то -1+1º, рӯзона 1+6º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 7+9º гарм, дар шарқи вилоят шабона 15-20º сард, дар баъзе минтақаҳо то 23-25º сард, рӯзона 1-6º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: шабона 3+5º гарм, рӯзона 12+14º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, борон борида, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 1+3º гарм, рӯзона 6+8º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 3+5º гарм, рӯзона 14+16º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона 7-9º сард, рӯзона 4+6º гарм.




Вакилони парлумон қонунеро қабул карданд, ки барои воридоти аккумулятор пули “утилизатсия” ситонида мешавад
Нокомии ҷудокорони тоҷик дар “Tokyo Grand Slam 2025”. Онҳо аз Ҷопон бемедал бармегарданд
КҲФ марги як зану шавҳар дар Рашт бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангиштро тасдиқ кард
Таъини ҷазо барои истеҳсоли “криптовалюта” бо истифода аз “барқи дуздӣ”
Марги як корманди пешини ҳукумати Исфара ҳамроҳи ҳамсар ва духтараш дар пайи заҳролудшавӣ
Дар Тоҷикистон чеҳраи нафақахӯронро шиносоӣ мекунанд
Муҳаммад Наимов баъди шикаст аз намояндаи Бразилия дар "UFC 323" чӣ қадар маблағ гирифт?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 37
Мақомот сӯхтор дар ҳудуди бозори “Корвон"-ро шарҳ доданд
Аз кор озод кардани муҳоҷирон дар Русия осонтар мешавад. Он чӣ гуна кор мекунад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста