ЭЪЛОНИ ЧОРАБИНИҲОИ 15 АПРЕЛ
- Имрӯз, соати 10:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоишномаи “Хорпуштак ва рӯбоҳ”-и А.Абдураҳмонов аз ҷониби ҳунармандони театри давлатии лӯхтаки шаҳри Бохтар ба намоиш гузошта мешавад.
- Имрӯз соати 14:00 дар Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов намоишномаи “Тангои ҷиноятӣ”-и В.Шеров аз ҷониби Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов ба саҳна гузошта мешавад.
- Ҳамчунин имрӯз, соати 17:30 дар Театри таҷрибавии ба номи М.Қосимов намоишномаи “Евгений Онегин”-и Г.Наимова аз ҷониби Театри таҷрибавии ба номи М.Қосимов намоиш дода мешавад.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 15 АПРЕЛ
Соли 1928 – Дар Тоҷикистон хати лотинӣ ҷорӣ карда шуд. То ин дам дар Тоҷикистон ва тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ хати арабӣ истифода мешуд. Аммо бо таъсиси Ҳукумати Шӯравӣ қарор шуд, ки хати лотинӣ барои расмисозии забонҳо ва тадриҷан гузариш ба ягонагии навишт истифода шавад.
Соли 1940 бо иқдомоти нави сиёсӣ хати кириллӣ барои навишт дар забони тоҷикӣ қабул шуд.
Соли 1985 – Нашриёти “Шарқи Озод” таъсис ёфт.
Соли 1996 – Шӯрои амнияти Тоҷикистон ташкил карда шуд.
Соли 2005 – Маросими ифтитоҳи расмии сохтмони неругоҳи барқи обии “Сангтӯда-1” баргузор гардид.
Соли 2008 – Ҳукумати Тоҷикистон Оиннома ва сохтори идоракунии Неругоҳи барқи обии "Роғун”-ро тасдиқ кард.
Соли 2011 – Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро барои муҳокима ба парлумони кишвар пешниҳод намуд.
Соли 2013 – Ҳукумати Филиппин эълон кард, ки низоми раводидро барои шаҳрвандони ҳафт кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон бекор кардааст.
Соли 2016 – Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” рӯзи 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президент илова гардид.
Соли 2020 – Парлумони Тоҷикистон фраксияҳои се ҳизб (Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Ҳизби аграрӣ ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ) ва як гурӯҳи вакилони ғайриҳизбиро ба қайд гирифт.
Соли 2022 – Муассисаи таълимии ғайридавлатии Донишкади илмҳои дақиқ ва технологии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолият оғоз кард.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1878 – Мавлуди Садриддин Айнӣ, поягузори адабиёти муосири тоҷик ва Қаҳрамони Тоҷикистон.

Садриддин Айнӣ шоир, нависанда, таърихнигор ва яке аз фарзандони барўманди халқи тоҷик буда, адабиёти тоҷикро ба як марҳалаи нави рушд ворид намудааст. Аз саргузашти кӯдакиву рӯзгори талхи ӯ, ки дар ятимӣ бузург шудаву дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил намуда, ҷодаҳои илмро бо машаққат фатҳ намудааст, дар “Ёддоштҳо” ва дигар асарҳояш метавон мутолиа кард.
“Айнӣ” тахаллуси адабии Садриддин аст ва шеъри “Гули сурх” аввалин шеърест, ки бо ин тахаллус эҷод шудааст.
Садриддин Айнӣ ҳамзамон яке аз равшанфикронест, ки дар кушодани мактабҳои тоҷикиву нашри рӯзнома ба забони тоҷикӣ саҳм гузошт ва баъди инқилоби октябр дар рушди маорифи тоҷик ва ҷомеаи нав талош кардааст.
Силсилаасарҳои ӯ, ба монанди “Дохунда”, “Ғуломон”, “Одина”, “Ҷаллодони Бухоро”, “Марги судхӯр”, “Ятим”, асари таърихии ӯ “Таърихи амирони манғитияи Бухоро” ва дигар асарҳои ӯ нишони ғулувви истеъдоди адабии ӯянд.
Махсусан, китоби “Намунаи адабиёти тоҷик” ҳамчун китоби тақдирсоз дар таърихи миллати тоҷик сабт шудааст.
Устод Садриддин Айнӣ 15-уми июли соли 1954 дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид. Ҳоло Мақбараи Айнӣ дар як мавзеи хушманзараи Душанбе, ки “Боғи фароғат ва истироҳати ба номи Садриддин Айнӣ” унвон дорад, зиёратгоҳи аҳли адаб аст.
Ба устод Садриддин Айнӣ барои заҳматҳояш унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.
Соли 1899 – Зодрӯзи Пайрав Сулаймонӣ, адиб ва тарҷумони тоҷик.

Пайрав Сулаймонӣ бо мероси гаронбаҳои адабии худ дар таърихи адабиёти тоҷик нақши беназир дорад. Ӯ, ки аз 15-солагӣ шеър мегуфтааст, минбаъд бо сурудани шеъри суннатӣ (ғазал), ҳасбиҳолӣ ва ишқӣ дар қатори беҳтарин суханварони адабиёти ибтидои қарни бистуми тоҷик мақом гирифтааст.
Ӯ солҳои 1921-1922 дар сафоратхонаи Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро дар Афғонистон котиби дувум буда, баъди бозгашт ба ватан ба кори эҷодӣ машғул гардидааст. Ҳамчунин солҳо дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон муҳаррир ва тарҷумон будааст.
Ашъори Пайрав ҳамнабзи замон буда, дар онҳо ҷараёни парвозу сукути ҳаёти ҷорӣ барҷаста таҷассум ёфтаанд. Асарҳои ҳаҷвӣ-танқидии шоир бошанд таҳти имзои мустаори “Шашпардор” интишор ёфтаанд. “Муфаттиш”-и Н. В. Гогол, романҳои А. Серафимович “Сели оҳанин”, Д. Фурманов ва С. Поливанов “Балво”, чанд шеъри Жаров ва Л. Ҳюз аз ҷониби Пайрав Сулаймонӣ ба тоҷикӣ гардонда шудаанд.
Пайрав аз худ осори на он қадар зиёд, вале пурарзише ба мерос гузошт. Ӯ 9 июни соли 1933 дар шаҳри Сталинобод (Душанбеи имрӯза) аз олам даргузашт.
Соли 1935 – Мавлуди Устоқадам Машрабов, ширинкор, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистони Шӯравӣ.

Устоқадам Машрабов (Усто) дар ҳамкорӣ бо Мастибек Паллаев (Масто) саҳначаҳои ҳаҷвӣ, этюдҳо, интермедияҳо, сурудҳои ҳаҷвӣ иҷро мекарданд. Саҳнаҳои “Эшон Шаҳристон рафтанд”, “Муфаттиш”, “Мудири анбор”, “Тақсими кор”, “Усто ризо, Масто ризо”, “Мода шуд” аз ҷумлаи машҳуртарин саҳнаҳои “Усто ва Масто” маҳсуб меёбанд.
Устоқадам Машрабов 30 январи соли 1984 дар синни 48-солагӣ дар пайи як садамаи нақлиётӣ аз олам даргузашт.
Соли 1951 – Мавлуди Шералӣ Абдулқайсов, ҳунарпешаи театр ва синамо.

Шералӣ Абдулқайсов баъди хатми шуъбаи актёрии театри драма ва кино, Донишкадаи педагогии ба номи Т. Шевченко бо роҳхати Вазорати маданияти Тоҷикистони шӯравӣ ба Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ба кор қабул шуда, то охири умраш дар театри мазкур фаъолият кардааст.
Дар давоми фаъолияти пурсамари худ дар соҳаи театр барои рушди санъати театрии ҷумҳурӣ хидмати арзишманд кардааст.
Ӯ дар театр нақшҳои мондагор офаридааст, аз ҷумла нақши проффессор Пашков дар “Алломаи Адҳам”, Аҷузкампир дар “Найи сеҳрнок”, Эзоп дар “Шер, рӯбоҳ ва ангур”, Капулетта дар “Ромео ва Ҷулйетта”, Асад дар “Афсонаҳои мӯйсафед”, Отелло дар “Отелло”-ро офаридааст. Дар синамо бошад, нақши Нуралӣ дар “Марди роҳ”, Қарашир дар “Субҳи ҷавонии ман”, Акбар дар “Падари маҳтобӣ”, Падар дар “Дафни гургона”-ро иҷро кардааст.
Шералӣ Абдулқайсов 12 июли 2021 дар 70-солагӣ бар асари вируси куруно дар 70-солагӣ аз олам даргузашт.
Соли 1952 – Зодрӯзи Карим Мӯсо, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик.
Соли 1955 – Мавлуди Абдулло Султон, овозхони сурудҳои суғдӣ (яғнобӣ), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
Абдулло Султон, ки ҳамчун асосгузори сурудҳои суғдӣ (яғнобӣ) дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистонро хатм намуда, фаъолияти ҳунариашро ба ҳайси муҳаррири Радиои Тоҷикистон оғоз намудааст. Баъдан ба Ансамбли давлатии “Шашмақом” ва Ансамбли давлатии “Дарё” пайваст. Ӯ тавонистааст бо овози мукаммал ва маҳорати баланд сурудҳои миллӣ, махсусан сурудҳои яғнобиро, ки онҳоро бо муҳаббат ба мардум расонида буд, эҷод намояд.
Султон сурудҳои маъруфи “Яғноб шамол во-во”, “Духтари суғдӣ”, “Яғнобба мурам”, “Тоҷикистон”, “Рўди Сир”, ва “Зулфи мушкин”-ро иҷро кардааст.
Соли 1958 – Зодрӯзи Мунира Ҳакимова, яке аз наттоқони шинохтаи Тоҷикистон.

