Як сол пеш, шаби 28 ба 29-уми марти соли 2024, дар шаҳри Конибодом 5 аъзои як оила кушта пайдо шуданд. Ин ҳодисаи мудҳиш на танҳо сокинони ин шаҳр, балки тамоми аҳолии кишварро ба даҳшат овард. Мақомот қотил меҷусту сокинон фарзияҳои куштори бераҳмонаи як оиларо зикр мекарданд, аммо он замон касе намедонист, ки ин оғози кушторҳои пайдарпай ва асроромез дар Конибодом аст.
Баъди ин, Конибодом дар сархати расонаҳо қарор дошт. То охири сол дар ин шаҳр 23 аъзои 7 оила кушта шуд.
Дар ин миён, дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори гаштугузори шахсони ниқобпӯш ҳам нашр шуд ва миёни мардум тарсу нигарониро ба вуҷуд овард. Сокинон дару тирезаи худро оҳанпеч карданд ва бархе низ шаҳрро тарк карда ба дигар навоҳӣ ба хонаи пайвандонашон рафтанд. Теъдоде аз мардҳои шаҳр гулхан афрӯхта, шабона дар кӯчаҳо то субҳ навбатдорӣ ташкил карданд.
Пас аз чандин рӯзи сукут, масъули ВКД кушторҳои пурасрор дар Конибодомро “кушторҳои муқаррарӣ” гуфтанд ва таъкид намуданд, ки гумонбарон боздошт ва ҷиноят ошкор шудаанд. Аммо куштор ҳамоно идома дошт. Дар шаҳр кормандони зиёди мақомоти амниятиву тафтишотӣ ҳузур доштанд.
Ниҳоят, 21-уми декабри соли 2024, пас аз 9 моҳ аз оғози кушторҳои пурасрор Додситонии кул бо нашри як изҳорот хабар дод, ки дар пайванд ба кушторҳои пайдарпай дар Конибодом, чаҳор нафар боздошт ва нисбаташон парванда боз шудааст.

Тафтишот дар кадом марҳила аст?
Бояд эътироф кард, ки ба ин савол посухи мушаххас пайдо карда натавонистем. Дар Додситонии кулли Тоҷикистон аз ҷараёни тафтишот иттилое надоданд ва барои ироаи тафсилот, мактуби расмӣ дархост карданд.
Қаблан Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли кишвар дар нишасти хабарӣ гуфта буд, ки дар пайванд ба ин ҳодисаҳо “шахсоне, ки зери гумон ҳастанд, зиёд аст”, ки шахсияти онҳо ҳоло пурра маълум нашудааст. Ӯ гуфт, ки ҳадафи аксари ин кушторҳо “ғоратгарӣ, соҳиб шудани молу амволи хонавода ва куштани соҳибхонаҳо” будааст.
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон низ дар нишасти хабарӣ гуфта буд, ки дар робита ба ҳодисаҳои Конибодом “чанд каси дигар дар кофтуков қарор доранд”.
Ҳоло ҳамин қадар маълум аст, ки дар робита ба кушторҳои пайдарпай 4 сокини ин шаҳр боздошт шудааст:
- Худойбердиев Солехҷон Набиевичи 26-сола, сокини ҷамоати деҳоти Фирӯзоба, деҳаи Гулбоғи шаҳри Конибодом;
- Тухтаев Аҳадҷон Насибҷоновичи 27-сола, сокини ҷамоати деҳоти Фирӯзоба, деҳаи Гулбоғи шаҳри Конибодом;
- Равшанов Бахтиёри 36-сола, сокини ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, деҳаи Санҷидзори шаҳри Конибодом;
- Одилов Манучеҳр Солиҷоновичи 28-сола, сокини ҷамоати деҳоти Ҳамробоев, кӯчаи М.Абдуллоеви шаҳри Конибодом.
Додситонии кул гуфт, алайҳи ҳамаи чаҳор боздоштшуда парванда боз шудааст ва “фаъолияти гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ таҳти назорати бевоситаи роҳбарияти олии кишвар қарор дошта, тафтишот идома дорад”.
Назари худи боздоштшудагон ё вакили дифои онҳо ба иттиҳом маълум нест. Танҳо пайвандони онҳо ба иттиҳом бо шубҳа мегиранд ва иддао доранд, ки бегуноҳанд.

