Волидайни бархе донишҷӯёни тоҷик ба вакилони парлумони кишвар шикоят бурдаанд, ки шахсони ношинос фарзандонашонро зимни таҳсил иҷборан ё ба истилоҳ тариқи “облава” ба артиш мебаранд. Мақомот ҳамеша ба набуди "облава" таъкид карда, мегӯянд, ҷавонони баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, пулис ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.
Абдуҳалим Ғаффорзода, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ва вакили парлумон дар ҷаласаи имрӯзи парлумон аз Собирзода Эмомалӣ, муовини якуми вазири дифои Тоҷикистон, ки тағйироти навро дар қонун дар бораи мудофиа муаррифӣ мекард, пурсид, ки шумораи даъватшавандаҳо дар даъвати баҳории соли гузашта ва имсола чӣ қадар аст ва беш аз 11 млн сомоние, ки аз ҳисоби хизмати пулакии тирамоҳӣ ҷамъ шуд, ба кадом мақсад истифода мешавад?
Раиси парлумон дар хитоб ба вакилон: “Аз лоиҳаи қонун дур наравед”
Пеш аз посухи Собирзода, раиси парлумони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ду маротиба ба вакилон хитоб кард, ки “аз масъала, аз лоиҳаи қонун дур наравед”.
Ишораи Зокирзода ба он буд, ки дар ҷаласа лоиҳаи тағйирот ба қонун дар бораи мудофиа баррасӣ мешавад, вале вакили парлумон дар мавриди нақшаи даъват ва маблағи ҷамъшуда аз ин ҳисобро мепурсанд. Эроде ки ба гуфтаи баъзе вакилон озодии онҳоро зери суол мебарад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи вакилон бархе мансабдоронро танҳо дар ҷаласаҳо мебинанд ва ҳақ доранд, ки мушкилоту проблемаи интихобкунандагонашонро пурсанд. Аз ҷумла дар яке аз ҷаласаҳои парлумон ду вакили парлумон аз хунукназарии мансабдорони тоҷик ҳангоми муроҷиат ва дархости вакилӣ шикоят намуда буданд.
“Вобаста ба таҳдиду хатарҳо “квота” - и нақшаи ҳарбӣ зиёд мешавад”
Эмомалӣ Собирзода ба суоли Абдуҳалим Ғаффорзода посух дод, ки “квотаи даъват ба артиш ба рухсатшавии ҳайати шахсӣ ё сохтори штатии ҳамон воҳид вобаста аст ва он аз ҷониби Сарфармондеҳи олӣ-раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар фармон квота замима гаштааст, тасдиқ мегардад”.
- Албатта вобаста ба таҳдиду хатарҳое ки имрӯз дар минтақа ва ҷаҳон аст, албатта сохтори Қувваҳои мусаллаҳ ҳам зиёд мешаванд. Ҳамаи ин бо фармони президент тасдиқ ва равон мешавад, ки вобаста ба ин ҳам квотаи даъват зиёд мешавад. Иҷрои нақша дар муқоиса ба даъвати тирамоҳӣ, имсол қафо нест. Даъват тибқи нақша идома дорад, мо дар давъати баҳории имсола ягон мушкилӣ намебинем, - афзуд Эмомалӣ Собирзода.
Ӯ дар робита ба сарфи маблағҳое, ки аз ҳисоби хизмати пулакӣ ҷамъоварӣ шуд, гуфт, он барои сару либос, хурду хурок ва ҷойи зисти аскарон сарф мешавад.
Инчунин, ба гуфтаи Собирзода ин маблағҳо барои сохтмони иншоотҳо барои худи хизматчиёни ҳарбӣ ва сарбозоне, ки имрӯз хизматҳои муҳлатнок менамоянд, сарф мешаванд.
Абдуҳалим Ғаффоров: Аз посух қонеъ нестам, сирри давлатиро напурсидам
Абдуҳалим Ғаффорзода дар поёни ҷаласаи парлумон дар суҳбат бо хабаранигорон гуфт, ки посухи муовини вазири ӯро қонеъ накард, ҳарчанд, ӯ маълумоти дорои сирри давлатиро напурсидааст.
Номбурда гуфт, маҳз муроҷиати волидайни бархе ҷавонон дар робита ба ҷалби иҷбории фарзандонашон ба артиш сабаб шуд, ки ӯ аз муовини аввали вазири дифоъ саволҳо пешниҳод кунад.
Ӯ тасдиқ намуд, ки чанде пеш волидайни донишҷӯе ба таври шифоҳӣ ба ӯ шикоят кард, ки фарзандашро ҳангоми таҳсил дар донишгоҳ иҷборан ба хизмат бурдаанд. Ба таъкиди вай, ин кор хилофи қонунгузорӣ аст.
- Чунки соли 1997 ҳамаи намояндагони кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар якҷоягӣ даъват карда буданд, шахсоне, ки дар мактабҳои олӣ таҳсил мекунанд, то замони хатми донишгоҳ даъват карадани онҳо ба хизмати ҳарбӣ иҷозат дода намешавад, - гуфт Ғафоров.
Ӯ мегӯяд, маҳз муносибати сарди баъзеҳо нисбати сарбозон ва даъватшавандагон боиси дилхунукии онҳо аз артиш шудааст.
Шикоятҳо аз “облава” дар даъвати баҳорӣ
Рӯзи 11 апрел Вазорати дифои Тоҷикистон аз иҷро шудани 40 дарсад нақшаи давъати ҳарбӣ дар кишвар хабар дод. Дар ҳамин ҳол, дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ навори боздошти иҷбории ҷавонон аз сӯи нафарони ношинос паҳн мешавад, ки корбарон онро сарбозшикор ё “облава” меноманд.
Мақомот ҳамеша ба набудани "облава" таъкид карда, мегӯянд, ҷавонони баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, пулис ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.
Дар Тоҷикистон соли 2020 ба қонун "Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ" тағйирот ворид шуд, ки ба ҷуз донишҷӯёни зиннаи таҳсили бакалавр, муҳассилини давраи магистратураро низ ба хидмат мебаранд. То ин вақт ин категорияи муҳассилин аз хидмат озод буданд. Роҳандозии хидмати алтернативиро иддае як роҳи қонунии халосӣ аз артиш арзёбӣ мекунанд. То ба ҳол беш аз 450 ҷавон бо супоридани пул аз хидмат озод шуданд
Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Ин аст, ки ҳамасола даҳҳо ҳолати бо зӯр ё “облава” бурдани ҷавонон ба артиш расонаӣ мешавад. Иддаое ки мақомот ҳамеша рад мекунанд ва аз афзудани сафи ихтиёриёни хидмати ҳарбӣ мегӯянд.
Выпускницы программы TechGirls про опыт поездки в США. Как стать участницей проекта в 2025 году?
В ООН заявили о росте производства опиума в Афганистане
Международный банк Таджикистана открыл новый Центр обслуживания в Пяндже
Туман и риск схода селей: КЧС вновь предупредил таджикистанцев
Новые горизонты для единоборств. Даврон Джураев стал главой Азиатской федерации ММА
В Таджикистане обнаружили останки динозавра, датируемые 85 миллионами лет
На АЗС «Газпромнефть» в Душанбе встретили участников международного автопробега Tro-Phy-Gital Tour
Школьники Таджикистана получили возможность участвовать в олимпиаде «Будущее большой химии»
Автозапчасти - какие из них можно купить неоригинальные, а на чем не стоит экономить?
Афиша от «Азия-Плюс»: «Анор-Крафт-Маркет», акустический вечер и концерт французского пианиста
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста