Баҳси лафзии ИМА ва Эрон дар бораи музокироти барномаи ҳастаии Эрон то долонҳои Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) кашида шуд. Баъди таҳдидҳои Доналд Трамп, президенти ИМА дар бораи “бомбборон” кардани Эрон, намояндаи ин кишвар дар СММ суханони раиси ҷумҳури Амрикоро нақзи ҳуқуқи байналмилалӣ номида, ҳушдор додааст, ки “ба ҳар гуна ҳамла аз сӯи ИМА зуд ва қатъӣ посух дода хоҳад шуд”.

Сухан дар бораи изҳороти ҳафтаи охири Доналд Трамп меравад, ки дар мусоҳиба бо шабакаи “NBC” изҳор дошт. Ӯ ба Эрон таҳдид кард, ки агар созишномаи ҳастаӣ бо роҳҳои дипломатӣ ҳал нашавад, имкони истифодаи нерӯи низомӣ вуҷуд дорад.

“Агар Эрон бо ИМА ба созишномаи нави ҳастаӣ нарасад, “бомбборон” хоҳад шуд”, - гуфта буд Трамп.

Амир Саид Ировонӣ, сафири доимии Эрон дар СММ, дирӯз, 31-уми март суханони охири раисҷумҳури Амрикоро “изҳороти беэҳтиётона ва душманона” хонд

“Эрон нисбат ба ҳар гуна моҷароҷӯии низомӣ ҳушдори ҷиддӣ медиҳад ва эълом медорад, ки ба ҳар гуна иқдоми таҷовузкорона ё ҳамлаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ё намояндаи он, (махсусан) Исроил алайҳи истиқлол, якпорчагии ҳудудӣ ё манфиатҳои миллии худ, зуд ва қатъӣ ҷавоб хоҳад дод”,- гуфтааст Амир Саид Ировонӣ.

Ӯ дар номаи худ ба дабирки кулли СММ ва раиси Шӯрои амнияти ин созмон навиштааст, ки изҳороти Доналд Трамп “нақзи ҷиддии ҳуқуқи байналмилалӣ ва принсипҳои асосии Оинномаи СММ, хусусан банди чаҳоруми моддаи дуи он ба шумор меравад”.

Ин банди оинномаи СММ таъкид мекунад, ки ҳамаи аъзои СММ дар равобити байналмилалии худ аз таҳдиди нерӯ ё истифодаи он алайҳи дахлнопазирии ҳудудӣ ё истиқлоли сиёсии дилхоҳ давлат худдорӣ мекунанд.

 

Амир Саид Ировонӣ
Акс аз EPA-EFE/REX

Дирӯз, 31-уми март Оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон низ гуфтааст, “бо вуҷуди он ки таҳдид мекунанд, ки амалҳои бадхоҳона анҷом медиҳанд, мо бовар надорем, ки чунин амал воқеан анҷом пазирад. Аммо агар чунин амал сурат гирад, онҳо дар ҷавоб зарбаи сахту қавӣ хоҳанд гирифт”.

Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон низ гуфтааст, ки Алӣ Хоманаӣ худ ба номаи Доналд Трамп посух додааст ва дар ин нома музокироти мустақим рад шудааст.

Алӣ Лориҷонӣ, яке аз мушовирони аршади Алӣ Хоманаӣ дар як мусоҳибаи хабарӣ гуфтааст, “Агар Амрико ё Исроил ба баҳонаи созиши ҳастаӣ Эронро “бомбборон” кунанд, Эрон ба тавлиди бомбаи атомӣ маҷбур хоҳад шуд.”

“Аксари сиёсатмадорон суханони Трампро як навъ лофзанӣ медонанд. Трамп ба Русия ва Канада ҳам таҳдид кард, вале ҳодисаи муҳиме рух надод. Бо вуҷуди ин нерӯҳои низомии Эрон ҳатто эҳтимолияти камро низ ба ҳисоб мегиранд ва омода ҳастанд”, - гуфтааст ӯ.

Бояд гуфт, Доналд Трамп аз замони бозгашти дубора ба Кохи сафед хостори музокирот бо Эрон бар сари барномаи ҳастаӣ аст. Ин аст, ки оғози моҳи март ба унвонии Саид Алии Хоманаӣ нома фиристода, пешниҳоди гуфтугӯҳои мустақимро карда буд.

Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон рӯзи 27-уми март, ба хабаргузории давлатии ИРНА гуфтааст, кишвараш ба мактуби фиристодаи Доналд Трамп посухи расмӣ гардонидааст ва тавассути давлати Уммон ирсол намудааст.

Ҳамчунин, Ароқчӣ афзудааст, “албатта дар ин нома кӯшиш шудааст, ки равзанае барои дипломатия боз монад.”

Ҷонибҳо дар бораи он ки дар номаҳо мушаххасан чӣ гуфта шудааст, изҳорот надодаанд. Аммо Аббос Ароқчӣ, муовини вазири умури хориҷии Эрон дар дар бораи муҳтавои ин нома гуфта буд, “ин нома ҷанбаъҳои гуногун дорад ва бахшҳое аз он таҳдидомез аст. Мо иҷоза намедиҳем, ки касе бо забони таҳдид бо мардуми Эрон сухан гӯяд”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.