Бино ба маълумоти КҲФ Тоҷикистон, тайи шабонарӯзи гузашта дар қаламрави вилояти Хатлон ду ҳодисаи нохуш рух дода, яктоаш фоҷеабор анҷом ёфт.
“Рӯзи 5 май сокини 47-солаи деҳаи Питови ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ба дарёи Яхсу афтода, ғарқ шуд. Ҷасади мардро сокинони маҳаллӣ дарёфт намуда, ба хешовандонаш додаанд”, - иттилоъ медиҳад Кумита.
Ҳодисаи дигари нохуш дар деҳаи Сиёҳфарқи ҳамин ноҳия рух дода, ҳангоми ҷамъоварии растаниҳои доруворӣ сокини маҳаллӣ ба ҷарӣ афтодааст. Ӯ ҷароҳат бардошта, дар бемористон бистарӣ шудааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бори дигар боисрор аз аҳолӣ даъват мекунад, ки мувофиқи имкон аз сайру саёҳат дар кӯҳҳо, ҷамъоварии занбурӯғ, гиёҳу растаниҳои доруворӣ, ҳезум, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ варзида, огоҳӣ ва тавсияҳои мақомоти салоҳиятдорро ба инобат гиранд.
Ёдрас мекунем, ки бино ба маълумоти обуҳавошиносон, дар робита ба боришоти пуршиддат дар дарёҳои Яхсу, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва рӯдхонаҳои доманакӯҳи қаторкӯҳи Ҳисор сатҳи об боло рафт.
Имрӯз, 6 май сарфи назар аз ҳавои офтобӣ, дар аксари ноҳияҳои тобеи марказ, ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳи вилояти Суғд, баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон (Ховалинг, Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин, Балҷувон, Кӯлоб, Восеъ, Ёвон ва Хуросон), инчунин ноҳияи Дарвози ВМКБ омадани сел дар назар аст.