ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 1 АПРЕЛ
Соли 1960 – Дар шаҳри Сталинабод (Душанбе) корхонаи истеҳсоли хишти силикатӣ (силикатный кирпич) ба фаъолият оғоз кард.
Соли 1987 – Дар Тоҷикистон нашриёти “Адиб” таъсис дода шуд.
Соли 2000 – Фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ, ки дар асоси Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ амал мекард, қатъ гардид.
Соли 2008 – Дар Тоҷикистон истифодаи воситаҳои нақлиёт бо чанбарак аз тарафи рост манъ карда шуд.
Соли 2009 – Парлумони Тоҷикистон қонуни ҷорӣ намудани чораҳои зиддидампингиро нисбат ба баъзе молҳои хориҷӣ қабул кард.
Соли 2010 – Кодекси навии мурофиаавии ҷиноятии Тоҷикистон ба иҷро даромад.
Соли 2010 – Барои сайёҳоне, ки ба Тоҷикистон меоянд, арзиши ягонаи гирифтани раводиди сайёҳӣ ҷорӣ карда шуд.
Соли 2015 – ВВС бахши тоҷикии худро баст. Он аз соли 1993 фаъолият мекард.
Соли 2018 – Дар Душанбе низоми ягонаи корти пардохтии нақлиётии “Citycard” барои пардохти роҳкиро дар троллейбусҳо ва автобусҳо ба кор даромад.
Соли 2020 – Бо мақсади пешгирии хатарҳо, дар ҳамаи маҳбасҳои Тоҷикистон мулоқотҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат бо маҳкумшудагон муваққатан қатъ карда шуданд.
Соли 2022 - Дар Тоҷикистон Телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” кушода шуд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1946 - Мавлуди Аслам Додихудоев, рӯзноманигори тоҷик.
Соли 1951 – Зодрӯзи Абдулҳай Маҳмадаминов, мунаққид ва адабиётшиноси тоҷик.

Абдулҳай Маҳмадаминов, адабиётшиноси тоҷик солҳо умри худро дар пайи таҳқиқи адабиёт ва таълими шогирдон сарф намудааст.
Ӯ фаъолияти кориашро дар Донишгоҳи давлатиии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) оғоз намуда, то имрӯз дар ин боргоҳи илм фаъолият мебарад.
Таълифоти вай бештар ба назарияи адабиёт, нақди адабӣ, фолклоршиносӣ ва луғатшиносӣ бахшида шудаанд, аз ҷумла ӯ дар тадқиқи рӯзгор ва осори устод Айнӣ ва Лоҳутӣ монографияҳо таълиф намудааст.
Тарҷумаи китоби дарсии “Духтарбача ё Холида”-и Садриддин Айнӣ, “Тоҷикон”, “Таҷрибаи тавсифи бекигарии Кӯлоб”-и Гребенкин ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Вай ҳамчунин мусаннифи луғати шеваи гӯиши мардуми Хатлон таҳти унвони “Фарҳанги Асалмоҳ”, осори фолклории “Қиссаи ҳазрати Шоҳ Аҳтам”, “Маликаи зебоҳусн”, “Шоҳзода Доробшоҳи зарринкамар” мебошанд.
Соли 1951 – Мавлуди Додохони Эгамзод, рӯзноманигор ва шоири тоҷик.
Фаъолияти меҳнатиашро аз моҳи августи соли 1973 чун ходими адабии рўзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон») оғоз намуда, сипас то соли 1980 мухбири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» дар вилояти Ленинобод, ҳозира Суғд буд.
Номбурда аз моҳи декабри соли 1980 то моҳи октябри соли 1989 мухбир ва баъдан котиби масъули рӯзномаи «Адабиёт ва санъат» буд. Ӯ солҳои 1989-1991 сармуҳаррири рўзномаи «Паёми Душанбе»-ро ба уҳда дошт ва сипас чун муовини аввали сармуҳаррири рўзномаи «Тоҷикистон» то моҳи августи соли 1992 фаъолият бурдааст.
Додохони Эгамзод аз моҳи марти соли 1999 то моҳи августи соли 2007 сармуҳаррири маҷаллаи «Ноҳид» буд. Ҳамзамон бунёдгузори нашрияҳои «Саломат бошед», «Лочин», «Лаку Пак», «Ганҷи Ворух» буда, дар пешрафти матбуоти тоҷик саҳми назаррас гузоштааст.
Додохони Эгамзод муаллифи китобҳои «Караван улыбок», «Лабханди нодир», «Гаҳворабахш ё худ қиссаи зангирии худам», «Лангари боссозӣ», «1001 ханда», «Парастуи рамида», «Балогардон ё худ пораҳо аз хотираҳои як нависанда дар бораи се президент» ва ғайра мебошад.
Соли 1954 – Зодрӯзи Ибодулло Машрабов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Ибодулло Машраб хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи А. Луначарскийи шаҳри Маскав буда, фаъоляити ҳунарии худро дар Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов оғоз намудааст. Баъдан дар Театри давлатии лӯхтак, телевизони Тоҷикистон, Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ ба ҳайси ҳунарманд, коргардон ва саркоргардон фаъолият доштааст. Солҳои 2000-2005 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Ибодулло Машраб солҳои 2006-2015 директори Театри Лоҳутӣ ва солҳои 2015-2019 муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Ӯ аз ҷумла дар намоишномаҳои “Хусрав ва Ширин”, “Сурӯши Сталинград”, “Якпула савдо, садпула ғавғо”, “Сӯруши зиндагӣ”, “Хонасӯзон”, “Исмоили Сомонӣ”, “Искандари Зулқарнайн ва Спитамон», дар кинофилмҳои “Ашк ва шамшер”, “Хоби бедорӣ”, намоишномаҳои телевизионии “Пандномаи Саъдӣ”, “Ҷиноят ва ҷазо” нақш офаридааст.
Ибодулло Машраб ҳамчун ровӣ ҳамчун режиссёри барномаҳои театрӣ маъруф аст.
Соли 1958 - Мавлуди Шариф Комилзода, китобшинос, собиқ директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоооти Вазорати фарҳанг.
Соли 1961 - Мавлуди Абдурауф Муродӣ, рӯзноманигор, нависанда ва шоири тоҷик.

