Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар нахустин иҷлосияи парлумони нав-даъвати ҳафтум, ки пагоҳ 19-уми март, соати 10:00 баргузор мешавад, ширкат мекунад. Дар ин бора як манбаъи “Азия-Плюс” аз парлумон хабар дод.

Манбаъ гуфт, ки ҷаласа бо ширкати аъзои парлумони нав ва бархе вакилони ҳамакнун собиқ соати 10:00 дар бинои нави парлумон баргузор мешавад. Тибқи низомнома ҷаласаи якуми парлумонро куҳансолтарин вакил бояд боз кунад. Ҳоло маълум нест, ки аз вакилони нав куҳансолтарин кӣ аст.

Қаблан, фармони Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баргузории иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум дар рӯзи 19-уми март соати 10:00 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд.

Дар назар аст, ки дар ҷаласаи аввалини парлумон, раис, муовини якум, муовини раиси маҷлис ва роҳбарони кумитаҳову комиссияяҳо низ интихоб гарданд.

Интихоботи парлумонии Тоҷикистон, ки 2-юми март баргузор гардид, бо ғалабаи комили Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон поён ёфт. Ин ҳизб дар ҷамъ аз 63 курсии парлумон 49 кирсиро соҳиб шуд, ки ин ду курсӣ бештар нисбат ба парлумони даъвати пешин аст.

Ҳизби аграрии Тоҷикистон 7 курсӣ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон 5 курсӣ, Ҳизби демократи Тоҷикистон ва Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон яктогӣ курсии парлумонро соҳиб шуданд. Натиҷае, ки панҷ соли пеш ҳам сабт шуда буд.

Ҳизби коммунистии Тоҷикистон бори аввал натавонист ҳеҷ курсиеро дар парлумон соҳиб нашуд. Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар интихоботи парлумонӣ иштирок накард ва сабаби иштирок накарданашро ҳам шарҳ надод. Ин ҳизб ҳарчанд солҳои пеш дар интихобот иштирок мекард, аммо ҳеҷ гоҳ соҳиби мандат нашудааст.

Имсол нозирони САҲА аз назорат ва чанд расонаи мустақили дохилӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла “Азия-Плюс” Радиои Озодӣ ва BBC аз бозтоби интихоботи парлумонӣ маҳрум шуданд.

Дар ин матлаби “Азия-Плюс” дар бораи кӣ ва аз кадом ҳизбу ҳавза вакили парлумон интихоб шуд, хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.