Шоми 15 май як наврас дар Ҳисор ҳангоми оббозӣ ғарқ шуд. Ҷасади ӯро субҳи имрӯз дарёфт кардаанд. Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин ҳодисаи фоҷеабор дар дарёи Хонақоҳ рух додааст.
“Рӯзи 15 май ҳангоми оббозӣ дар дарёи Хонақоҳ навраси 13-сола, сокини шаҳри Ҳисор ғарқ шуд. Кормандони шуъбаи КҲФ дар шаҳри Ҳисор дар ҳамдастӣ бо аҳолии маҳаллӣ субҳи имрӯз, 16 май ҷасади наврасро 1 километр поинтар аз ҷойи ҳодиса дарёфт намуда, ба мақомоти дахлдор супурданд”, - хабар доданд дар Кумита.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода чандин маротиба ба аҳолӣ муроҷиат намуда, изҳор дошта буд, ки мавсими оббозӣ ҳоло боз нашудааст ва волидонро ба ҳушёрӣ ва назорати кӯдакон даъват кард.
Аммо, сарфи назар аз ин, қариб ҳар рӯз дар бораи ҳодисаҳои фоҷеабор дар обанборҳои тамоми қаламрави кишвар, ки дар онҳо кӯдакону наврасон ҳузур доранд, хабарҳо мерасанд.
Дар ин робита, Кумита бори дигар аз волидон боисрор хоҳиш мекунад, ки кӯдаконро бе назорат нагузоранд, ба онҳо пайомади эҳтимолии риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар обанборҳо ва риояи қатъии онҳоро фаҳмонанд.