Абдурауф Муродӣ солҳо ба сифати омӯзгор, сармуҳаррири нашрияи “Нурафшон”, “Дайри муғон” ва “Сомониён” фаъолият карда ва соли 2002 ҷонишини сармуҳаррири ҳафтаномаи “Омӯзгор” таъин гардид.
Абдурауф Муродӣ муаллифи китобҳои “Дили гарм” (ҳикоя), “Мӯйлаб” (ашъори ҳаҷвӣ), “Ҷасорат” (қиссаи ҳуҷҷатӣ), “Аз нешханд то нӯшханд” (ҳаҷвияҳо), “Шукуфти ғунчаи лабҳо” (ҳикояҳои ҳаҷвӣ), “Чошнӣ” (ашъори ҳаҷвӣ) ва қиссаи ҳаҷвии “Ману занам” мебошад.
Соли 1966 - Зодрӯзи Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон, собиқ раиси вилояти Хатлон.

Қурбон Ҳакимзода дар аввали фаъоляити кориаш дар бахши хоҷагии қишлоқ дар Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Хуҷанд кор карда, баъдан раиси Кумитаи заминсозии вилояти Суғд, сардори Идораи кишоварзии вилояти Суғд, муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, сардори Идораи кишоварзии вилояти Суғд ва муовини раиси вилояти Суғд буд.
Солҳои 2008-2010 Раиси ноҳияи Зафаробод, солҳои 2010-2013 раиси ноҳияи Фархор, солҳои 2013-2018 муовини якуми раиси вилояти Хатлон кор кардааст. Соли 2019 раиси вилояти Хатлон таъин гардид ва то соли 2023 дар ин вазифа кор кард. Аз 5 январи соли 2023 ба ҳайси вазири кишоварзии Тоҷикистон адои вазифа мекунад.
Соли 1977 - Зодрӯзи Наргис Қосимова, рӯзноманигор, ровии телевизион ва блогер.