Мунира Ҳакимова яке аз наттоқони саршиноси телевизиони Тоҷикистон буда, фаъолияти кориашро ҳамчун техники сабти овоз дар Киностудияи “Тоҷикфилм” оғоз кардааст. Баъдан китобдори Хонаи афсарони гарнизони Душанбе, наттоқи Сардирексияи барномаҳои радиои Кумитаи телевизион ва радио буд. Аз соли 2009 директори Кохи Ҷомӣ буд.
Номбурда аз синни 6-солагӣ дар дубляжи филмҳои ҳунарию мустанад, аз ҷумла филмҳои “Субҳи ин ҷо сокит аст”, “Афсонаҳои нави Шаҳрзод”, “Воқеа дар фурудгоҳ” ва ғ. (ҷамъ беш аз 200 филм) иштирок кардааст.
Ӯ 23 майи соли 2020 дар синни 63-солагӣ аз олам даргузашт.
Соли 1958 – Мавлуди Файзалӣ Аминов, файласуф, номзади илмҳои фалсафа.
Соли 1961 – Мавлуди Рустам Дулоев, овозхони опера, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
Соли 2021 – Мунаввар Мансурхӯҷаев, коргардони синамо ва раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон дар 80-солагӣ аз олам даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз Рӯзи байналмилалии фарҳанг аст. Калимаи “фарҳанг” дар тарҷумаи мустақим аз санскрит маънои “эҳтиром ба нур”-ро медиҳад, ки талоши инсонро барои шинохти зебоӣ ва камолоти шахсӣ ифода мекунад.

Таърихи Рӯзи фарҳанг беш аз як асрро дар бар мегирад. Андешаи таъсиси муҳофизати ташкилёфтаи арзишҳои фарҳангиро рассоми маъруф Николай Рерих пешниҳод карда буд. Ӯ фарҳангро нерӯи асосии рушду пешрафти ҷомеаи инсонӣ меҳисобид ва онро асоси ваҳдати миллату дину мазҳабҳои гуногун мешуморид.
15 апрели соли 1935 дар Кохи Сафед (Вашингтон) роҳбарони 21 кишвари ҷаҳон аввалин созишномаи байналмилалӣ дар таърихи башарро бо унвони “Дар бораи ҳифзи муассисаҳои фарҳангӣ, илмӣ ва бадеӣ, инчунин ёдгориҳои таърихӣ” имзо карданд, ки он бо номи муаллифаш “Паймони Рерих” маъруф гашт.
Имрӯз ҳамчунин Рӯзи ҷаҳонии санъат аст. Ин ҷашн бо мақсади рушди санъати тасвирӣ ва густариши он дар ҷаласаи 40-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО соли 2019 расман эълон шуд. Ҳадафи ин рӯз тақвияти мубодилаи дониш ва таҳкими муколамаи байнифарҳангист.

Санаи 15 апрел ба ин муносибат интихоб шуд, ки дар ин рӯзи соли 1452 яке аз бузургтарин нобиғаҳои таърих – Леонардо да Винчи ба дунё омадааст. Гарчанде ки ӯ худро бештар донишманд меҳисобид, саҳми беандозаи ӯ дар рушди санъат инкорнашаванда аст.
Ҳамасола, 15 апрел дар кишварҳои зиёд Рӯзи маърифати экологӣ таҷлил мешавад. Ин ҷашн аз соли 1992 оғоз шудааст, замоне ки дар Конфронси СММ дар Рио-де-Жанейро масъалаҳои муҳити зист баррасӣ шуда, аҳамияти бузурги маърифати экологӣ барои амалӣ намудани стратегияҳои зинда мондан ва рушди устувори инсоният таъкид гардид.

15 апрели соли 1912 киштии мусофирбари “Титаник” дар уқёнуси Атлантик ба айсберг бархӯрда, ғарқ шуд. Тибқи маълумоти мухталиф, дар ин фоҷеа аз 1400 то 1517 нафар ҷони худро аз даст доданд. Танҳо тақрибан 700 нафар наҷот ёфтанд. Дар ин фоҷиа тамоми ҳайати муҳаррики киштӣ ҳалок гардид.

“Титаник” яке аз бузургтарин ва зеботарин киштиҳои мусофирбари замони худ буда, соли 1912 бо дархости ширкати киштисозии “White Star Line” сохта шуд. Ба навиштаи рӯзномаҳои замон, тӯлаш ба се кӯчаи шаҳр баробар буд, муҳаррикаш баландии як хонаи сесаҳнаро мемонд ва лангарро 20 аспи қавитарин аз кӯчаҳои Белфаст мекашиданд.
Фоҷиаи дигар дар таърихи 15 апрели соли 1989 дар шаҳри Шеффилд (Англия) рух дод. Дар варзишгоҳи 40-ҳазорнафараи “Ҳиллсборо” ҳангоми бозии нимниҳоии Ҷоми Англия байни дастаҳои “Ливерпул” ва “Ноттингем Форест” 96 нафар мухлис ҳалок шуданд.

Ҳамаи мухлисонро, ки барои тамошои бозӣ омада буданд, бидуни тафтиши чиптаҳо ба варзишгоҳ роҳ доданд. Дар натиҷа одамон рӯйи ҳам зада, якдигарро тела дода, аз тангиву фишор ҳалок шудаанд.
15 апрели соли 1951 дар шаҳри Лондон аввалин озмуни байналмилалии зебогӣ бо номи “Маликаи ҷаҳон” баргузор гардид. Ба туфайли ин рӯйдод Лондон ҳамчун пойтахти ҷаҳонии зебоӣ шӯҳрат пайдо кард.
Муаллифи ғояи “Маликаи ҷаҳон” оҷонсии таблиғотии лондонӣ аз ширкати “Мекка” – Эрик Морли буд. Аз ӯ хоста шуд, ки барои таблиғи толори рақс дар доираи Фестивали Бритониё ягон идеяи ҷолиб пешниҳод кунад. Дар нахустин озмун барои ба даст овардани унвони “Маликаи ҷаҳон” 30 духтар довталаб буданд. Ғолиби аввалин озмуни зебогӣ Кики Ҳааконссони шведӣ гардид.

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 15 АПРЕЛИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 12+17º гарм, рӯзона 24+29º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7º гарм, рӯзона 12+17º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: дар водиҳо шабона 13+18º гарм, рӯзона 29+34º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 10+15º гарм, рӯзона 22+27º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: дар водиҳо шабона 12+17º гарм, рӯзона 26+31º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 4+6º гарм, рӯзона 20+25º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 14+16º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 3+8º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 12+14º гарм, рӯзона 13+18º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 23+25º гарм, дар шарқи вилоят шабона 1-6º сард, рӯзона 6+11º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 14+16º гарм, рӯзона 29+31º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 13+15º гарм, рӯзона 25+27º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 15+17º гарм, рӯзона 32+34º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 6+8º гарм, рӯзона 16+18º гарм мешавад.
Чӣ гуна метавон фаҳмид, ки бонк мушкил дорад ва боэътимод нест?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2025
Таркиш дар як бандари Эрон. Расонаҳо аз 4 кушта ва беш аз 500 захмӣ хабар медиҳанд
Русия бори аввал эътироф кард, ки дар Курск низомиёни Куриёи Шимолӣ меҷанганд
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров. Натиҷаи рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё
Қаҳрамонии як тоҷик дар Маскав. Ӯ сӯхтори мошинро хомӯш кардааст
Дар Душанбе ва Хатлон сохтмонҳои "худсарона сохта"-ро тахриб мекунанд. Қонунгузорӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?
Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Филми “Сарчашма” аз Тоҷикистон дар Қирғизистон соҳиби ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” шуд
Аз 1 май меъёри аксиз барои бензину газ боло меравад. Ин ба нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо чӣ таъсир мерасонад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста