Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки таҷҳизот ва масолеҳи сохтмоне, ки барои иншооти сайёҳӣ (туризм) ба ҷумҳурӣ ворид мегарданд, аз пардохти боҷи гумрукӣ озод карда шаванд.
Имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ворид намудани тағйироту иловаҳои дахлдор ба Кодекси гумруки ҶТ дар ин самт баррасӣ шуданд.
Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки дар ин робита ба моддаи 345-и Кодекси гумруки ҷумҳурӣ банди нави 13-ум илова шудааст.
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода қайд кард, ки мутобиқи ин банд, воридоти таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ (аз ҷумла меҳмонхона, осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳои табобатӣ, марказҳои сайёҳӣ ва дигар иншооти сайёҳӣ) аз пардохти боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.
Рӯйхати иншооти сайёҳӣ, номгӯй ва миқдори таҷҳизоту маводи сохтмонии воридшаванда аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Дар ҳукумат бар ин назаранд, ки ин сабукиҳои пешбинишуда барои соҳибкорони машғули кор дар бахши сайёҳӣ ба рушди ин соҳа дар ҷумҳурӣ мусоидат мекунанд.
Баррасии тағйироту иловаҳои мазкур ба Кодекси гумруки ҶТ дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумон рӯзи 19 апрел дар назар аст.
Дар ҳамин ҳол, мувофиқи Кодекси гумруки ҶТ, аз пардохти боҷи гумрукӣ воридоти молу маҳсулоти зерин озоданд:
1) воридоти пули миллӣ ва (ё) асъори хориҷӣ (ба ғайр аз мақсадҳои нумизматӣ), инчунин коғазҳои қиматнок;
2) воридоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Хазинаи давлатии сарватҳо;
3) воридоти моле, ки ройгон ба мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд, воридоти мол ба сифати кумаки башардӯстона, воридоти моле, ки ба ташкилотҳои эҳсонкорӣ ба мақсади рафъи оқибати офатҳои табиӣ, садама ва фалокатҳо ройгон дода мешавад;
4) воридоти техникаи таъиноти кишоварзӣ, таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маснӯоти такмилии (комплектии) онҳо, ки маҷмӯи ягонаи технологиро ташкил медиҳанд. Номгӯи техникаи таъиноти кишоварзӣ, таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маснуоти такмилӣ ба он мутобиқи номгӯи моли фаъолияти иқтисодии хориҷӣ аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад;
5) воридоти дорувории тиббӣ, таҷҳизоти тиббӣ, фармасевтӣ ва асбобҳои тиббӣ мувофиқи номгӯи муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
6) воридоти моле, ки барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағои созишномаҳои грантӣ (қарзӣ) амалӣ мешаванд;
7) воридоти мол барои сохтмони объектҳои махсусан муҳим, ки номгӯи онҳоро ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;
8) воридоти мол барои иҷрои корҳо, ки барномаҳои корӣ ва сметаҳои хароҷот тибқи тартиби муқаррарнамудаи созишнома оид ба тақсими маҳсулот, ки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот" тасдиқ гардидаанд. Дар сурати ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳвил шудани (ба истиснои содирот) моли мазкур боҷҳои гумрукӣ мутобиқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешаванд. Номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки тибқи пешниҳоди онҳо воридоти мол аз пардохти боҷи гумрукӣ озод карда мешавад, аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;
9) воридоти мол (ба истиснои моли зераксизӣ) тибқи номгӯй ва ҳаҷми муайянкардаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бевосита истеҳсолкунандагон барои истеҳсоли алюминийи аввалия анҷом медиҳанд;
10) воридоти нахи пахта ва алюминийи аввалия;
11) воридоти маҳсулоти махсуси истифодаи фардӣ барои маъюбон мувофиқи номгӯе, ки аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;
12) воридоти техникаи ҳарбӣ, агрегатҳои асосӣ, силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва дастгоҳҳои парвозкунандаи таъиноти мудофиавидошта, инчунин қисмҳои эҳтиётӣ ба онҳо.
Қобили зикр аст, ки дар рейтинги Форуми ҷаҳонӣ оид ба рақобатпазирӣ дар бахши туризм Тоҷикистон 12 зина мавқеашро беҳтар карда, миёни 136 кишвари ҷаҳон мақоми 107-ум (рейтинги пешин - 119-ум)-ро касб кард.