Ӯ чанд сол ҳамчун ровии бахши русӣ дар ТВ “Сафина” кор кард. Як муддат раҳбарии созмони ҷамъияти “Даст ба даст”-ро ба уҳда дошт, ки дар назди он як мактаби журналистони наврас амал мекард. Чандин рӯзноманигори ҷавони имрӯза хатмкунандаи ин мактаб мебошанд.
Ӯ дар соли 2020 барои як сол раиси Эътилофи бонувони журналист интихоб шуд. Ин созмон соли 2016 таъсис шуда, ба гуфтаи муассисонаш, ҳадафаш муттаҳид кардани журналистони зан ва ҳимоят аз ҳуқуқи онҳо мебошад.
Ҳоло аз кори телевизион канор рафтааст ва бештар ба блогерӣ машғул аст.
Соли 1977 – Зодрӯзи Далер Раҳматов, коргардони синамо ва филмноманависи тоҷик.
Соли 2008- Турдихон Бердиева, шарқшинос-забоншиноси тоҷик дар шаҳри Хуҷанд аз олам даргушт.
Баъди фаъолияти чандсола дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси омӯзгор, омӯзгори калон, мудири кафедра, аз соли 2000 то охири умр ноиби ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба илм буд.
Соли 2019- Мушаррафа Қосимова - "модари театри тоҷик" дар синни 102-солагӣ дунёро тарк гуфт.
Мушаррафа Қосимова ҳамсари Муҳаммадҷон Қосимов, ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ ва модари Фаррух Қосимов, бунёдгузори театри "Аҳорун" дар Тоҷикистон буд. Ӯ дар соли 1930 баъд аз кӯч бастани оилааш аз Самарқанд ба Душанбе ба Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Тошканд дохил шуд. Аммо дертар падарашро "душмани халқ" эълон карданд ва Мушаррафа Қосимова маҷбур шуд барои таъмини зиндагии хонаводааш барои кор ба театр дохил шавад.

Мушаррафа Қосимова нахуст бо Абдулҳақ Усмонов издивоҷ кард, ки соли 1942 дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар наздикии Сталинград кушта шуд. Соли 1946 вай бо ҳунарманди маъруф Муҳаммадҷон Қосимов издивоҷ намуд. Дар тӯли фаъолияти ҳунариаш Мушаррафа Қосимова дар театр ва синамо садҳо нақш иҷро кардааст.
Ӯ ҳамчун ҳунарпешаи Театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ (1937-1983) ва аз соли 1989 – дар театр-студияи «Гаҳвора» ҳунарнамоӣ намудааст. Дар кинематографи тоҷик аз соли 1956 фаъолият кардааст.
Мушаррафа Қосимова унвони Ҳунарманди мардумии Тоҷикистонро дошт ва дар намоишномаҳои "Ҳаёт ва ишқ"-и Файзулло Ансорӣ, "Гавҳари шабчароғ"-и Сотим Улуғзода, "Дохундаи"-и Садриддин Айнӣ ва дар филмҳои "Нисо", "Вохӯрӣ дар дара" ва "Дарду алами Афғонистон" нақшҳо иҷро кардааст. Ҳамчунин дар намоишномаи "Исёни арӯсон" ва "Ҷон модаракон" нақши модарро иҷро кардааст.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз дар саросари ҷаҳон Рӯзи ханда таҷлил мешавад. Рӯзи ханда яке аз ҷашнҳои ғайрирасмии байналмилалӣ мебошад, ки дар ин рӯз мардум ба ҳамдигар шӯхӣ мекунанд, дӯстон ва наздиконро бо хабарҳои ҳазломез гӯл мезананд ва бо ҳазлу бозӣ фазои хушҳолиро эҷод мекунанд.

