Имрӯз Муродулло Шерализода – рӯзноманигор, нахустсармуҳаррири “Садои мардум” ва вакили парлумони Тоҷикистон, агар зинда мебуд, ба синни 80 мерасид.

Марде, ки бо қалами бурро, забони ноби тоҷикӣ ва қалби саршор аз эҳтиром ба инсон, на танҳо нақши равшан дар рушди матбуоти даврӣ гузошт, балки дар замони сарнавиштсози кишвар, ҳамчун сиёсатмадори фидокор, дар сафи мудофеъони истиқлолияти миллӣ қарор дошт.

Ӯ роҳбари навҷӯ, забондон, муҳаррири адолатталаб ва инсоне буд, ки ҳамеша бо ибораи хоси худ - “эҳтиромона хоҳиш дорам” - аз муҳити кории худ фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва инсондӯстӣ месохт. Корномаи ӯ - аз Панҷакент то Душанбе ва Мазори Шарифу Кобул, аз ҳуҷраи тарҷума то минбари порлумон - бозгӯи як умри саршор аз хидмат ба миллат ва матбуоти воқеъбин аст.

 

Аз тарҷумонӣ то мансабҳои масъул

Роҳи Муродулло Шерализода ба мақоми сармуҳаррири рӯзномаи парлумонии “Садои мардум” зина ба зина ҳамвор шуд - он аз таҷриба, эътимод ва шахсияти барҷастааш об мехӯрд.

Ба гуфтаи ҳамкорон, ӯ аз зумраи он нафарон буд, ки чӣ дар саҳнаи сиёсӣ ва чӣ дар муҳити илмӣ, бо афкор шинохта мешуд, на бо овози баланду мавқеъсозӣ.

Шерализода баъди хатми Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар соли 1966 ба ҳайси ходими адабии рӯзномаи “Маориф ва маданият” ба кор оғоз кард. Ӯ зуд аз доираи рӯзнома берун рафта, ба корҳои илмиву сиёсӣ роҳ ёфт.

Аз соли 1966 то 1970, ӯ дар бахши тарҷумаи Институти таърихи партияи назди Кумитаи марказии ҲКТ фаъолият кард - аввал ҳамчун ходими хурд, сипас ходими калони илмӣ. Ин марҳила барои ӯ заминаи муҳими забондонӣ, таҳқиқ ва тарҷума фароҳам овард.

 

Муродулло Шерализода
Акс аз сомонаи "Садои мардум"

Баъд Муродулло Шерализода ду маротиба ба ҳайси тарҷумон дар Афғонистон, дар шаҳрҳои Мазори Шариф ва Кобул хидмат кард: аввал аз 1970 то 1974 ва баъд аз 1978 то 1982. Ба қавли ҳамкоронаш, ин сафарҳо на танҳо доираи ҷаҳонбинии ӯро васеъ намуданд, балки забони арабӣ ва форсии дарӣ омӯхта, дар шеваи гуфтор ва андешарониаш таъсири мусбат гузоштанд.

Дар фосилаи байни ин сафарҳо ва баъди он, Шерализода ҳамчун мудири бахши тарҷума ва ходими калони илмии ҳамон институти таърихии ҳизбӣ кор кард. Аз соли 1987 ба Кумитаи марказии ҲКТ даъват шуд: аввал инструктори шуъбаи муносибатҳои хориҷӣ, баъдан ёвари Котиби якум, яъне мушовири роҳбари давлат, ки онро Қаҳҳор Маҳкамов ба ӯҳда дошт.

Қаҳҳор Маҳкамов дертар иқрор шуда буд: “Пеш ман забони тоҷикиро намедонистам, Муродулло маро забони тоҷикӣ омӯхт”. Ин на танҳо далели забондонӣ, балки нишонаи эътимоди сиёсатмадор ба ӯ буд.

