Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯро ва ҷаласаи 58-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ( АБП ИДМ) ба Русия рафт.
Тавре ки дафтари матбуоти палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар ин сафар ӯро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Пагоҳ, 18 апрел раисони парлумонҳо, вакилон ва аъзои палатаҳои болоии парлумони кишварҳои ИДМ дар маросими тантанавии гулчанбаргузорӣ дар маҷмаааи Пискарёв иштирок мекунанд. Сипас дар Кохи Таврида ҷаласаи 58-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ баргузор мешавад.
Дар ҷаласа намояндагони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ аз фаъолият дар соли 2024 натиҷагирӣ карда, масоили омодагӣ ба нишастҳои қарибулвуқуи байнулмилалиро баррасӣ мекунанд.
Ҳамин рӯз меҳмонони фахрии Ассамблея дар кори ҷаласаи Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ бахшида ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок мекунанд.
Ба иттилои Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ, дар доираи иҷлосияи Ассамблея дар мавзӯи “Танзими муқовимат ба истифодаи ҳуши маснӯӣ ва технологияҳои нав бо ҳадафҳои террористӣ тибқи қонунгузорӣ” конфронси байнулмилалӣ доир мегардад.
Дар конфронс масоили хавфу таҳдидҳои марбут ба истифодаи ҳуши маснӯӣ бо ҳадафҳои террористӣ, инчунин ҷустуҷӯ ва дарёфти тавозун байни амнияту бехатарӣ ва инноватсия мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Ҳамчунин дар ҷаласаҳои Комиссияи муттаҳида оид ба ҳамоҳангсозии қонунгузорӣ дар соҳаи амният, инчунин комиссияҳои доимӣ оид ба мудофиа ва амният, масоили сиёсӣ ва ҳамкориҳои байнулмилалӣ масъалаҳои гуногун баррасӣ хоҳанд шуд.




Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста