Дирӯз, 28-уми март дар Тоҷикистон интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон баргузор гардид, ки аз ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ 25 нафар ҳамчун аъзои палатаи болоии парлумони кишвар интихоб шуданд.
Худи ҳамин рӯз, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) бо баргузории як ҷаласа гуфт, интихобот "ошкоро, шаффоф ва озод бо иштироки фаъоли вакилони интихобкунанда" баргузор гардид.
Ин ниҳод ҳамчунин гуфт, дар интихобот аз нисф зиёди шумораи умумии вакилони интихобкунанда аз маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ширкат карданд.
“Тибқи талаботи моддаи 43 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаҳои якҷояи Маҷлисҳои вакилони халқи гуфташуда оид ба интихоботи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳиятнок ҳисобида шуданд”-, гуфтааст КМИРТ.

Ҳамин тариқ, ин ниҳод номзадии 25 аъзои нави Маҷлиси миллии Тоҷикистон, ки аз сӯи вакилони маҷлисҳои вилоятҳо ва шаҳри Душанбе интихоб шуда буданд, тасдиқ кардааст.
Дар миёни вакилони Маҷлиси миллӣ номи Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, раисони се вилояти кишвар, раисони баъзе шаҳру навоҳӣ, ректорони бархе донишгоҳҳо, директорони мактабҳо ва президенти Академияи илмҳо низ дида мешавад.
Аъзоёни нави Маҷлиси миллӣ аз рӯи минтақаҳо чунин аст:
Ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) №1:
- Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ;
- Назарзода Ризо, раиси шаҳри Хоруғ;
- Раҷабзода Зунайда, раиси ҲХДТ дар ВМКБ;
- Анвар Иматшозода, раиси ноҳияи Ишкошим;
- Умедҷон Носирзода, раиси ноҳияи Дарвоз.

Ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ дар вилояти Суғд №2:
- Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд;
- Адҳам Маъмурзода, раиси шаҳри Истаравшан;
- Абдухолиқ Холиқзода, раиси шаҳри Панҷакент;
- Дилором Ғафурзода, директори мактаби №7-и шаҳри Конибодом;
- Замира Рустамзода, директори “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат” дар шаҳри Бӯстон.

Ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ дар вилояти Хатлон №3:
- Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон;
- Бахтиёр Назарзода, раиси шаҳри Кӯлоб;
- Зариф Вализода, раиси ноҳияи Фархо;
- Икромиддин Вализода, раиси ноҳияи Ёвон;
- Мирзодавлат Сабурзода, раиси ноҳияи Қубодиён.

Ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ дар шаҳри Душанбе №4:
- Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе;
- Мунира Каримзода, сартабиби Беморхонаи бемориҳои сироятии кӯдакона;
- Нуриддини Муҳиддин, ректори Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино;
- Қудрат Давлатзода, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Осимӣ;
- Қобилҷон Хушвахтзода, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

Ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5:
- Парвиз Акрамзода, раиси шаҳри Турсунзода;
- Ҷаббор Носирзода, раиси шаҳри Ҳисор;
- Абдуғаффор Ҳикматуллозода, раиси ноҳияи Рўдакӣ;
- Шоира Абдураҳимзода, муовини раиси шаҳри Ваҳдат;
- Зарина Идизода, раиси ноҳияи Рашт.

Бояд гуфт, ки интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон баргузор шуд. Ӯ дар ин бора рӯзи 4-уми декабри соли гузашта фармон имзо карда буд.
Бояд гуфт, Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон 33 курсӣ дорад, ки 25 узви он аз сӯйи вакилони маҷлисҳои маҳаллии ВМКБ, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва вилоятҳои Суғду Хатлон интихоб мешаванд. Ҳашт узви дигари маҷлисро раисҷумҳури кишвар таъин мекунад.
Маҷлиси миллӣ аз салоҳиятҳои густурда, аз ҷумла, тасдиқи қонунҳо ба ғайр аз қонуни буҷа бархӯрдор аст. Додрасҳои Додгоҳи олӣ, Додгоҳи олии иқтисодӣ ва додситони кулл ҳам танҳо баъди тасдиқи палатаи болоии порлумон ба кор оғоз мекунанд.
Дар давраи ҳамакнун гузашта, Рустами Эмомалӣ (2020-2025) раиси Маҷлиси миллӣ буд ва се раиси вилоятҳо аз ҷумлаи муовинони ӯ буданд.
Мувоффиқи қонунгузории кишвар раиси Маҷлиси миллӣ шахси дуввум баъди роҳбари давлат ба ҳисоб меравад, ки дар сурати истеъфо ё вафот ваколатҳои ӯ то интихоботи навбатӣ ба уҳдаи раиси палатаи болоии парлумон вогузор мешавад.
Додгоҳи олӣ баррасии шикояти кассатсионӣ дар парвандаи “табаддулот”-ро оғоз кард
Киҳо раиси кумитаву комиссияҳои порлумони Тоҷикистон интихоб шуданд?
Ду медали гӯштингирони Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё
Имзои Шартномаи нуқтаи пайвастшавии сарҳад миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 апрели соли 2025
Синфи миёна - муҳаррики иқтисод ва омили субот. Тоҷикистон то соли 2030 барои рушди он чӣ нақша дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2025
Иди саиди Фитр муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2025
Ҷалби нерӯҳои СААД ба қазияи Украина то куҷо воқеӣ аст ва ин ба кишварҳои аъзояш чӣ паёмад дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста