Дар ҷаласаи Фонди идоракунии амволи давлатии Қирғизистон раиси ширкати «Қирғизтелеком» Нурлан Мадаминов изҳор доштааст, ки ширкатҳои фароҳамсози интернети Тоҷикистон - «Телеком Технолоҷи» ва «Сатурн-Онлайн» барои хизматгузории интернет аз ин ширкат 1 млн. 349 ҳазор доллар қарздоранд. Дар ин бора Азаттик хабар медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми қарзи «Сатурн-Онлайн» 662,6 ҳазор долларро ташкил дода, суди байнулмилалии ҳакамӣ ширкати тоҷикистониро ба пардохти қарз уҳдадор кардааст, вале «ҷониби Тоҷикистон ба иҷрои қарори суди ҳакамӣ шитоб надорад».

«Дар ин робита ширкат боисрор дархост мекунад, ки ин масъала аз ҷониби ҳукумати Қирғизистон бо ҳукумати кишвари ҳамсоя баррасӣ шавад», - гуфтааст Мадаминов.

Зикр гардидааст, ки ҳаҷми қарзи дигар ширкати фароҳамсози интернети Тоҷикистон - «Телеком Технолоҷи» ба 687 ҳазору 219 доллар баробар буда, «Қирғизтелеком» аз рӯи ин масъала ба суди байнулмлалии ҳакамӣ даъво пешниҳод кардааст.

ҶСК «Қирғизтелеком» яке аз ширкатҳои бузургтарини ин кишвар дар соҳаи телекоммуникатсия буда, зиёда аз 450 ҳазор муштарӣ дорад. 78%-и саҳмияҳои ширкат ба Фонди идоракунии амволи давлатии Қирғизистон, 12% - ба Фонди иҷтимоӣ ва 10%-и саҳмияҳо ба шахсони хусусӣ тааллуқ доранд.