Ширкати “Барқи тоҷик” хабар дод, ки сар аз имрӯз, 11-уми апрел дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон маҳдудияти интиқоли барқ ё “лимит” пурра бардошта шуд. Аҳолӣ 7 моҳи охир аз рӯйи реҷаи муайян бо барқ таъмин мешуданд. Дар ин бора Қурбон Аҳмадзода, сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик” ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Дирӯз, 10-уми апрел аз  ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки “давоми як-ду рӯзи оянда маҳдудияти интиқоли барқ дар кишвар бекор мешавад”.

Муҳаммад Ғуломов, мудири Раёсати назорати тақсимоти барқ дар ин ширкат гуфта буд, ки “рӯзҳои охир воридшавии об аз ҳисоби боришоти борон ва гарм шудани ҳаво дар дарёи Вахш зиёд шудааст ва аз ин рӯ, маҳдудияти барқ пурра бекор мешавад”.

Дар Тоҷикистон ҳамасола аз моҳи сентябр то апрел маҳдудияти нерӯи барқ ҷорӣ мешавад. Лимити барқи имсола аз 22-юми сентябр расман ҷорӣ шуд. Ширкати “Барқи тоҷик” мушкилро ба камбуди об ва афзоиши талаботи аҳолӣ ба барқ унвон карда буд.

Бинои "Барқи тоҷик"

Ҳарчанд, баъди дастури Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон мақомот мегуфтанд, дар як шабонарӯз ба аҳолӣ 10 соат барқ дода мешавад: субҳ аз соати 5:00 то 8:00 ва шом аз соати 16:00 то 23:00. Вале бархе аз сокинон шикоят мекарданд, ки реҷаи интиқоли барқ, дар шаҳру ноҳияҳо риоя намешавад. Онҳо мегуфтанд, ки дар як шабонарӯз аз 5 то 8-соат бо барқ таъмин буданд.

Масъулини дар аввал ин иддаоро эътироф намекарданд, вале баъдан як масъулини “Шабакаҳои интиқоли барқ” гуфт, ки аз сабаби сардии ҳаво реҷаи муайянкардаи Вазорати энергетика ва захираҳои об риоя намешавад.

Қаблан, масъулини Вазорати энергетикаи кишвар ва “Барқи тоҷик” гуфта буданд, ки то нерӯгоҳи “Роғун” пурра ба кор надарояд, “лимит”-и барқ дар кишвар боқӣ мемонад.

Ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳам гуфт, ки соли 2027 мушкили барқ пурра бартараф мешавад.

Ҳудудан 10 рӯз пеш аз лағви маҳдудияти барқ, нархи истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон боз гарон шуд. Аҳолӣ акнун барои истифодаи 1 киловатт-соат нерӯи барқ ба ҷои 30,75 дирами пешина 35,36 дирам пардохт мекунанд.

Зимнан, чанде қабл барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ва напардохтани маблағи истифодаи он ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷорӣ карда шуд.  

Палатаи поёнии парлумон аллакай тағйиру иловаҳоро қабул кард ва дар асоси он барои дуздии барқ аз 27 ҳазор то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 3 то 10 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.