Соли 1990, бо қарори Шӯрои Олӣ ӯро ба ҳайси нахустин сармуҳаррири рӯзномаи навтаъсиси парлумонӣ – “Садои мардум” таъйин намуданд. Ин нуқтаи авҷи фаъолияти касбии ӯ гардид - ҷойе, ки тамоми таҷрибаи зиндагии ӯ ба нафъи ҷомеа равона шуда, бо қатлаш ба анҷом расид.

 

Шеваи роҳбарии Шерализода

Шариф Ҳамдампур, роҳбари Гурӯҳи расонаҳои “Оила”, ки нахустин котиби масъули “Садои мардум” буд, мегӯяд, Шерализода ба маснади сармуҳаррири рӯзномаи порлумонӣ бо раъйи якдилонаи вакилон интихоб шуд. Ӯ чеҳраҳои шинохтаро аз рӯзномаву муассисаҳои дигар даъват кард: Фотеҳи Абдуллоҳ, Бахтиёри Муртазо, Зулфиқори Исмоилиён, Қироншоҳ Шарифзода, Мардони Муҳаммад ва дигарон.

 

Шариф Ҳамдампур
Акс аз манобеи боз

Ҳамдампур мегӯяд, Шерализода аввалин касе буд, ки “дар муҳити матбуотии он солҳо фосилаи роҳбару кормандро шикаст”. Ӯ на “табақабандӣ”, балки “ҳамфикрӣ”-ро пеш гузошт. Шерализода ҳеҷ гоҳ “корманд” намегуфт – “ҳамкорони гиромӣ” мегуфт ва бовар дошт, ки рӯзнома бояд дар рӯҳияи ҳамфикрӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ таҳияву нашр шавад.

“Ҳама атрофи роҳбар не, балки атрофи ҳадафи рӯзнома муттаҳид шуда буданд”, - мегӯяд Ҳамдампур.

Ин нуктаро Қироншоҳ Шарифзода, журналисти шинохта ва яке аз нахустин кормандони “Садои мардум” ҳам таъкид карда, мегӯяд, “Шерализода дар идораи нашрия аз рӯзҳои аввал услуби корро бар асоси усули шаффофият роҳандозӣ намуд ва ибораи “Эҳтиромона хоҳиш дорам…” як ҷузъи таркибии ифодагари усули роҳбарии эшон гардид”.

“Шерализода бо истифодаи вожаҳои самимие мисли “киё”, “ако”, “мулло”, “бону” ба ҳамкорон муносибати гарму хоксорона дошт. Ҷаласаҳоро бо тамкину эҳтиром ва бо масъулият баргузор мекард”, - мегӯяд Шарифзода.

 

Роҳбарӣ дар замони ҷанги шаҳрвандӣ

Вақте ҷанги шаҳрвандӣ шурӯъ шуд, Шерализода бо тамоми нерӯ кӯшид, то “Садои мардум” овози сулҳ бошад. Ба гуфтаи ҳамкоронаш, ӯ ҳамеша таъкид мекард: “Дар ҳар ду майдон мардуми худамон ҳастанд. Ба ҷуз даъват ба ҳамдигарфаҳмӣ ва оштӣ, дигар чиз қобили чоп нест”.

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ба қавли Шарифзода, фаъолияти журналистони парлумон душвор буд: “як сухан метавонист як майдонро ба шӯр оварад”.

 

Қироншоҳ Шарифзода
Акс аз бойгонии Қ.Шарифзода

“Агар аз майдони “Озодӣ” як саҳифа матлаб менавиштам, ҳатман аз майдони “Шаҳидон” бо ҳамон ҳаҷм мақолаи воқеъбинона ба чоп месупоридам. Ҳар суханро бар тарозуи андеша бармекашидам, сари ҳар ҷумла фикр мекардам ва бар ҳар майдон ҳаққи баробар медодам. Ин талаби устод Шерализода ҳам буд”, - таъкид мекунад Шарифзода.

Бояд гуфт, дар замони роҳбарии Шерализода теъдоди нашри “Садои мардум” ба 260 ҳазор расид ва он аз серхонандатарин рӯзномаҳои кишвар ба ҳисоб мерафт.

 

Ӯро як рӯз пеш аз маргаш куштанд...