Манбаи аслии пайдоиши Рӯзи ханда то ҳол дақиқ маълум нест, аммо чанд фарзияи маъруф вуҷуд дорад. Вобаста ба баробаршавии баҳор дар бисёр кишварҳо пештар 1 апрелро ҳамчун ҷашни баҳорӣ бо шӯхиву бозӣ таҷлил мекарданд. Дар асрҳои миёна Соли нав 25–уми март оғоз мешуд ва 1 апрел ба анҷом мерасид. Баъди иваз шудани тақвим, баъзеҳо ба таҷлили ин Соли нави кӯҳна идома доданд, ки дигарон онҳоро “аблаҳони апрелӣ” меномиданд ва шӯхӣ мекарданд.
Фарзияи дигар чунин мегӯяд, ки Рӯзи ханда бори аввал дар Фаронса пайдо шудааст, ки дар он мардум ба ҳамдигар тӯҳфаҳои пучи хандаовар медоданд.
Ҳамчунин, 1-уми апрел Рӯзи байналмилалии парандаҳо таҷлил мешавад, ки ҳадафи он ҳифзи гуногунӣ ва миқдори парандаҳо аст. Тибқи таҳлилҳо, дар ҷаҳон зиёда аз 10 ҳазор намуди парранда вуҷуд дорад, ки беш аз 1200 намуди он ба Китоби сурхи Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ворид карда шудааст.

1 апрел Рӯзи ихтирои коняк аст.
Коняк як навъи машруботи спиртӣ мебошад, ки тибқи технологияи махсус ва бо истифода аз ангури муайян дар минтақаи мушаххас истеҳсол карда мешавад. Ин таърих бо он марбут аст, ки ангури барои истеҳсоли коняк пешбинишуда бояд то 1-уми апрел дар зарфҳо рехта шавад.

1 апрел Рӯзи пайдоиши доллар аст. Соли 1778 соҳибкори Ню Орлеан Оливер Поллок аломати долларро ихтироъ кард. Ин рамз аз аломати песетаи испанӣ гирифта шудааст, ки ду хат болои ҳарфи «S» дошт. Дар соли 1785 доллар расман ҳамчун пули миллӣ дар ИМА қабул шуд.

1 апрели соли 1938 аввалин маротиба қаҳваи ҳалшаванда дар Швейтсария муаррифӣ гардид. Технологияи тавлиди он 7 сол таҳия шуда, дар асл соли 1901 дар Ҷопон ихтироъ шуда буд. Дар давоми Ҷанги Дуюми Ҷаҳон қаҳваи ҳалшаванда ба ҷузъи ғизои сарбозони амрикоӣ табдил ёфт.

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 1 АПРЕЛИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 4+9º гарм, рӯзона 18+23º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9º сард, рӯзона 8+13º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 6+11º гарм, рӯзона 23+28º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2+7º гарм, рӯзона 16+21º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 4+9º гарм, рӯзона 18+23º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6º гарм, рӯзона 13+18º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 2-7º сард, рӯзона 8+13º гарм (дар н.Дарвоз шабона 1+6º гарм, рӯзона 16+18º гарм), дар шарқи вилоят шабона 11-16º сард, дар баъзе минтақаҳо то 17-19º сард, рӯзона -2+3º гарм, дар баъзе минтақаҳо то 1-6º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 6+8º гарм, рӯзона 21+23º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 6+8º гарм, рӯзона 21+23º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 7+9º гарм, рӯзона 24+26º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 1-3º сард, рӯзона 10+12º гарм.
Беш аз 1 ҳазору 500 нафар дар зиндон. Акнун барои гузоштани “лайк” касе зиндонӣ намешавад?
Дар Тоҷикистон аз нӯшокиҳои нерубахш низ андоз мегиранд
“Лимит”-и барқ пурра бардошта шуд. Аҳолӣ 7 моҳи маҳдудияти бебарқиро чӣ гуна паси сар карданд?
Рустами Эмомалӣ дубора раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуд
Ҳаёти марде, ки ба ҳар тавсиф меарзад
Вазорати дифоъ: “Нақшаи даъват ба артиш беш аз 80 дарсад иҷро шуд”
Дар Душанбе нимпайкараи Одина Ҳошим, фалаксарои машҳур қомат афрохт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 2
“Танҳо шабона”. Аз “Барқи тоҷик” гуфтанд, маҳдудияти интиқоли барқ бекор шудааст
Яке аз куҳантарин рӯзноманигорони Тоҷикистон Олег Соболев даргузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста