Гӯштингирони мунтахаби Тоҷикистон дар Asian Championships-2025, ки дар Уммон (Урдун) баргузор шуд, иштирок карданд.
Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Федератсияи гӯштини Тоҷикистон хабар доданд, ду намояндаи мунтахаби Тоҷикистон - Виктор Рассадин ба дарёфти медали нуқра ва Магтмед Евлоев - ба гирифтани медали биринҷӣ шарафёб гардиданд.

Дар ин мусобиқаи қораи Осиё ҳудуди 400 нафар варзишгарон иштирок карданд. Варзишгарони дар ду навъи гӯштингирӣ - гӯштини тарзи озод ва юнониву румӣ рақобат карданд.
Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар гӯштини тарзи озод иборат буд аз: Айаал Белолюбский (57 кг), Ҷамшед Шарифов (61 кг), Виктор Рассадин (70 кг), Магомед Евлоев (79 кг), Салимҷони Ҳалимзода (86 кг).
Ба ҳайати гӯштини тарзи озод варзишраони зерин шомил буданд: Аслам Азизов (60 кг), Суннат Абдуллоев (67 кг), Лоиқи Амирхонзода (72 кг), Муслиҳиддин Уроқов (77 кг), Ҳабиб Зуҳуров (82 кг), Суҳроб Абдулхаев (87 кг), Эдуард Бабеношев (97 кг).
Дигар намояндагони мунтахаби Тоҷикистон дар ҳарду навъи гӯштини ин мусобиқа дар давраҳои аввал ё байни қувваозмоиҳо аз рақибони худ шикаст хӯрда, аз дарёфти медалҳо маҳрум шуданд.