Рӯзи 5-уми майи соли 1992 Муродулло Шерализода дар саҳни ҳавлии Шӯрои Олӣ кушта шуд. Аммо, ба қавли ҳамкасбонаш, як рӯзе пеш аз маргаш бархе ҳамкоронаш “аз пушт ба сармуҳаррири нашрия ханҷар заданд”.

Рӯзи 4-уми майи соли 1992, як гурӯҳ аз кормандони “Садои мардум” аз болои сармуҳаррир номаи эътироз навиштанд ва он дар рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” чоп шуд. Дар нома Шерализода ба касби мавқеи якҷониба айбдор мешуд - гӯё рӯйдоди майдони “Озодӣ”-ро бештар аз майдони “Шаҳидон” инъикос мекард.

Ҳамкоронаш мегӯянд, Шерализода боре нагуфта буд, ки навиштани мавод дар бораи як тарафи қазия манъ аст, аммо пайваста таъкид мекард: “Мо нашрияи порлумон ҳастем. Вазифаи мо - даъват ба давлатсозист, на хусуматандозӣ”.

Қироншоҳ Шарифзода ва Бахтиёр Муртазо, Нависандаи халқии Тоҷикистон ва яке аз нахустин кормандони “Садои мардум”, таъкид мекунанд: “Ин эътироз на танҳо ноодилона, балки беасос буд”.

Бахтиёр Муртазо, таъкид мекунад, ки “ҳатто худи ҳамон эътирозгарон баъдтар пушаймон шуданд ва шояд то имрӯз виҷдонашон ором нест”.

Ба гуфтаи Ҳамдампур, он чӣ марги Шерализодаро талхтар мекунад, ин аст, ки ӯро як рӯз пеш аз шаҳодаташ бо иқдоми ғаразнок “куштанд”.

 

Бахтиёр Муртазо
Акс аз муаллиф

Марги фоҷиавӣ ва зиндагие, ки дар ёд монд

Рӯзи 5-уми майи соли 1992, вақте ҷомеаи рӯзноманигорӣ ба таҷлили Рӯзи матбуот омодагӣ мегирифт, Шерализода пас аз суханронӣ дар ҷаласаи порлумон аз бинои Шӯрои Олӣ берун шуд ва кушта гардид. Ӯро дар саҳни ҳавлии Шӯрои Олӣ паронданд.

“Ҷасад зери дарахт мехобид. Ҳеҷ кас ҷуръат намекард, ки ба кӯмак хезад. Ҳавлӣ холӣ шуда буд, касе наметавонист мошини ёрии таъҷилиро даъват кунад. Танҳо баъд аз чанд соати интизорӣ, ҷасади устодро ба МОРГ расонидам”,-ба ёд меорад Шариф Ҳамдампур.

Дар робита ба ин куштор парвандаи ҷиноӣ боз шуд, вале бо гузашти 33 сол номи қотил ё фармоишгар эълон нашудааст.

Муродулло Шерализодаро ба зодгоҳаш - деҳаи Кулолии шаҳри Панҷакент - бурда, ба хок супурданд.

Ба гуфтаи Шариф Ҳамдампур, пас аз марги Шерализода “Садои мардум”  мавқеашро тағйир дод. Ба ҷои он ки дар саҳифаи аввали нашрия бо иззату эҳтиром аз шаҳодати роҳбараш хабар диҳад, онро дар саҳифаи охирин ҷой дод. Ин муносибат бисёре аз ҳамкоронро ранҷонд ва боис гашт, ки тарки идораи нашрия кунанд.

Ҳоло ба номи Муродулло Шерализода, ки ҳамчунин аввалин қурбонии ҷанги шаҳрвандӣ буд, ҷоиза таъсис ёфтааст, дар зодгоҳаш мактабе ба номаш ниҳода шуда, осорхонааш ҳам фаъолият дорад ва дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ӯ китобҳо ҳам ба табъ расидаанд.

Ёди Муродулло Шерализода - рӯзноманигори шаҳир гиромӣ бод!

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.