Таърихи кушторҳо. Аз оғоз то анҷом
Кушторҳо дар Конибодом ва маҳаллаҳои гирду атрофи он шаби 28 ба 29-уми март сар шуд. Он шаб дар кӯчаи Комил Ёрматови шаҳри Конибодом 5 аъзои як оила, Муҳиддин Шарифови 65-сола, ҳамсараш Марям Шарифова, келини хона Фирӯза Шарифова ва набераҳояш Абубакр Шарифов ва Азиз Кабирзода кушта пайдо шуданд.
Мақомот дар оғоз Муҳиддин Шарифовро ҳамчун гумонбар эълон карданд вале дертар ин гуфтаҳо рад шуд. Он замон Кабир Шарифов, писари Муҳиддин Шарифов ба “Азия-Плюс” гуфт, ки падараш ҷабрдида эътироф шудааст ва қотилони асосӣ пайдо нашудаанд.
Шаби 16 ба 17-уми апрел дар деҳаи Сайҳуни шаҳри Конибодом зану шавҳари 70-сола Музаффар Урмонов ва ҳамсари ӯ Иноят Урмонова кушта пайдо шуданд. Пас аз 21 рӯзи ин ҳодиса мақомот Шарифҷон Ашӯров, бародари Музаффар Урмонов бо гумони куштори онҳо боздошт кард.

Бо вуҷуди он ки хешовандон ва фарзандони ҷуфти кушташуда ва фарзандони гумонбари куштор ба гуноҳкории мард бовар надоштанд ва далел оварданд, ки дар шаби куштор Ашӯров ба ҳеҷ куҷо нарафтааст, номбурда дар куштор гунаҳкор дониста шуд ва 12-уми декабр ба 20 соли зиндон маҳкум гардид.
Шаби 28 ба 29-уми май дар деҳаи Санҷидзори шаҳри Конибодом шаш узви ду оила кушта пайдо шуданд. Як оилаи кушташуда тоҷикон, оилаи дигар қирғизҳо буданд.
Мақомот дар ин ду куштор посбони 42-солаи мактаби деҳаи Санҷидзори ноҳияи Конибодом Марат Сатторовро айбдор карданд. Дар охири моҳи ноябри соли гузашта Додгоҳи олии Тоҷикистон ӯро ба ҳабси абад маҳкум кард.
Куштори навбатӣ шаби 8 ба 9-уми декабр дар деҳаи Шӯробқалъаи шаҳри Конибодом рух дод, ки ҷасади 6 узви як оила – зану шавҳар ва 4 фарзандашон дарёфт шуд.
Ҷасади сардори оила Наимҷон Неъматови 37-соларо дар дарахт овезон, ҳамсараш Нафиса Неъматоваи 33-соларо бо кӯдаконаш – се духтари яке 13-сола, дугоникҳои 10-сола ва писарбачаи 2-сола бо “нишонаҳои буғӣ кардан” пайдо карданд.
Як ҳафта баъд аз ин ҳодиса, шаби 15 ба 16-уми декабр дар деҳаи Ҳисорак (Қурғончаи собиқ) шаҳри Конибодом боз ҷасади чор узви ду оила кушта пайдо шуданд.

Дар умум, давоми 10 моҳ, дар шаҳри Конибодом 23 узви 7 оила ба таври мармуз кушта шуданд.
Кушторҳои пайдарпай дар он шабу рӯз тарсу ҳарос ва нигаронии сокинонро ба вуҷуд овард. Хабаринигори “Азия-Плюс” кушторҳои пайдарпай дар Конибодомро аз аввал пайгирӣ кард ва чанд маротиба ба ин шаҳр рафта, гузориш таҳия кард.
Гузоришеро, ки баъди қатли чор узви ду оила дар деҳаи Ҳисорак таҳия гардид, бо ин пайванд “Кӯчаҳои камодам, сокинони ҳаросон, посбонӣ дар гирди гулхан. Гузориш аз як деҳаи Конибодом, ки дар як шаб 4 касро куштанд” метавонед мутолиа кунед.
Дар бораи хроникаи кушторҳо дар Конибодом ва ҳароси сокинон дар гузориши “Аз 4 гумонзад 3 нафар маҳбуси собиқанд. Сӯҳбат бо наздикони гумонбарони кушторҳои пайиҳам дар Конибодом” мутолиа кунед.