Олег Дмитриевич Соболев - яке аз куҳантарин рӯзноманигорони Тоҷикистон дар шаҳри Волгоград дар 102-солагӣ аз олам чашм пӯшид.
Ӯ бо оилааш чанд сол пеш аз Душанбе ба он ҷо кӯчида ва рӯзи 3-юми апрел 101-умин солгарди худро ҷашн гирифта буд.
Олег Соболев беш аз 50 сол - аз моҳи марти соли 1959 то 1 январи соли 2013 ба ҳайси мухбир ва муҳаррир дар Агентии миллии иттилоотии “Ховар” (қаблан ТоҷикТА) кор кардааст.
Баъд аз он ки Олег Дмитриевич бо сабаби саломатиаш аз журналистика рафт, ӯ ба навиштани китобҳо шурӯъ кард. Бисёре аз асарҳои ӯ ба ҷанг бахшида шудаанд. Дар дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Лаҳистон, кишварҳои назди Балтика, Финляндия, Олмон ва Чехия ҷангидааст.
Солҳои 1950-ум Соболев ба Тоҷикистон омада, дар рӯзномаҳои "Точикистони Сурх", "Комсомолец Таджикистана" ва "Сталинобод" кор кардааст. Ӯ муаллифи чандин китобҳо, аз ҷумла "Ҷанг, Ғалаба, дил, дард", "Дар рӯзҳои муҳосира дар зери Ленинград", "Ба ту, рӯзноманигори ҷавон" ва дигарон мебошад.
Соли 2008 рӯзноманигор пурра биноиро аз даст дод, аммо бо ёрии ҳамсараш боз ҳам панҷ китоб нашр кард.
Барои саҳми назаррас дар рушди фарҳанги Тоҷикистон ба Олег Соболев унвони фахрии "Корманди шоистаи фарҳанг" дода шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста